ВВП №5

«Китоби дӯстдоштаи ман «Стихи Хайяма» мебошад. Дар ҳама ҳолат ин шоир ба ман кумаки равонӣ ва руҳӣ мерасонад. Ба шумо ҳам тавсия медиҳам: Хайёмро хонед!!!»

 Путин В.В. дар дидор бо сиёсатмадорону фарҳангиёни ФР

Ин, ки ВВП ҳаводор ва мухлиси шоири Тоҷику форс Умари Хайём аст, ҳама медонад. Вале ин, ки Путин дар маъракаи интихоботии навбатии барои худаш №5 иштирок мекунад ва ё на, то ҳамин ҳафта норавшан буд. Ну, типа, норавшан буд. Зеро ҳама медонист, ки ВВП бояд ба ин маърака омезад. Дар сурати акс ӯро… ҳабси Гаага интизор аст, суди байнулмилалие, ки танҳо барои душманони Ғарб сохта шудааст. Вагарна дар толори ин маҳкама кайҳо дастандаркорони қатли омми Хиросима ва Нагасаки менишастанду ин суди «одил» ба ҳабси Бенямин Натаняҳу-қотили 18000 фаластинии мулкӣ дастур медод…

Хуб, ин мавзуи дигар аст. Ҳоло баргардем сари ВВП №5…

31.01.1999. Зуҳури Путин, расо 24 сол пеш, дар шаби Соли нави григориянӣ, ҳангома чӣ, ки вулқонеро монд. Зеро то ҳамин соат ӯро касе намешинохт. Ту дониву Худо, хонанда, то 1 январи 2000-ум ту, оре маҳз туе, ки фикр дорӣ, «наход СМ маҳз маро дар назар дошта бошад?», Путинро мешинохтӣ? Албатта неъ. Зеро КэГэБэшникҳои шуравӣ ана ҳамин хеле мардуми сиррӣ буданд.

Аз зиндагиномаи ВВП:

Владимир Владимирович Путин (тав. 07.10.1952Ленинград, РСФСР, СССР) — ходими давлатии Русияпрезиденти амалкунандаи Федератсияи Русия аз 7 майи соли 2012. Аз соли 2000 то 2008 — президенти дуюми Федератсияи Русия. Дар солҳои 19992000 ва солҳои 2008 то 2012 — сарвазири Федератсияи Русия. Вазифаҳои директори Хадамоти федеролии амниятӣ аз соли 1998 то 1999 ва котиби Шурои амнияти ФРро дар соли 1999 ба уҳда дошт.

Ин хабари фишурдае дар интернет дар бораи нафарест, ки ҳадди ақал 3 соли ахир чеҳраи хабарсозтарини олам аст! Ва агар андаке жарфтар таҳқиқ кунем, маълум мешавад, ки ВВП дар оилаи интернатсионал ба дунё омадааст. Падараш Владимир Спиридонович Путин (23.02.1911 — 02.08.1999) ва модараш Шеломова Мария Ивановна, баъди никоҳ Путина, (17.10.1911 — 06.07.1998) коргарони одӣ буда, блокадаи Ленинградро паси сар кардаанд. Владимир дар оила писари сеюм буд — ӯ 2 бародари калон дошт, ки то таваллуди вай мурдаанд: Виктор (1940—1942) ва Алберт (то Ҷанги Бузурги Ватанӣ).

ВВП соли 1975 факултаи ҳуқуқи ЛГУ (Ленинградский Государственный Университет)-ро хатм карда, солҳои тулонӣ дар суфуфи КГБ СССР, ба вежа дар Германия кор кардааст. Ин аст, ки немисиро хуб медонад. Баъди бозгашт ба СССР, то соли 1991 дар ҳамин Университет ба ҳайси мушовири ректор кору фаъолият мекунад. Дар ҳамин солҳо Медведев Дмитрий Анатолевич, шогирди сарсупурдааш, ин факултетро хатм мекунад. Сипас ВВП ба ҳайси мушовири Анатолий Собчак-мири Санкт-Петербург, ки ҳамзамон омӯзгори мо дар ЛГУ буд, ба кор медарояд. Воқеан ҳам ману Акбари Саттори раҳмативу Равшани Махсумзоду Мухтори Абдулло ва Амрихудо Низомову Абдухолиқ Давлатов замоне ба кружоки «демократии Собчак» шомил будем ва ҳини интихобот ба ӯ кумак мерасондем: аз мӯр мадад гуфтаанд – Анатолий Собчак ҳама донишҷӯёнро арҷ мегузошт ва ба дилхоҳ саволи бо ва бе маънии мо посухи дурусту саҳеҳ медод. Ба 1 ҳарф: Собчак ва командааш намоди озодӣ, демократия ва поквиждонии интеллигентсияи шуравӣ буданд дар он солҳо…

ВВП баъди дар даври 2, дар соли 1996, шикаст хӯрдани Собчак дар интихоботи Ленгорсовет ба Москва омада, ба ҳайси муовини сардори раёсати коргузории дастгоҳи иҷроияи Елтсин пазируфта шуд. Баъдан карйераи Путин чун барқ боло ҷаҳида, курсиҳои Шурои Амният ва ФСБ-ро гузашта, 16.08.1999 сарвазири Россия таъин гардид. 31.12.1999 ба таври ногаҳонӣ ва сенсатсионӣ Елтсини бадмаст, ки Россияро ба вартаи нестӣ оварда буд, дар баромади табрикоти солинавияш истеъфо дода, ба ҷояш Путинро и.в. Президенти ФР эълон намуд.

26.03.2000. ВВП дар интихоботи президентӣ пирӯз омад. Ин нахустин ғалабааш дар ин маърака шуд. Сипас дар соли 2004 боз ҳам барандаи курсии президентӣ шуда, Россияро ба сатҳи нави рушд баровард. Россия танҳо дар даврони роҳбарии Пётри Кабир ва Сталини Оҳанин ба чунин марҳалаи рушд расида буду бас!

Дар соли 2008, ки тибқи Конститутсия ВВП илоҷу имкони ширкат дар интихоботро надошт, ба ин курсӣ шогирди содиқаш Дмитрий Медведев баргузида шуд. Вале таври маълум Россия маҳз бо муштҳои оҳанини ВВП роҳбарӣ мешуд.

08.08.08. Бар асари ҷанги 3 рӯза Россияи Медведевӣ, ки дар асл ба ин амалиёт ВВП роҳбарӣ мекард, пуху прахи Мишка Саакашвилиро бароварда, Осетияи Ҷанубиро ба ҳайати худ даровард. Ин ҷанг бо шикасти бебозгашти Гурҷистон, шармандагии Саакашвилӣ ва галстукхӯрии Михаил дар ёдҳо мондааст. Воқеан ҳам Саакашвилӣ, ки проекти Ғарб буд, ҳоло дар зиндони Гурҷистон мепӯсаду касе ба додаш намерасад, зеро Ғарб ҳоло проекти нав дорад-Зеленский. Вале ин ҳам мавзуъи тамоман дигар аст…

Дар арафаи интихоботи соли 2012, Россия ба Сарқонуни худ тағйирот ворид кард. Минбаъд президенти тозаинтихоб на 4 сол, ки 6 сол ва барои 2 даъват, ҳукм меронд. Ба таври «совсем ногаҳонӣ» Медведев-президенти амалкунанда аз интихобот сар печид ва номзадии Путинро дастгирӣ намуд. Дар 2 интихоботи пайиҳамӣ, дар солҳои 2012 ва 2018 ВВП ғолиб омад. Соли 1997 ВВП баъди Сталин нафаре шуд, ки аз ҳама бештар дар раъси давлати Россия + СССР қарор доштааст. Ӯ расо 20 сол шуд, ки и.в. ва сипас Президенти ФР мебошад ва агар умр вафо кунаду тақдир рост ояду «мабодо» дар интихоботи навбатӣ пирӯз шавад, то соли 2030 сарвари ин кишвар мешавад ва зимнан Сталинро низ паси сар мегузорад!

08.12.2023. Дар дидор бо Қаҳрамонҳои ҷанги Украина ВВП изҳор дошт, ки ҳамакнун тасмими охирин гирифт, дар интихоботи навбатии президентӣ, ки қарор аст дар таърихи 15-17 марти соли 2024 баргузор гардад, ширкат варзад.

Ин тасмимро пас аз пешниҳоди Артём Жога-садри парлумони ДНР (дар Тоҷикистон ин ҷумҳурӣ шинохта нашудааст), гирифт. Ахирӣ гуфт (нутқро бо забони асл меорем, зеро хонандаи мо русиро, чун забони №2 дар кишвар роиҷ, мефаҳмад):

– Я в лице всего нашего народа, нашего Донбасса, присоединенных земель, хотел попросить вас принять участие в этих выборах. Благодаря вашему решению мы получили свободу и право выбора. И мы хотим принять участие в выборах президента Российской Федерации. И вы — наш президент.

Путин дар посух ба Жога, ки чанде пеш писарашро дар ҷанг аз даст додааст (қаҳрамон баъд аз марг), гуфт:

Не буду скрывать, в разное время были разные мысли, но сейчас такое время — я буду баллотироваться!!!

…Ин тасмими №5-уми ВВП аст, ки ният дорад, боз ҳам сари курсии №1 дар Кремл такя занад. Дмитрий Песков, ки гуфт ин амал барояш тамоман ғайриинтзор буд, қаблан ба суоли «Президенти ояндаи Россияро чигуна дидан мехоҳед?», оромона ҷавоб дода буд, ки:

– Таким же, как Путин…

ВВП ҳамакнун дар мавриде ба ин интихобот меравад, ки ЯГОН рақибу ҳарифе дар фосилаи тиррас надорад. Ҳатто тибқи ҳисобу китоби душманонаш ба Путин имрӯз 77% росиявиҳо эътимод доранду 11% на. Ва ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои назарсанҷии дохилӣ 78,5% раъйдорони ФР ҳатман ба ВВП овоз хоҳанд дод.

Мо бошем мунтазири сенсатсия ва ҳангома мешинем, ки дар интихоботи навбатии қарибулвуқуъ дар Россия кӣ…ғалаба не, ҳарифи ВВП шуда метавонад.

Мо метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube