МЕҲРИ ИНСОНӢ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

Матлаби Вазири амният Саймумин Ятимов “Муаллими ман” ин гуфтаҳоро собит менамояд. Дар ҷомеаи кунунӣ ба мушоҳида мерасад, ки муаллим – омӯзгор ҳамеша зери тавҳин, танқид, таҳқир қарор дорад. Ба ҷуз аз масъулияти омӯзгориаш, яъне таълиму тарбияи шогирдон дар мактаб, инчунин корҳои ҷамъиятӣ ба дӯши ӯ сарборӣ гаштааст. Аз қабили пешпардохти сару либоси ягонаи мактабӣ (иҷборан ба дӯшаш бор аст), пули китоб, сарбоз дар мавсими даъват ва даҳҳо масъулиятҳои дигар. Бо вуҷуд мӯҳри хомӯшӣ бар лаб, ба ҳамаи ин бо як сабурӣ, забон зери дандон истодагарӣ мекунад. Дар кӯчаву маҳал низ он қадар иззаташ намондааст. Дар муқоиса ба солҳои пешин ҳар меҳмоне, ки ба деҳа меомад аввал мактабу муаллимро суроғ мекард. Ҳоло на. Ин мавзӯъ доманадор аст. Мехоҳам мақсадамро возеҳтар баён созам.

Саймумин Ятимов дар матлаби иншонамудааш дар хусуси устоди худ он қадар бо ҳарорат сухан намудаанд, ки онро гаштаву баргашта хонда, ба қавле роҳат намудам. Боварнакарданист, ки 1 масъули сатҳу зинаҳои давлатӣ бо вуҷуди масъулиятҳои шабонарӯзии бар зимма доштааш фурсат пайдо намуда, аз муаллими даврони мактабиаш ёд менамояд. Ана инро муҳаббати устоду шогирдӣ мегӯянд, ки ниҳоят омӯзанда аст.

Мо дар ҳаёт ҳамарӯза шоҳиди ҳолатҳое мегардем, ки бархе раисакони навруиди навкиса одоби салом ба ҷой овардан он тараф истад, бо нақлиёти гаронарзиши худ чангу хоки кӯчаро ба сару рӯйи муаллими пиёдаашон пошида, бо виқор гузашта мераванд. Зиҳӣ чунин шогирдоне мисли С. Ятимов, ки омӯзгори худро қадршиносанд. Мо метавонем!

Сайфуллозода Адолат,

сармуҳаррири рӯзномаи “Тахти Қубод”– и н.Қубодиён,

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube