Ҳафтаи навбатӣ редаксия супориш дод, ки бояд футбол бозӣ кунам! Ураааа! Ҳамин супоришро, ки ман ҳамчун аскари қаторӣ интизор будам, ниҳоятан амалӣ мешавад! Ҳарчанд аз худ Роналдо ва Мессӣ наметарошам, аммо иқрор мешавам, ки дар хурдсолӣ миёни ҳамсолон дар ин намуди бозӣ пешсаф ҳам будам. Ин супориши навбатиро хостам бо ҳайати бозингарони яке аз тимҳои пурқуввати кишвар байни наврасон дастаи «СССР»-и шаҳри Кӯлоб гузаронам. Лозим ба ёдоварист, ки дастаи мазкур дар даврони Истиқлолияти давлатӣ яке аз мактабҳои бузурги футбол маҳсуб ёфта, дастпарваронаш дар клубҳои гуногуни кишвар бозиҳои намунавӣ нишон медиҳанд.
Трамплин ба Лигаи Олӣ
31.10.2024. Соат ба вақти Бохтар 10:25 дақиқа. Сафар ба шаҳри Кӯлоби бостониро нишон гирифтем. Ногуфта намонад, ки ҳамарӯза соати 15:00 дар варзишгоҳи СССР тамринҳо гурӯҳӣ оғоз мешавад ва мо ин дафъа шоҳиди тамрини навбатии дастаи футболи СССР шудем.
Вақте, ки ба ин варзишгоҳ ворид мешавӣ, боварат намеояд, ки ин ҷо замоне мавзеи аз офати табиӣ зарардида (соли 2010) буд ва бо ибтикори газетаи мардумӣ ба ҷойи дӯстдоштаи хурду бузург табдил ёфтааст. Лозим ба зикри хос аст, ки дар гузашта баъди шусташавии ин мавзеъ дар пасманзари офатҳои табиии соли 2010 он бо азми газетаи СССР дар муддати на чандон дур, ба 1 варзишгоҳи зебои замонавӣ табдил ёфт. Дар тӯли 10 сол дар ин ҷо 157 кӯдак ба машқу тамрини футбол машғул шуда, ҳоло 10 нафарашон дар дастаи ҷавонони Равшани Кӯлоб, ки дастаи маъруфу номдор аст, бозӣ мекунанд. 10 нафари дигар дар Лигаи Олии кишвар мебозанд. Мо Метавонем!

Сарпарастӣ баҳри хушҳолии кӯдакон
Хушбахтона бо дастгирию пуштибони раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, сардори РВКД дар ш. Душанбе Шоҳрух Саидзода ва Хуршед Мирзозода-раиси датсгоҳи ФФТ, кӯмакҳои моддӣ ба ин варзишгоҳ расонда шуда, ин макони дилхушӣ баҳри кӯдакону наврасон боз ҳам таъмири хос дид.
Либоси ягонаи машқӣ, тӯбҳои аълосифат ва шароити мусоиди бозӣ онҳоро дилгарм ба бозии рақами 1 кардааст. Баъди дидани машқу тамринҳои футболбозони дастаи СССР бо сарпарасти ин дастаи боқувват, устод Сайёфи Мизроб суҳбати хубе ҳам атрофи фаъолияти даста ва бозиҳои намунавии он доштем.
Маро ҳамин суоле, ки «устод СМ бо ун иқтидоре, ки имрӯз 1 дастаи футболро сарпарастӣ мекунанд, чаро ягон ширкат намесозанд?», ором нагузошт ва пурсонашон гаштам. Сардабир бо табассум ҷавоб доданд, ки «маро ҳамин хурсандии кӯдакону наврасон давлату боигарист. Ҳар вақте ба бозии инҳо менигарам, мондашавии худро фаромӯш месозам! Инҳо ба ман бовар доранд, ки ҳаргиз онҳоро намепартоям. Мо метавонем!».
Ва ҳамаи ин аз ҳисоби обунаи рӯзнома! Яъне хонандае, ки имрӯз ба СССР обуна мешавад, бояд донад, ки дар ин амри хайр-сарпарастии 157 кӯдак ӯ низ шарик аст!

Баҳодурро кӣ дастгирӣ кард?
11 сол пеш ин нафар ба тими футболи СССР-и шаҳри Кӯлоб пайваста, имрӯз яке аз беҳтарин мураббии ҷавонону наврасон дар Лиаи Олии кишвар аст. Пуштибонони футбол хуб медонанд, ки бозии футбол дар кишвар яке аз муҳимтарин дастоварди солҳои соҳибистиқлолӣ буда, дастгирию пуштибонӣ аз он метавонад номи Ватани моро дар арсаи дунё баланд бардорад. Ба таъбири Маҳмадов бисёриҳо орзуи дар дастаи СССР бозӣ карданро доранд.
– Мо дар 1 рӯз 2 бор тамрин мекунему барои дар Лигари Якум ва Лигаи Олӣ баромадани шогирдонамон кӯшиш дорем, – мегӯяд Баҳодур.
Майдони варзишии СССР барои 300 нафар ҷойи нишаст дошта, 2 мураббӣ ба табрияти наси нав машғуланд, ки аз ҷониби газетаи мардумии СССР ба онҳо маош ҷудо карда шуда, ҳавасмандкунӣ низ ҳаст. Баҳодур мегӯяд, маҳз бо дастгирии СССР ӯ шомили донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ гашта, онро ба муваффақият хатм карда, дар даҳҳо семинару дарсҳои мурабигӣ тадрис кардааст:
-Бовар кунед, СССР ҳини донишҷӯӣ ҳам роҳкироям медоду ҳам бо хобгоҳу хурокворӣ таъмин менамуд-мегӯяд Баҳодур.

Пешравиҳо чашмрасанд
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки футболбозони дастаи СССР дар шаҳри Кӯлоб ва ҳатто дастаҳои Россия баромад намудаву обрӯву эътибори футболи тоҷикро мебардоранд. Дилшод Эмомов бозингари дастаи мазкур, ки ба мардикорӣ рафта буд, айни замон дар шаҳри Ивановои Федератсияи Россия ба ҳайси капитан мебозад. Шоҳидон мегӯянд, рӯзи бозии Дилшод ҳатто русҳо бо парчами Тоҷикистон ба мухлисияш меоянд! Мо метавонем!
Футбол ном, нон ва шуҳрат аст
Дарвозабон Саидҷон Шарифзода, ки тӯли 10 сол аст бо футбол сару кор дорад, футболро қисми ҷудонашавандаи ҳаёти худ медонад. Ӯ аз хурдӣ дар дастаи СССР бузург шуданашро қоил шуда, афзуд, ки маҳз дар ин ҷо ба мартабаҳои баланду дастаҳои олӣ ворид шудаам:
– Футбол ба ман ном доду шӯҳрат. Ман аз 1 навраси кӯчагӣ, бо заҳамот ва дастгирии СССР то ба ҳайси дарвозабони Ҳисори Шодмон дар Лигаи 1 ва мунтахаби ҷавонони 17 сола расидам, ки соли оянда дар Чемпионати Осиё-2025 баромад хоҳем кард!
Дар ҳақиқат Футбол имрӯз ном, обрӯ, шараф, эътибор аст. Ҳар касе хуб тамрин мекунад, дарҳои футболи бузург аз ҳамин варзишгоҳи кучаки СССР ба рӯяш боз мешаванд. Зеро ҳамаи онҳоро газетаи мардумии СССР, дар ҳама ҳолот пуштибон ва сарпарастӣ хоҳад кард. Мо Метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР,
Бохтар – Кӯлоб – Бохтар
