Медонам, медонам, ки мавзуъи ин рубрика «Ифтихори миллист» ва чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистони азиз. Феҳристи номзадон низ омода аст. Менависем. Мо Метавонем!
Аммо аз барои Худо, ин шабу рӯзе, ки ҷаҳон атрофи номи 1 нафар мечархад, магар мешуд, Трампро ёд наоварду дар бораи ӯ нанавишт? Хонанда маро намебахшид. Боз дар ҳоле, ки ҷаҳониён аз Доналд Трамп умедҳо доранд…
…Усулан Доналд Трамп, аккурат, 4 сол пеш аз қаҳрамони мусбӣ ба манфӣ табдил ёфт. Замоне, ки ҷояшро пиракии дигар, Ҷо Байдени демократ гирифт. Он интихобот дар хотири ҳама ҳаст. Зеро ягона интихоботе гардид, ки бар алайҳи хостаҳо ва раъйу овозҳои интихобкунанда, машинаи ҷангии НАТО номзади тамоман дигарро сари кор оварда, интихоботи Амрикоро дуздид. Чунки Байден ба ормони ҷангҷӯён посухгӯ буд. Ва агар хонандаи некманзар ёд дорад, ҳамон даврон, профессор Ҷумъахон Алимӣ навишт, ки акнун оташи ҷанги демократӣ ва либералӣ аз Осиё сӯи Аврупо хоҳад кӯчид. Зеро таври маълум демократҳои амрикоӣ ортодоксҳои католикиянд ва православҳоро чашми дид надоранд. СССР ҳадс зад, ки ҷанг ба Украинаву Россия доман мезанад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Хуб, ун дигар таърих аст. Минҷумла ин ҳангома низ, ки мардуми ба шӯр омада, ҷонибдорони Трамп, ки худро пирӯзони фиребхӯрда мехонданд, ба Сенати Амрико ҳуҷум карда, хун рехтанд ва ҳабс шуданд. Доналд Трамп интизор меравад, нахустин амре, ки содир мекунад, ин ба озодӣ баровардани ҳамон тарафгиронаш хоҳад буд. Зеро агар ҳамин инқилобчиён намешуданд, имрӯз низ Трамп шаҳди пирӯзӣ намечашид.
Ваъдаи дигари Трам ин ба ҷангу хунрезиҳо хотима бахшидан асту Амрикоро аз 1 кишвари хунхору хунмаст ба давлати пешрафтаи ҷаҳонӣ ва идеолӣ табдил додан. Трамп гуфт:
– Бо интихоб гардидан, ҳатто новобаста ба инаугуратсия, ман қавл медиҳам, ки ҷанги Украинаро дар 1 шабонарӯз хатм мекунам!!!
Аз интихобаш 7 рӯз гузашт. Вале аз сулҳу салоҳ дар ин ҷанг паёме намерасад. Имрӯз тарафгирони Трамп мегӯянд, Доналд ин корро баъди расман аз сари кор рафтани Байден ҳаллу фасл хоҳад кард. Хубббб. Мо саросема нестем. Мебинем. Боз дар мавриде ки бовар дорем, ин ҷанг давомдор хоҳад монд!
Дар ҳар сурат дами онҳое, ки ба Маскав таҳдидҳо доштанд, баъди сари кор шудани Доналд Трамп дарун зад. Дигар Зеленский а ля «Черчилли нав» несту президентони Полшаву Латвияву Литваву Эстония он қадар «ақлаки пешинаву нахӯди пеши қошуқ», бубахшед, актив нестанд. Зеро Трамп ва командааш сареҳатан гуфтанд, ки «кишварҳои карлик (мундуқ), ба мисли Прибалтика, Украина, Финляндия, Полша набояд ба ҷаҳони муосир, ба вежа НАТО амр кунанд, ки бо кӣ ҷанг кунанду бо ким на!».
Трамп фузунтар из ин бар назарест, ки Аврупо бояд сарриштаи кори худро худаш ёбад. Сарварони давлатҳои хурду бузурги Аврупо фаромӯш накардаанд, ки дар даврони президентии қаблии худ, Трамп маблағгузории НАТО, СММ ва тамомии дигар проектҳои аҳдномавии Иттиҳоди Аврупоро қайчӣ зад. Зеро ба ақидаи Доналд «онҳо набояд аз кисаи андозсупорандаи одии амрикоӣ дағдаға кунанд».
Доналд Трамп ҳамзамон фирори Амрикову НАТО аз Афғонистон ва ба дасти толибон додани зимоми ҳукумати Кобулро шадидан маҳкум мекард. Ӯ мегуфт, «агар ман президент мебудам, чунин бешарафона фирор насиби Амрико намегашт». Воқеан ҳам фирори Амрико хеле шармандавор буд. Сари кор омадани толибони аз сиёсату давлатдорӣ фарсахҳо дур, барои иттифоқчиёни НАТО комилан шармандагӣ шуд, ки танҳо бо оғози ҷанг дар Украина онҳо тавонистанд камобеш рӯпуш кунанд.
Ва аммо ин беобрӯӣ аз халқи Амрико пинҳон намонд. Ғалабаи комил ва беназири Ҷумҳурихоҳон дар ин кишвар, аввалан дилсардии мардум аз Ҳизби Демократ, ба вежа худи Ҷо Байден будӣ. Зимнан Трамп на танҳо дар интихоботи президентӣ пирӯз омад, ки дар Сенат ва тамомии штатҳо республикачиён сари қудрат омаданд!!! Интихоботи фавқ, ки Трамп бо бартарияти кулл бар Камала Ҳаррис дастболо шуд, силлие бар рӯи Ҳизби демократ гардид.
Ваъдаи дигари Трам ин мубориза бо муҳоҷирон аст. Ҳаррис чизе дигар наёфта, ин амали Трампро фашизм ва худашро Гитлери амрикоӣ хонд. Вале шумо натарсед! Ба муҳоҷирони Тоҷик, ки грин-корт буридаанд, депорт таҳдид намекунад. Доналд бо иммигратсияи ғайриқонунӣ, афроде, ки тариқи марзшиканӣ ба Амрико омадаанд, ҳарб хоҳад кард. Воқеан ҳам ман «Амрикоро кашф намекунам», агар гӯям, ки тариқи иммигратсияи ғайриқонунӣ ҳазорон-ҳазор тоҷику узбеку қазоқу қирғиз низ ба Амрико рафтаанду мераванд. Ҳоли ана ин «бачаҳако» бад мешавад. Зеро Трамп ният дорад, ба таври бесобиқа қонун дар бораи ихроҷ, депортатсияи гӯшнавозро дар кишвараш ҷорӣ кунад. Ана он вақт воқеан ҳам ҳоли Тоҷикон низ дар Амрико бадтар мегардад.
Ва аммо ваъдаи бузурге, ки амрикоиҳоро ба Трамп мойил карду ба ӯ овоз доданд, ин шуд, ки ӯ гуфт, Амрикоро дубора кишвари бузурги иқтисодӣ мекунад!!!
Барои посух бар ин суол, ки «метавонад мӣ?», аввалтар аз ҳама бояд донем, ки худи Трамп кист?
Доналд Трамп яке аз сарватмандтарин одамони кураи Замин буда, 30 сол аст, ки дар гурӯҳи 30-нафараи журнали Forbes – Форбес қарор дорад.
Forbes сарвати ӯро 3,7 млрд доллар, Fortune — $3,9 млрд ва Bloomberg — $3 млрд гуфтааст. Минҷумла:
- даромад аз бизнеси меҳмонхона, майдонҳои голф – $615 млн.
- Гонорар аз китоб ва ҳуқуқи муаллифии имзояш – $10,2 млн.
- Даромад аз Бренди “Мисс Олам” — $49 млн.
- Аксияҳо — $61 млн.
- Ангурбоғ- $6 млн.
- Самолетҳо — $58 млн.
- Моли ғайриманқул (недвижимость)- $1 млрду 337 млн то 2,5 млрд доллар…
Яъне Доналд Трамп бизнесмени муваффақ аст ва медонаду метавонад чӣ кор кунад, то ҳаёти 1 амрикоии одӣ беҳтар шавад.
Банда дар соли 2018, ҳини сари кор будани Трамп дар Амрико будам. Ва дар марвиде, ки зери пропагандаи якҷонибаи ВАО-и Россия, дар бораи ӯ, дар кишвари мо низ аниқ…доту латифаҳо мечархиду худашро 1 фарди бадахлоқу бесавод медонистем, ман бо чашми сар дидам, ки Доналд Трампро халқи Амрико хеле дӯст медорад. Зеро ӯ аввалан маоши моҳонаи синфи миёнаро боло бурд ва сипас андоз аз ҳамин маошро кам кард. Барои 1 инсони миёнаҳол аз ҳама чӣ муҳим аст? Маоши баланд ва андози кам. Зимнан Трампро хелеее дӯст медоштанд.
Интихоботи рабудашудаи соли 2020 бошад бар муҳаббати мардум афзуд. Акнун ҳар амрикоӣ фикр мекард, ки “Робен Гуд”-ро ҳизби демократ аз ӯ ситонидааст. Сабаби асливу усулии шикасти сахти Демпартия, Камала Ҳаррис ва Ҷо Байден низ ана ҳамин буд. Бо халқ шӯхӣ накунед!-ин ҳушдор ба дилхоҳ сиёсату сиёсатмадор аст!!!
Дигар таблиғу ташвиқу дашному ҳақорати Иттиҳоди Аврупо ба гӯши ин мардум намерасид. Воқеан ҳам ин сақатгӯӣ дар Аврупои “либерал” то лаҳзае давом кард, ки натоиҷи аввалини интихобот фош шуд. Ва ана баъд маъракаи бузурги “подхалимизм дар сатҳи давлат” дар Иттиҳоди Аврупо шуруъ шуд. Аввалин шуда Зеленский, ки ҳамагӣ 1 рӯз пеш дуои баде мекард дар ҳаққаш, ба мадҳи Трамп шуруъ карду Туску Шолтсу Макрон парчами “подхалимиро аз пасаш бардоштанд”. Дар ин миён, ягона нафаре, ки ҳатто сари қудрат будани Ҷо Байден танҳову танҳо Трампро эътироф мекарду зуҳурашро фоли нек барои Сулҳ дар Аврупо мехонд, Виктор Орбан-президенти Маҷористон (Венгрия) будӣ, ки ҷавонмардиву якрӯягӣ ҳалолаш бод.
Ва аммо бо ин ҳама шодиву нишоти аҳли башар, гумон аст, ки Доналд Трамп миссияи Исои писари Марямро бар дӯш гирифта омада бошад. Таври маълум, Исо бояд Даҷҷол (дявол)-ро кушаду инсониятро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Трамп низ дар назари аксарият чунин метобад. Боз дар мавриде, ки ҷангҷӯёни аврупоӣ сумбулаи Даҷҷол (дявол)-ро бардошта мегарданд. Вале мову ту хонанда саросема намешавем. Ку бинем, Доналд аз чӣ корро сар мекунад:
– Агар ба Путин Қриму Донетску Луганскро бахшад, Кремл шояд аз ҷанг даст кашад.
– Агар танҳо Қримро бахшаду талаб кунад, ки Луганску Донетск ба Киев бозгардад, гумон аст ВВП розӣ шавад. Зеро дар ин сурат тамомии ин шӯру мағали 3 сола ба ҳеҷ баробар мешавад.
– Манофеъ ва назари Киевро намепурсад. Зеро бо ҳама бузургтарошӣ режими Киев лухтаке беш дар дасти НАТО ва Амрико нест. Чизе гуфтанд ҳамонро мекунад…
Зимнан шахсан ман бовар надорам, Трамп ба ин ҷанг оҷилан нуқтаи бузург мегузорад. Ҳарчанд бар боварам, ки лигоми Зеленскийро сахтакак хоҳад кашид. Вале дар сурати хатми ҷанг дар Украина, мутмаинан Исроилу Амрико ва НАТО Эронро мушакборон мекунанду ҷанг сӯи Хитой кӯч мебандад.
Ин фарзияе беш нест. Мутаассуф, аксарияти фарзияву пешгӯиҳои СССР ҷомаи амал мепӯшанд. Напӯшанд мо хурсанд мешавем. Мо Метавонем!