ОИЛА ВА БАЙНАЛМИЛАЛ

Мардум байналмилал гуфта, ҳамаи қавму миллатҳои рӯи замин, аз ҷумла Аврупову Амрикоро мефаҳманд. Аммо чанд факту рақам ва зуҳуроте аст, ки дар ин байналмилал оиларо решакан кардан дорад:
1. Маълум, ки оила аз 2 нафар зиёдро гӯянд. Аммо давлатҳое ҳастанд, ки аз 1 -2 нафар иҷозати фарзанд зодан намедиҳанд. Ҳамчунин баъди ҷарроҳии кесарево тиб иҷозати фарзанди 3-юмро намедиҳад. Худо накунад, дар 1 фалокат чунин оилаҳо барҳам мехӯранд. Ҷарроҳии кесареворо пешравии техникаи тиббӣ маънидод кардаанд, аммо ин пеш аз ҳама зарар ба оила аст.

  1. Тибқи омори расмӣ Русия барин давлати бузург ҳар сол Псков барин шаҳри бузургро аз ҷиҳати нуфус аз даст медиҳад. Созмонҳои ҷамъиятӣ дар Русия бонги хатар мезананд: Оила аз байн меравад, барномаҳои Оила ташкил мекунанд, ваъдаҳо имтиёзҳо медиҳанд, вале натиҷа назаррас нест.
  2. Зуҳуроти нангини ҳамҷинсгароӣ ва иҷозати никоҳи мард ба мард ва зан ба зан ин теша ба решаи оила задан аст. Яъне байналмилал таблиғи ҳамҷинсгароӣ дорад ва боз бешармона Рӯзи байналмилалии оила эълон мекунад.
    Пас мемонад ҳамин оилаи тоҷикона!
    Дар Тоҷикистон гавҳари қимате бо номи ОИЛА ҳифз шуда омадааст. Дар ин ҷабҳа арзишҳои диниву миллӣ ба ҳам омада, сутунҳои оиларо чун кӯҳ ҳифз менамоянд.
    Байналмилал бояд оиладориро аз Тоҷик биёмӯзад. Роҳҳои инкишофи оиларо аз мо бигирад ва дар дунё паҳн кунад. На баракс! Зинда бод оилаи тоҷикӣ! Мо метавонем!!!

Саъдӣ Маҳдӣ,

директори Академияи ВАО

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube