Деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент мотам дорад. Сокинони деҳа хонандаи синфи 2-и мактаби таҳсилоти ҳамагонии деҳаи Марғедар Ниёззода Тарона Мавлонбекро (с.т. 25.05.2016) ба хонаи охират гусел мекунанд.
Тарона чун садҳо толибилмони ҳадеҳааш ҳар рӯз дар китф сумкаи пур аз китобу дафтар 8 километр (рафту омад) роҳро пиёда тай карда, аз деҳаи Бӯстон барои таҳсил ба деҳаи Марғедар рафта, меомад ва орзу дошт рӯзе дар деҳаи худаш мактаб кушода мешаваду ӯ дар мактаби деҳа таҳсилашро идома медиҳад. Аммо ӯ ин орзӯяшро бо худ ба хок бурд. Зеро санаи 30-юми октябр ҳангоми баргаштан аз мактаб, дар ҳудуди деҳаи Марғедар мошине дар роҳ Таронаро пахш карду ӯ дар беморхона фавтид. Танҳо соли равон ин сеюмин садама аст, ки дар он маҳз хонандагони ин деҳа зиён мебинанд ва бадбахтона садамаи сеюм бо фоҷиа анҷом ёфт.
Деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент соли 1997 таъсис ёфта, дорои беш аз 250 хоҷагӣ буда, қариб 400 талаба дорад, ки наздик ба 300 нафари онҳо дар мактаби деҳаи Марғедар ва боқимонда дар мактабҳои деҳаҳои Гулистон, Ғазза ва Шашқати нав таҳсил мекунанд. Зеро бо гузашти 27 сол мушкилоти бемактабии ин деҳа ҳал намешавад ва 400 нафар хонандагон 7-8 километр роҳро пиёда тай намуда, ба мактаби деҳаҳои дигар барои таҳсил мераванду меоянд. Мардум ҳамеша то ба хона расидани кӯдакон хавотирӣ мекашанд, зеро борҳо ҳодисаҳое шудаанд, ки дар роҳ ба кӯдакон сагҳои дайду ҳуҷум кардаву чанд нафар ҷароҳат ҳам бардоштаанд.
Аз Ҳукумати шаҳри Панҷакент ҳанӯз соли 2010 хабар дода буданд, ки мактаби деҳаи Бӯстон ба лоиҳаи иншооти шаҳрӣ дохил шуда, соли 2011, яъне дар ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳа соҳиби мактаб ва 6 синфхона мегардад. Инак аз он ваъда 14 сол сипарӣ шуд. Умедворем Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода барои бунёди мактаб дар ин деҳа замин ҷудо мекунад ва то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳаи Бӯстон соҳиби мактаб ва ба чунин фоҷиаҳо хотима дода мешавад.
Холиқназар Ҷумъаев,
ш. Панҷакент
