СУХАНЕ ЧАНД АЗ МАРГИ ЛЕНИН

Инак аз мамоти доҳии пролетариати дунё Владимир Илич Ленин (Улянов) 100 сол пур шуд. Сад сол аст, ки аз марги ӯ, сабабу бемориҳояш мегӯянд. Аммо ин ҳанӯз охири кор нест. То солҳои 90-уми асри гузашта сабаби даргузашти доҳиро дар иллати мағзи сар медонистанд. Бо фурӯпошии СССР (ҳамон давра низ) ҳарифон ва душманони сохти шуравӣ сабабҳои дигареро низ овозаю дарвоза карда буданд.

Бо гузашти 100 сол ҳоло ҳам аз баъзе ҳуҷҷатҳо муҳри махфӣ бардошта нашудааст. Вориси СССР – Федератсияи Россия то ин дам қонуну қавоиди махфиёти бойгониро сад дарсад иҷро мекунад. Ҳуҷҷатҳои ба бемориву марги Ленин марбутбуда, бо хоҳиши ҷиян (духтари хоҳар)-и В.И. Ленин, бону О.Д. Улянова, минимум то соли 2024 он махфӣ мемонад. Ин тарафаш ба ихтиёри ҳукуматдорони Россия вобаста аст.

 

МАРГ

Владимир Илич Ленин дар 53-солагӣ, 21 – уми январи соли 1924 соати 18:50 дар работ (усадба)-и Горки, уезди Подолск, губернияи Москва (ҳоло ноҳияи Ленини вилояти Москва) ба дори дунё пайваст.

Ҷаноза (маросими дафн)-и доҳӣ 27-уми январи соли 1924 баргузор гардид.

 

БЕМОРИИ ЛЕНИН

Зимистони солҳои 20, 21,22 Владимир Илич худро бад ҳис мекард. Дарди сар, кам гаштани фаъолияти корӣ (неру) доҳиро сахт дар таҳлука мононда буд.

Аниқ дар ёдам намонда, ба андешаам дар ҳамин давра Владимир Илич ба Сталин гуфта буданд, ки мумкин охири кори ман ба паралич (бемории фалаҷ) анҷом мепазирад ва аз Сталин ваъда гирифт, ки дар он сурат вай дар пайдо кардан ва ба ӯ (Ленин) додани сианисти калий кумак мекунад.

Ин аз суханони наздикони доҳист на каси дигар.

 

Воқеанома

25.5.1922. Ленин ба шиддати дарди якум гирифтор шуд.

30.5.1922. Ҳини гапзанӣ бо Сталин доҳӣ заҳр дархост, аммо наздикон Ленинро ба гирифтани табобат розӣ кунонданд. Барои табобати сардори Ҳукумати Советӣ мутахассисони варзидаи олмонӣ оид ба бемориҳои асабро даъват намуданд.

Декабри 1922 – январи 1924. Духтури табобаткунандаи доҳӣ невропатолог Отфрид Фёрстер буд (то дами марг). Ҳамчунон дигар духтурон – невролог Василий Василевич Крамер, Алексей Михайлович Кожевников ва Виктор Петрович Осипов дар табобати Ленин ҳозир буданд.

2.10.1922. Ленин ба кор баромад. Охирин суханронии умумии Владимир Илич     20.11.1922 дар пленуми Моссовет баргузор шуд.

12.12.1922. Ленин охирин маротиба дар Кремл кор кард.

16.12.1922. Ленин бори дувум инсулт (сактаи майна) бо параличи тарафи рост гирифтор шуд. Аммо, он ба гуфтаи духтурон ба қобилияти фикрронии доҳӣ халал ворид насохт. Духтурон ва масъулон хабаргириро ба роҳбарони ҳизбӣ (ягон нафар) манъ карданд.

В.И. Ленин ёддошту мақолаҳои марбут ба корҳои ҳизбиро ҳамоно дикта мекард…

9.3.1923. Ленин инсулт (сактаи дил)-и савум ва охиринро гирифт. Дар натиҷа доҳӣ аз гуфтор монд. Ҳарчанд баъди он вай боз 10 моҳи дигар зист. Дигар вай коре накард.

17.3.1923. Доҳӣ боз ба воситаи Н.К. Крупская аз Сталин сианисти калий дархост.

 

ТАМОМАН МАХФӢ

Ба Зиновев, Каменев

Ҳозиракак Надежда Константиновна (завҷаи Ленин) маро назди худ хонда, аз тартиби махфӣ хабар дод, ки Илич дар ҳолати «мудҳиш» қарор дорад. Хуруҷи беморӣ ӯро азоб медиҳад. «Намехоҳад ва боқӣ наметавонад. Талаб дорад, ки ба ӯ сианисти калий биёранд…

Сталин.

 

Хроника

15.5.1923. Бинобар сабаби беморӣ доҳиро ба мулки наздимаскавии Горки оварданд. Аз 12-уми марти соли 1923 бюллетени саломатии Ленинро ҳамарӯза дар матбуот чоп мекарданд.

18-19 октябри 1923. В. И. Ленин охирин бор аз Москва дидан кард.

Январи 1924 ҳолати (вазъи) саломатии Ленин ба якборагӣ бад шуд.

21-уми январи 1924 Владимир Илич Ленин ҷон дод.

 

Дафтари бемор

Аз охири моҳи майи соли 1922 духтурони табобатгари В.И. Ленин В.В. Крамер, В.М. Кожевников ва В.П. Осипов ҳолати саломатии доҳиро ҳамарӯза дар «Дафтари бемор» қайд мекарданд. Ин дафтар то кунун дар намуди папкаи ғафс, бо муқоваи дермантинии маллаҳ, дар ҳаҷми 410 саҳифаи андозаи А4 (дар РГАСПИ) маҳфуз аст. Дар он маълумот дар бораи вазъи бемор, ғизохӯрӣ, бо киҳо вохӯрд, навишта шудааст…

 

ХУЛОСАИ РАСМИИ САБАБИ МАРГ

Солҳои зиёд Ҳукумати вақти СССР бовар мекунонданд, ки бемории Ленин кори аз ҳад зиёд (аз ақл берун) ва оқибати суиқасди 30-юми августи соли 1918 мебошад…

Гирди ин мавзуъ гапу калочаҳои зиёдест, ки охир надорад ва мо аз овардани баъзеи онҳо худдорӣ мекунем…

Аз ҳама овозаи зиёд версияи заҳрхӯронӣ аст. Гӯё, ки Сталин доҳиро заҳр хӯронда бошад. Солҳои 90-ум дар матбуот оид ба он ки Сталин ва Генрих Ягода ба доҳӣ заҳр додаанд, овоза доман паҳн кард.

Маводи вобаста ба таърихи бемории В.И. Ленин дар давраи экспертизаи соли 1970 нишон дод, ки ин гап мутлақо дурӯғ аст. Варианти бад шудани саломатии доҳӣ баъди суиқасди 30-юми августи соли 1918 дар заводи Михелсонро низ, ҳайати комиссия инкор карданд…

 

БАЪДИ МАРГ

Аз роҳбарони болшевикӣ танҳо Бухарин шоҳиди бевоситаи марги Ленин буд. Хабари нахустини фавтидани Ленин дар съезди XI советҳо, 21-уми январи соли 1924 садо дод. Хабарро раиси ВЦИК М.И. Калинин ба вакилон расонд.

Сар аз 21-уми январ дар Горки зиёрати деҳқонон сар шуд. Поезди мотамиро дар вокзали роҳи оҳани Павелетск одамони зиёде истиқбол гирифтанд. Ба гуфтаи Нина Тумаркин аз 23 то 26 январ, то ним миллион одамон аз назди тобути Ленин гузашта, бо доҳӣ видоъ гуфтанд.

Яке аз роҳбарони бонуфузи советӣ Л. Тротский дар ҷанозаи Ленин иштирок накард. Баҳона, ки Сталин ба ӯ рӯзи аниқи ҷанозаро нагуфт. Ин гуфтаи ӯро муҳаққиқон Ричард Пайс ва Иван Тэтчер «ғайриқаноатбахш» ҳисобиданд. Нина Тумаркин наомадани Тротскийро дар ҳолати «депрессия» аз марги Ленин меҳисобад…

 

Хулоса

Ҳамон рӯзҳо ва баъдан ҳам ривоятҳо, гапу гузорҳо, бофтаҳо аз марги Ленин дар дохил ва хориҷи мамлакат доман густурд. Тайи ин муддат ончунон гуфтаанду навиштанд, ки ҳадд надорад. Ин ҷо бо овардани як далел ба ин мавзӯъ ҳусни хотима мебахшем. Ин пораи хулосавиро дар асл пешниҳоди хонанда мекунем.

«Как отмечает в наши дни лично изучивший препараты головного мозга Ленина директор НИИ физико-химической медицины академик РАН Юрий Лопухин, автор книги «Болезнь, смерть и бальзамирование В.И. Ленина»: «Он умер от атеросклероза сосудов головного мозга, это совершенно чётко, других мнений не может быть!».

Вассалом!

 

Умари Шерхон

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube