БАРҚ ВА АДОЛАТ

Чаро касе фаъолияти масъулини шабакаҳои барқи ноҳияи Файзободро назорат намекунад? Онҳо кай, ки хоҳанд ба мардум барқ медиҳанду кай, ки хоҳанд қатъ мекунанд. Мо дар сардтарин минтақаи ноҳия зиндагӣ мекунем – ҷамоати «30 солагии Истиқлолият» (собиқ Мискинобод), ки ҳарорати ҳаво нисбат ба дигар мавзеъҳо ҳатман 5-8 дараҷа пасттар аст. Хонаҳо сард, мардум ҳезум надорад, ангишт гарон ва барқ қариб, ки нест, мо барқро дар 1 шабонарӯз танҳо 2-3 соат мебинем…

Аз редаксия: Ҳафтаи равон мо беш аз 20 шикоят вобаста ба иҷро ва риоя нашудани меъёри қувваи барқ дар манотиқи гуногуни кишвар гирифтем ва ин маънои онро дорад, ки воқеан масъулини ширкати «Барқи тоҷик» ва идораҳои тақсимоти барқ дар ҷумҳурӣ бо риоя накардани лимит мардумро саргардон кардаанд. Сардиҳои фасли дай фаро мерасанд ва камчин шудани нерӯи барқ мардумро ба дод меорад. Органҳои назоратӣ бояд сари ин масъала ҷиддӣ андешанд.

Ҳокими Сафар, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи СССР аз н.Файзобод

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube