АЗ МАСКАВ НАМОНАМ!

Довуд Назиров, сокини ш. Москва, ки айни ҳол ба Душанбе, ба дидори хешу табор омадааст, меҳмони редаксияи СССР шуда, дар бораи нархи маҳсулоти хӯрока дар бозорҳои пойтахт ибрози назар кард.

– Шунидам, ки маоши раисе 3000 сомонӣ аст ва ҳайрон шудам, ки бечора раис бо ин маош чи гуна 1 моҳ зиндагӣ мекарда бошад? Зеро вақте вориди бозор мешавӣ, мебинӣ, ки нархи 1 кг помидор 15 сомониву 1 кг гушт 75 сомонӣ аст. Бовар кунед дар ш.Москва нархи помидор айнан ба мисли нархи бозорҳои Душанбе аст, ҳол он, ки помидори воридотист. Нархи маҳсулот дар бозор 1 тарафи мушкил бошад, паҳлӯи дигараш гаронии нархи ошхонаҳост. Ҳамин рӯз бо бобоям ба 1 ошхонаи миллии тоҷикӣ рафта, 1 бифштексу 1 ролл фармоиш додем. Пешхизмат ба наздамон омада гуфт, ки хӯроки хурдаамон 95 сомонӣ шуд. Маоши бобоям дар 1 моҳ 2000 сомонӣ аст,  агар зарбу тақсим кунем, харҷи бобоям аз маоши мегирифтааш барзиёд мебарояд. Бо ин ҳоли нарху наво беҳтараш аз Маскав намонам!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube