ТУРСУНЗОДА: БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ АЗНАВСОЗӢ МЕШАВАД

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзодабо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру таҷдид мешавад.

То ба имрӯз дар Беморхонаи марказии ш.Турсунзода, ки аз 3 ошёна иборат аст, намои беруни бинои беморхона дигаргуна ва тамоми дару тирезаҳо иваз карда шуда, фарши дохили шуъбаҳои беморхона ва долону роҳравҳои он сафолакпӯш шуданд. Шуъбаҳои таваллудхона ва амрози занона пурра аз таъмир бароварда шудааст.

Бояд гуфт, ки Беморхонаи марказии ш.Турсунзода дорои 570 кат буда, яке аз калонтарин беморхона дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

О.Достиева, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube