ЁДИ АЗИЗОН

Рӯзгори шахсиятҳои фарҳангӣ мароқангезу ибратомӯз аст. Ҳар яке аз арбобони илму адаб ва фарҳангу ҳунар зииндагии аҷиберо паси сар кардаанду кору осори наҷиберо ба сомон расонидаанд. Дар ин матлаб, ба таври фишурда, мо сари зиндагиномаи 4 абармарди санъат суҳбат мекунем, ки тӯли 1 соли ахири тақвимӣ бо мо падруд гуфтаву бар олами боло пайвастаанд…

  1. Рауф Сангинов

19 июли соли 1937 дар Бухоро дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Падараш Сангинов Рафиқ, лётчик-иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-45 буда, 30 сентябри соли 1941 дар муҳорибаҳои назди Москав дар Подолск қаҳрамонона ҳалок шудааст. Модараш Сангинова Саломат низ иштирокчии ин ҷанг аст. Оилаи Сангиновҳо пас аз анҷоми ҷанг аз Бухоро ба Душанбе мекӯчанд.

Рауф Сангинов соли 1948 ба шуъбаи созҳои тории мактаби мусиқии ба номи П.И.Чайковский дохил шуда, нозукиҳои навозиш дар сози скрипкаро аз бар менамояд. Солҳои 1950-55 дар Хонаи ҷумҳуриявии бачагон, ки баъдтар ба интернат ҳамроҳ карда мешавад, ба тарбият фаро гирифта мешавад. Таҳсилашро дар Омӯзишгоҳи мусиқӣ (ҳоло Коллеҷи ҷумҳуриявии санъат ба номи А.Бобоқулов) дар назди профессор Земел А.И. идома дода, онро соли 1960 бо муваффақият хатм мекунад. Ҳамон сол бо маслиҳати устодаш Земел А.И. ба Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И.Чайковский дохил шуда, онро соли 1967 бо ихтисоси  ромишгарии сози скрипка бомуваффақият хатм менамояд. Дар он давра пайи ҳам Дамир Дӯстмуҳаммадов, Оятбегим Сабзалиева, Заррина Миршакар, Сайфулло Кенҷаев ва Толиб Шаҳидӣ дар ин боргоҳи таълимии сатҳи ҷаҳонӣ якҷоя бо Рауф Сангинов таҳсил доштаанд.

Дастпарварони Рауф Сангинов Таҳмина Исматӣ ва Юлдошева Лола дар Хуҷанд, Алишер Латифзода (композитор) ва Ёдгоров Михаил дар ИМА, Умаров Алӣ дар Канада, Ким Вероника, Белова Люда, Зоидова Назокат, Саидова Гулнора, Мамадгазиева Олесия ва Муллоева Гуландом дар Россия, Мирзоева Юнона дар Туркия, Матхолов Некрӯз дар Полша, Аджиян Сирануш дар Арманистон ба ҳайси омӯзгор ва ромишгар фаъолият доранд. Пайравони дигари ин марди ҳунар Сангинов Маҳмуд, Тоҳиров Искандар, Амонӣ Хиромон, Мақсудов Сино, Файзализода Марҳабо, Иноятуллоева Мавлуда, Сангинов Ҳайдарҷон дар ҳайатҳои ҳунари ромишгарии созҳои тории муассисаҳои театрию консертии пойтахт ба кори пуршарафи мутрибӣ машғуланд. Аз пайвандонашон Маҳмудҷону Ҳайдарҷон ромишгарони мумтози сози скрипка, Рафиқабону пианинонавози чирадаст ва Саидҷони наврас бошад, мутриби сози тории виолончел мебошанд. Дар тӯли собиқаи зиёди кориашон зиёда аз 200 нафар шогирдонро таълим додаанд. Ҳамчунин дар ибтидои фаъолияти меҳнатиашон чанд муддате дар ҳайати оркестри симфонии Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ низ кор кардаанд.

Заҳматҳои бисёрсола ва пурмаҳсули Сангинов Рауф Рафиқович бо нишонҳои сарисинагии “Собиқадори меҳнат”, “Барои меҳнати зарбдор”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” ,  Ифтихорномаҳои вазоратҳои маданияти СССР ва РСС Тоҷикистону дигар созмонҳои умумииттифоқию ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардида,  ғолиби озмуни “Муаллими беҳтарини сол” дар соли 2001 гашта, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2002 бо ордени “Шараф” дараҷаи 2 ва соли 2009 бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.

30 ноябри соли 2022 дили саршор аз меҳру муҳаббат ба санъати Сангинов Рауф Рафиқович аз тапидан боз монд. Инсони шарафманде моро тарк гуфт, ки садоқати беандоза ба касби дӯстдоштааш-тарбияи мутрибони наврас дошту аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузошт…

  1. Бурҳон Муҳаммадқулов

Реҳлати шахсияти кору пайкораш басо арзишманди мо, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, профессор Муҳаммадқулов Бурҳон Хотамович, 1 январи соли 2023, моро дар ғафлат гузошт. Қадами нахустини соли нав ва чунин талафоти бузурге.  Кору осори пурғановати ин марди соҳибному соҳибкасб ва инсони комил дар дилу дидаи мардуми ҳунардӯсти Тоҷикистон абадан боқӣ хоҳад монд. Бурҳон – ака овозхони баноми тоҷик, устоди чанд насли овозхонони академӣ ва сарояндагони анъанавии Тоҷикистон 27 майи соли 1945 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Дилбастагии зиёд ба ҳунари сарояндагии устодон Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Аҳмад Бобоқулов ӯро ба олами пурнафосати санъати сарояндагӣ ҷалб месозад. Барои омӯзиши нозукиҳои ҳунари сарояндагӣ ӯ солҳои 1959-62  дар Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе аввал дар шуъбаи «Шашмақом» ва баъдтар овозхонии академӣ зери парастории устодони бузурги санъати иҷроии устодонаи Тоҷикистон таълим гирифта, дар Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И.Чайковский (1962-67) донишашро такмил кардааст.

Пас аз хатми консерватория ӯ як сол дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ кор карда, партияҳои Колхозчии оддӣ аз «Бозгашт»-и Ё.Сабзанов, Назир аз «Шӯриши Восеъ»-и С.Баласанянро иҷро мекунад. Дар солҳои 1968-69 дар яке аз бузургтарин боргоҳи санъати ҷаҳонӣ-Театри калони СССР – Большой Театр, маҳорати сарояндагиву иҷрокунандагиашро такмил дод. Сипас ба Душанбеи гулободаш, ба театри азизаш бозгашта, зиндагии эҷодиву ҳунарии худро бо он пайваста, ба мисли устодаш А.Бобоқулов дар муассисаҳои таълимӣ ба шогирдону пайравони ҳунараш сабақи аз бар намудани малоҳату фасоҳати санъати вокалиро омӯзанидааст. Дар театр бошад ӯ дар 3 операи композитор Ш.Сайфиддинов партияҳои Миркалон аз «Пӯлод ва Гулрӯ», Рӯдакӣ ва Маҷ аз «Рӯдакӣ» ва Айнӣ аз «Айнӣ», ҳамчунин дар дигар асарҳои репертуарӣ, ба мисли  Олим аз «Лаънаткардаи халқ», Ношинос ва Ҳайдарбек аз «Қишлоқи тиллоӣ», Салим аз «Сарбозони халқ» ва Назар аз «Дугонаҳо»-и Д.Дӯстмуҳаммадов, Юсуф аз «Домоди номдор»-и С.Урбах, Султон аз «Ғуломон», Султонов ва Хуршед аз опереттаи «Духтаре аз Душанбе -и З.Шаҳидӣ, Тазар аз «Парасту»-и Ф.Одина, Шоҳ Ковус аз «Рустам ва Суҳроб»-и Т.Саттор, Амир Наср ва Сарояндаи дарбор аз «Амир Исмоил», Шоир аз «Посбони оташ»-и Т.Шаҳидӣ ва ғ. нақш бозидааст.

Аз байни 100 шогирдаш, муваффақтаринҳояшон Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои озмунҳои байналмилалӣ Акбар Мирраҷабов, Шарофат Усмонзода, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Гулсина Ҷалилова, Қурбонмурод Зокиров, Пайрав Аюбӣ, Манучеҳр Раҳмонов, Фахриддин Фазлиев, Шуҳрат Сафаров, Меҳрнигори Рустам, Евгений Тенгизбайев, Галина Юсупова (Исроил), Оксана Шоповалова ва Мария Шарапова (Россия), Ризвонгули Барот, Пен Дзе Чен ва Дин Жун (Хитой) мебошанд.

Бурҳон Муҳамадқулов дар солҳои гуногун дар барномаҳои даҳаҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина, Белорусия ва Россия иштирок намуда, дар саҳнаҳои бузурги  кишварҳои Афғонистон, Россия, Туркиё, Эрон, Муғулистон, Суриё, Ироқ, Руминия, Германия, Полша, Белорус ҳунарнамоӣ  кардааст.

  1. Шавкат ХАЛИЛЗОДА

Яке аз чеҳраҳои фарҳехтаи санъати таҳиягарии мо ин Шавкат Халилзода мебошад, ки шоми 15 майи соли 2023 ногаҳонӣ, моро ба ғафлат гузоштаву дар ҳасрат монондаву ин ҷаҳонро падруд намуд. Инсоне аз олам даргузашт, ки рӯзгору пайкораш саршор аз корҳои наҷиби таҳиягарӣ буд. Шавкат-ако дар оилаи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ромишгари мумтози созҳои тории дутору рубоб ва актёри хело машҳури замон Муҳаммадҷон Халилов 26 декабри соли 1956 ба дунё омадааст. Дар оилаи ёздаҳнафараи Халиловҳо фарзанди ҳаштум аст. Онҳо дар маҳаллае зиндагӣ кардаанд, ки зиёиёни пешқадами замон маскан доштаанд, амсоли Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Ака Шариф Ҷӯраев, Зиёдулло Шаҳидӣ, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Ҷӯрабек Муродов, Қудратулло Яҳёев. Ба замми ин баҳрамандӣ аз ҳунару истеъдоди ҳунарварони соҳибикроми вақт Тӯҳфа Фозилова, Тӯтӣ Ғаффорова, Мушаррафа Қосимова, Хайрӣ Назарова, Майрам Исоева, Аслӣ Бурҳонов, Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Воҳидов, Гурминҷ Завқибеков, Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов ва даҳҳои дигар наметавонист, ҷавонони онвақтаро ба сеҳри худ накашад. Таъсири мусбати ин фазо дар қалби Шавкати наврас орзуи актёр шуданро ҷой намуд. Ва ин шавқу завқи беандоза Шавкатро ба даргоҳи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода овард.

Сипас дар яке аз маъруфтарин боргоҳи таълимии он даврон-Донишкадаи давлатии театр, мусиқӣ ва кинематографияи Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) таҳсил намуда, аз устодони бузурги санъати касбии таҳиягарии Иттиҳоди Шӯравӣ Товстаногов Георгий Александрович, Сулемов Марк Владимирович, Катсман Аркадий Осипович маҳорати ҳунарӣ ва нозукиҳои касби режиссёриро дар навъҳою самтҳои гуногуни санъати саҳнавии риштаҳои мусиқӣ ва драма аз бар менамояд.

Баъдан чанде ҳамчун актёр ва режиссёри Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи устод Лоҳутӣ ба кори эҷодӣ фарогир шудааст. Дар саҳнаи ин театри машҳур ӯ драмаи тозаэҷоди нависанда Юсуф Акобиров “Лайлатурқадр”-ро таҳия менамояд. Кори ӯ дар ҳамбастагӣ бо муаллиф, рассом, композитор ва актёрон аз шеваи кории пешинаи театр ба куллӣ фарқ мекард. Актёрон гоҳе ӯро намефаҳмиданд. Шавкат услуби “махсуси худро” дар самти пешниҳоди воқеаҳои асар бо усули  “чаппагардон” кардани ҳодисаву воқеаҳо истифода мебурд. Оқибат спектакл таҳия гардид. Сохтори он хело устодона буд. Муваффақият пайдо кард. Аз тавлиду ба воя расидани 1 истеъдоди нави ҳирфавӣ дарак дод.

Пас аз ин бурди эҷодӣ Шавкатро театрҳои дигар ба ҳамкорӣ даъват мекардагӣ шуданд. Дар ин давра ба майдони ҳунари таҳиягарӣ Фаррух Қосимов, Баҳодур Миралибеков, Баҳром Тоҳиров, Султон Усмонов, Давлат Убайдуллоев, Барзу Абдураззоқов ворид шуда, бо навгониҳояшон фазои театриро муаттар менамуданд. Шавкат дар театрҳои драмавӣ, мусиқӣ-драмавӣ ва мазҳакаи мусиқии шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд ва Самарқанд ба ҳайси коргардон ва дар бештари мавридҳо саркоргардон кору пайкорашро идома медиҳад.

Дар баробари фаъолият дар Ватан Шавкат бо ҳамкорони бурунмарзӣ низ 1 кори ниҳоят арзишмандро амалӣ намудааст. Ӯ дар ҳамбастагӣ бо муаллиф ва продюссер Нурлан Қулсариев, композитор Далер Халилов, балетмейстер Гулнора Адамова, рассом Юлдош Нурматов аввалин рок-опера-балети қазоқӣ – “Тақир”-ро саҳнавӣ сохт. Ин асари босо тамошобоби аз лиҳози таҳия ва ороиш ҷаззоб дар Озмуни байналмилалии “Приз традиции”-и Алма-Ато ба дарёфти Шоҳ-Ҷоиза лоиқ гаштааст. Дар идомаи ин ҳамкориҳо ӯ боз дар ин ҷо афсонаҳои мусиқии  “О, Алладин”, “Украшение дракона”-ро пешниҳоди тамошобинон гардонидааст.

Шавкат Халилзода дар Театри Қӯрғонтеппа навгониеро роҳандозӣ намудааст, ки хело ҳирфавӣ ва ва он замон ва ҳатто имрӯз низ беназир арзёбӣ гаштааст, ин ҳам бошад, табодули актёрони Театри Лоҳутӣ ва Театри Қӯрғонтеппа дар спектаклҳои “Авлиё ва Осӣ” ва “Фарёди ишқ” мебошанд. Ҳамин тариқ ҳунарпешаи зиндаёд Шералӣ Абдулқайсов дар намоишҳои Театри Қӯрғонтеппа ва Бурҳониддин Раҷабову Қурбоналӣ Ҳомидов дар Театри Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардаанд. Дар мавриди кор дар болои асари драматурги машҳури белорус А.Дударев Шавкат оғози намоишро дар беруни бинои театри Камоли Хуҷандӣ дар алоқамандӣ бо тамошобинон ва ҳатто роҳгузарон роҳандозӣ менамояд. Ба оҳистагӣ идомаи воқеаҳо дар даҳлез (фойэи театр) пайгирӣ мешаванд. Кулминатсияи намоиш дар толор манзур мегардад. Ин яке аз намоишҳои муваффақи Шавкат дар Театри Камоли Хуҷандӣ буд!

Халилзода Ш.М. барои заҳматҳои шоён ва саҳми назаррасаш дар рушди санъати театрӣ соли 1987 сазовори нишони сарисинагии “Аълочии маданияти Тоҷикистон” , соли 1989 “Аълочии маданияти СССР” ва соли 1990 ба унвони фахрии “Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон” қадрдонӣ мегардад.

  1. Холмаҳмад Маҷидов

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, устоди маваффақи ҳунари ҳамсароӣ, марҳум Холаҳмад Маҷидов 15 ноябри соли 1948 таваллуд шуда, 11 октябри соли 2023, 2 моҳ пеш, аз олам даргузашт.

Фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (1967) ва Консерваторияи давлатии Тошканд (1971) буда, муддате дар ноҳияи Москва (ҳоло Мир Саид Ҳамадонӣ) вазифаи директори мактаби мусиқии ноҳияро ба ӯҳда гирифта, то соли 1975 дар равнақи он заҳматҳои зиёде ба харҷ додааст. Холаҳмад Маҷидовро соли 1975 пас аз муваффақиятҳои беназираш дар омода намудани номераҳои ҳамсароӣ (хорӣ) шаҳру ноҳияҳои гуногун дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Бӯстон” сархормейстери театр Хайқа Муллоқандов барои худ “кашф” намуда, масъаларо дар сатҳи вазорати маданияти Тоҷикистон ҳамаҷониба ҳал карда, ба кори доимӣ ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ даъват мекунад.

Маҷидов Х. аз соли 1975 то 2016 дар вазифаҳои хормейстер, сархормейстер ва директори ин боргоҳи муҳташами санъати академии саҳнавӣ фаъолият намудааст. Зуҳро Алиева, Ирина Колесникова, Ангелика Тиман, Мария Мирзоева, Мунзифа Исоева, Манучеҳр Раҳмонов, Достон Холов, Сафаралӣ Солеҳов дастпарварони “Академияи Маҷидов” мебошанд.

Дар тӯли кор дар театр Холаҳмад Маҷидов дар тамрину омодасозии қисматҳои хории операву опереттаҳои зерини композиторони тоҷик ва классикаи ҷаҳонӣ саҳми басо назаррас гузошта, барои мукаммалтар намудани ҳайатҳои иҷроӣ, ҷилоҳои тоза ба тоза ворид намудан дар номераҳои мусиқӣ-овозии онҳо муваффақиятҳои таҳиявии ин асарҳои саҳнавиро таъмин сохтааст.

Ин ҷо мушаххас мегардад, ки сармутахассисони театр, аз ҷумла Х.Маҷидов барои борҳо, бо ҳайатҳои гуногуни иҷроӣ ва бо диду услубҳои нав ба нави таҳиягарӣ дар репертуари театр ҷойгир кардани операҳои дар олам машҳури классикии “Дон Паскуале” ва “Любовний напиток”-и Г.Донисетти,  “Тӯйи Фигаро”, “Дон Жуан” ва “Реквием”-и В.А.Мотсарт, “Травиата”, “Риголетто”, “Аида”, “Бал-Маскарад”  ва “Трубадур”-и Ҷ.Верди, “Сартароши севилӣ”-и Ҷ.Россини, “Перикола”-и Ж.Оффенбах, “Порги ва Бес”-и Ҷ.Гершвен, “Маритса”-и И.Калман, “Богема”-и Ҷ.Пуччини, “Ширинкорон”-и Р.Леонковалло, “Барони лӯлиён” И.Штраус, “Кармен” ва “Ҷӯяндагони марворид”-и Ҷ.Бизе, асарҳои муаллифони русу советӣ “Евгений Онегин”, “Иоланта” ва “Хонум Пик”-и П.Чайковский, “Княз Игор”-и А.Бородин, “Ромишгарони бременӣ” ва “Хоттабич”-и Г.Гладков, “Офариниши олам”-и А.Петров, “Демон”-и А.Рубенштейн, “Оптимистическая трагедия”-и А.Холминов, “Мотсарт ва Салйери” ва “Реквием”-и Н.Римский-Корсаков, “Парии ҷазира”-и А.Дорогомижский, “Белоснежка”-и Э.Колмановский, “Кулоҳи гӯшакдор”-и Э.Хагагортян,  “Биндюжник и корол”-и А.Журбин (мюзикл), “Севастополский валс”-и К.Листев,  “Алеко”-и С.Рахманинов, “Тоқисурхак”-и М.Раухвергер ва даҳҳои дигар суботкорона заҳмат кашидаанд.

Устод Холаҳмад Маҷидов ин чунин қалами хуб доштанд. Дар мавзӯъҳои мубрами соҳа мақолаҳои зиёди ҷолиби таҳлилӣ иншо кардаву тавассути рӯзномаву ҳафтаномаҳои даврӣ пешкаши мутахассисону масъулони соҳа ва мухлисони санъат гардонидаанд. Бештари онҳоро  дар китобҳои “Маҷмуаи меҳр” ва “Дурахши хуршеди умед”  гирд овардааст. Китоби “Майли гулзор”-и Холаҳмад Маҷидов (такмили сурудҳо барои хори а-КАПЕЛЛА) беҳтарин туҳфа ба ҳаводорони санъати ҳамсароӣ ва маводи беминнати омӯзишии донишҷӯёни соҳа мебошад.

Заҳматҳои бисёрсолаи Холаҳмад Маҷидов дар раванди такомул ва рушди шохаҳои гуногуни санъати мусиқии касбии мо самараҳои хуб додаанду собит намудаанд, ки ин инсони шариф ва марди накуном аз худ мероси гаронбаҳоеро ба мо имрӯзиёну насли фардо боқӣ гузоштааст.

Хонандаи азиз! Ин ҷо то рӯзгора тавонистем “Ёди АЗИЗОН” кардем, китоби рӯзгорашонро саҳифагардон кардем. Аз реҳлаташон ғамгину аз осорашон шодмон шудем. Чӣ талафоти бузурге. Вале чӣ илоҷ, ба гуфтаи шодравон Лоиқи ҳамешаошиқу ҳамешазинда:

        Зиндагӣ боқист, ёрон мераванд,

      Дар шумори бешуморон мераванд…

Олимӣ Зиё Олим,

махсус барои СССР

Аз редаксия: Ин 4 нафар 2 боли фариштаи санъати мусиқаи клоссикии миллиянд. 2 тани ахир, Шавкат Халилов ва Холмаҳмад Маҷидов бо газетаи мардумӣ муносиботи танготанги эҷодӣ доштанд. Ва агар устод Маҷидов матлабу гузоришҳояшонро ба мо пешкашу дар СССР нашр мекарданд, пас  Шавкат-ако, ки бо шӯхӣ сардабири СССР-ро “ҳамшаҳрӣ” мехонд (ҳарду дастпарвари Санкт-Петебурганд), ҳатто арияву симфонияву операҳояшонро барои хондан ва такмилу танқиду тақриз ба мо пешкаш мекарданд. Рӯҳашон шод ва гӯрашон пурнур бод. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube