АЗ ҶОДУГАРӢ ТО ФОЛУ ИДГАРДАК…

 Парлумони кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасӣ намуда, ба он як қатор тағйироту иловаҳо ворид намуд. Пас аз ба тасвиб расидани тарҳи нави ин қонун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси тағийроту иловаҳои нав идгардак дар рӯзи иди Рамазону Қурбон барои кӯдакон манъ карда мешавад. Инчунин, дар маъракаҳои тӯю азодорӣ ҳам маҳдудияти нав ҷорӣ гашта, гуселу пешвози ҳоҷиён, умракунандагон ва пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона манъ хоҳад шуд.

 

Қонун ном иваз кард

Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси Намояндагон Маҷлиси Милии Ҷумҳурии Тоҷикистон итиллоъ медиҳад, нахуст тағийрот ба номи худи қонун ворид гардида,

дар лоиҳа мафҳуми “маросимҳо” ба “маросим”, ки худ шакли ҷамъ аст, иваз, мафҳуми “анъана” хориҷ гашта, акнун Қонун номи нав – “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро гирифт.

 

Идгардак расман манъ шуд

Дар асоси моддаи 9-и лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”.

Тавре Сулаймон Давлатзода, раис Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ гуфтааст, ин тағйирот “бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо” гирифта шудааст.

Тайи 2 соли ахир мавзуи идгардаки атфол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар хеле доғ буд. Газетаи СССР низ аз идгардаки кӯдакон на танҳо дар идҳои Рамазону Қурбон, балки Наврӯз ҳам тарафдорӣ намуда, таъкид медошт, ки табрики ид ва хушҳоливу додани ҳадяи хурд ҳеҷ гоҳ кӯдаки тоҷикро гадо ё талбанда намекунад. Рӯиҳамрафта, идгардаку шодии атфол ба дину мазҳаб бастагӣ надорад, зеро аз кеши Ориёӣ-Авастоӣ об мехӯрд…

 Аммо дигар ба кӣ мегӯй?…

  

Хатнасури хайриявӣ аз байн бардошта шуд

Инчунин, дар асоси моддаи 11 лоиҳаи қонуни мазкур, муҳлати ба таври ройгон гузаронидани хатна дар муассисаҳои тиббии дахлдор аз 20 рӯз ба 1 моҳ баъд аз таваллуд тамдид карда шуд. Бояд гуфт, ки меъёрҳои марбут ба хатнасури хайриявӣ дар ин қонун хориҷ карда шудааст, зеро “хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак хусусияти оилавӣ касб намудаанд”.

Ҳамчунин, дар моддаи 12-и лоиҳаи қонуни мазкур илова ба муқаррароти мавҷуда оид ба тӯйи домодию арӯсӣ, гузаронидани на зиёда аз 2 маърака дар тӯйҳо пешбинӣ гардида, ташкили маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд манъ карда шуданд.

Ба шаҳрвандон тавсия шудааст, ки ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй ба мардум, маблағро барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо сарф намоянд. Ҳамчунин, аз ин ба баъд сокинони кишвар метавонанд, ки барои ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ тариқи электронӣ иҷоза бигиранд.

 

 Ба ҷойи ҳоҷиошӣ – эҳсонкорӣ!

Дар моддаи 13 лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими тӯҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шудааст.

Ба ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои манъшуда имкони анҷом додани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод шудааст.

 

Либоси бегона дигар напӯшед!

Дар баробари тағйироти дар боло зикршуда “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ гардид”.

Газетаи СССР дар масъалаи либоси бегона, ба маротиб афзоиш ёфтани сатрпӯшон дар кишвар, хосса сару либоси сиёҳи арабӣ ба бар кардани пеш аз ҳама бархе мансабдорону раисон ва генералҳои тоҷик борҳо навиштааст. Умедворем пас аз ба тасвиб расидани қонуни мазкур дар шакли нав сатрпӯшони сияҳпӯш аз кӯчаҳои мо дур хоҳанд шуд.

Вале мо пешниҳоди муштаракан судманд дорем:

– зану духтарони мансабдорон, агар бо либоси арабӣ боздошт шаванд, худашон муҷозот ва шавҳару падару модарашон оҷилан аз вазифа сабукдӯш шаванд.

-дар мактабҳои байнулмилалии Душанбе низ ин қонун ҷорӣ шавад ва духтарони кормандони сафорати хориҷӣ (бигзор то мактаб бо дилхоҳ либос оянд, вале) дар мактабу литсейҳои мо либоси ягонаи мактабӣ пӯшанд!!! Зеро фарзи мисол, духтари сафири Тоҷикистон дар Саудӣ ё Эрон наметавонад бо куртаи атласу румоли тоҷикӣ ба мадраса равад. Пас чаро онҳо қонунҳои моро арҷ нагузоранд?

 

Масъулияти имомҳо бештар шуд

Дар моддаи 18-и лоиҳаи қонуни мазкур меъёрҳои марбут ба уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузарондани ҷашну маросим такмил дода шуда, масъулияти сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи қонуни мазкур дар ҳудуди деҳаю маҳали истиқомат ва ё фаъолият афзун карда шудааст.

Дар навбати худ, ба мақоми ваколатдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот имкон фароҳам оварда шуд, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ оид ба таъмини риояи талаботи қонуни мазкур, аз ҷумла пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, ақди никоҳи бармаҳалу ғайрирасмӣ ва қонунвайронкуниҳои дигар дар ин самт, ҷалб намоянд.

Газетаи мардумии СССР дар зимн пешниҳод менамояд, ки ба имомхатибон ва муллоҳои фаоли масҷидҳои панҷвақта маоши муайян ҷудо гардад, то ишон бо ҳукумат ҳамкории зичтареро ба роҳ монанд.

Ҷ. Мақсуд, СССР

 

Дар ҳамин маврид:

АЗ 60 ТО 100 НИШОНДИҲАНДА – ҶАЗО БАРОИ ФОЛБИНӢ

Инчунин, дар ҷаласаи шашум даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Миллии ҶТ, ки 8 май баргузор гардид, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шудааст.

Дар моддаи нав, пешбинӣ шудааст, ки агар сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дар давоми 1 сол аз рӯзи таъйини ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, пас муллои ҷодугар ва ё фолбинзанак ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Моддаи 482 (ҷодугарӣ ва фолбинӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар низ таҷдиди назар шуда, ҳоло ҷарима зиёд шудааст. Инчунин ҷазои алтернативӣ ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Пеш аз ин тағйирот ҷарима аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2880 то 3600 сомонӣ бо назардошти он, ки ҳоло 1 нишондиҳанда ба 72 сомонӣ баробар аст) буд. Дар сурати такрори он дар давоми сол ҷарима то 60-100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (4320-7200 сомонӣ) афзоиш меёбад.

Вазорати корҳои дохилии ҶТ аз ин пештар хабар дода буд, ки афроде, ки ба сеҳру ҷодугарӣ машғуланд, ба муддати то 6 моҳ ба корҳои ҳатмӣ маҷбур карда мешаванд.

СССР боз ҳам пешниҳод дорад, ки дар сохторҳои давлатӣ ва вазоратхонаҳо рейдҳои махсус бо ҳамкории Радиову ТВ-и расмӣ (агар аз шахсӣ ҳазар доред!) роҳандозӣ шавад ва кормандони туморпарасту таштовхӯр, ба вежа онҳое, ки дар оринҷи дасти чап «ҳайкали ҷоду» доранд,  фош ва ба намоиш гузошта шаванд. То дар вазорату ҳукуматҳо решаи ин ҷодупарастиро наканем, коре дар зимн карда наметавонем!

Бовар кунед, ки об аз сар гузаштааст ва мавзуъро мо низ пайгир мемонем. Мо метавонем!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube