04.11.1998. Расо 26 сол пеш, хунбортарин шабехун ба сарзамини Тоҷикон аз сӯи полковники балвогар Маҳмуд Худойбердиев сурат гирифт. Вале ин хиёнат ва табаддулоти давлатии якуми ӯ набуд. Дар ҷамъ ин хоин 3 бор кӯшиши барҳамзании сулҳу субот дар кишварро кардааст. Бо гузашти 3 даҳсола, сарнавишт ва ҷои буду боши ӯ маълум нест. СССР тасмим гирифт, хроникаи он рӯзҳоро барчинад. Мо Метавонем!
Полковники фирорӣ ва хоини миллат, солҳои 1996-1997 зидди ҳукумати Тоҷикистон 2 бор шуриш карду шикаст хӯрда, фирор намуд. Маҳмуд Худойбердиев бо бародаронаш Абдуссалом Худойбердиев ва Эргашалӣ Худойбердиев, зидди ҳукумат меҷангиданд. Бародари хурдиаш Абдуссалом, то соли 1997 ба ҳайси комиссари ҳарбии шаҳри Қурғонтеппа фаъолият мекард. Эргашалӣ, то ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳайси сохтмончӣ дар ПМК фаъолият менамуд. Маҳмуд бо бародаронаш шикаст хӯрда, рӯзи 24 августи соли 1997 аз гузаргоҳи сарҳади «Айвоҷ», ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон фирор намуд.
Баъди фирор хонаҳо ба кӣ монд?
Ҳамсояи пешини Маҳмуд Худойбердиев, ки ҳоло раиси кӯч. Ҷаъфар Абдуллоев аст, апаи Ҳурматбӣ, дар сӯҳбат бо СССР гуфт:
– Ман 50 сол боз дар ҳамин кӯча зиндагӣ мекунам. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Маҳмуд Худойбердиев дар хонаи хушдоманаш зиндагӣ мекард ва гирду гӯшаи хонаи хушдоманашро бо чӣ хонае, ки буд, аз худ карда, хонаҳои мардумро ба қисми низомӣ табдил кард. Ҳатто 1 қисми сарбозонаш дар хонаи ман зиндагӣ мекарданд. Ман ҳамчун модар дилам ба ин сарбозон месӯхт, ба онҳо хӯрок пӯхта медодам, ки бечорагон гурусна намонанд. Аз тарси Маҳмуд касе чизе гуфта наметавонист, ки чаро хонаҳои моро ба қисми низомӣ табдил додаӣ? Ҳоло, ҳамин хонае, ки сохтмонаш нотамом аст, аз ҳамсояамон Одина буд, ки то ҷанги шаҳрвандӣ ба сар мебурд. Аммо Маҳмуд онро аз дасташ гирифту барои худ хонаи истиқоматӣ сохтанӣ шуд, ки хушбахтона ба мақсадаш нарасид…
Гуфта мешавад, хонаи худи Маҳмуд ва аз хушдоманаш бе соҳиб ва валангор мондааст. Сокинони кӯча ва ҳукумати шаҳри Бохтар мақсад доранд, ки ҳамин хонаҳои Худойбердиевҳоро ба оилаҳои ниёзманд диҳанд.
Бародари калонии Маҳмуд Худойбердиев, Эргашалӣ воқеъ дар кӯчаи Мирзоқодирова Ҷамилаи шаҳри Қурғонтеппа хонае сохт, ки нотамом ва дар дари хона қулфи калон овезон аст. Раиси маҳалла Раҳматулло дар сӯҳбати телефонӣ афзуд, ки:
– Аз соли 1998 касе ин ҷо зиндагонӣ намекунад. Дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ Эргаш ин хонаро аз 1 зан харидорӣ кард, аммо пулашро надод. Ҳоло бошад ин зан тасмим гирифтааст хонаро баргардонад ва ба тамоми мақомот мактуб ва ариза навиштааст, ки бигзор дару девори хонаро кананду заминашро бозпас диҳанд. Овозаҳои дар забони мардум мечархад, ки Эргашалӣ мурдаасту фарзандонаш дар Русия мебошанд.
Вале худи хиёнаткори №1-Маҳмуд дар куҷост? Ба ин суол касе посух дода наметавонад…
Баҳодур Уроқов
СССР, вилояти Хатлон,
соли 2018
*****************
МАРГИ ДУРӮҒИНИ МАҲМУД
Ошӯби моҳи августи с.1997 бо барканории Маҳмуд аз мақоми фармондеҳӣ ва тарки қаламрави Тоҷикистон кардани ӯву ёрони мусаллаҳаш анҷом ёфт. Баъди ҳамла ба Хуҷанд дар тирамоҳи с.1998 аз назарҳо комилан ғайб зад. Дар ин байн чандин бор хабари марги ӯ нашр шуд, вале боз ба зудӣ дурӯғ баромад. Охирин бор матбуоти даврӣ дар бораи бо дасти муовинаш Сергей Зваригин кушта шудани ӯ дар моҳи октябри с.2001, чанд рӯз пеш аз оғози маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон навишт. Дар н.Сариосиёи Ӯзбекистон ҳатто маросими дафни Маҳмудро доир карданд, вале тибқи овозаҳо ин ҷаноза дурӯғ буда, дар даруни кафан ҷасади на ӯ, балки комилан каси дигар будааст.
Соли 2006 номи ин «раҳматӣ» боз расонаӣ шуд. Вақте ҳукумати Ислом Каримов митингҳои мардумро дар Андиҷон бо Калашников «хомӯш» кард, шоҳидони зиёде мегуфтанд, дар саркӯби эътирозҳои Андиҷон Маҳмуд даст дорад! Ҳамчунин Икром Ёқубов-афсари собиқи Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон баъди фирораш ба Аврупо дар с.2008 ба расонаҳои хабарӣ гуфт, ки «Худойбердиев ҳимояти духтарони Каримовро бар ӯҳда дорад!».
Соли 2010 бошад Суди олии Тоҷикистон Ҳайдар Бобомуродовро барои таҳияи суиқасд ба ҷони раиси ш.Турсунзода-Баракатулло Атохоҷа ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ дар ҷараёни тафтишот гуфт, «фармони куштани раиси ш.Турсунзодаро ба ман маҳз худи Худойбердиев додааст».
Хиёнати №2 дар Хуҷанд
20 сол пеш, шаби 3 ба 4.11.1998 ҷангиёни Маҳмуд вориди вил. Ленинобод (ҳоло Суғд) шуда, дар байни ҳамагӣ чанд соат ш.Хуҷанд, навоҳии атрофи онро то ағбаи Анзоб тасарруф карданд. Вале баъди 3 рӯз зери фишори нирӯҳои ҳукуматӣ бо сарварии генерал Сӯҳроб Қосимову Мирзо Зиёеви раҳматӣ ва Ғаффор Мирзоеви зиндонӣ бозпас ба Ӯзбекистон гурехтанд. Маҳмуд дар байни ҳамагӣ чанд соат тақрибан тамоми нуқтаҳои муҳими стратегӣ дар шаҳрҳои асосии шимоли Тоҷикистон-Хуҷанду Чкаловск, Қайроққуму Ӯротеппаро бо шоҳроҳу фурудгоҳҳо, истгоҳҳои муҳими роҳи оҳан ва ҳам ағбаи Анзобро таҳти назорати худ гирифт. Ҷангиёни Маҳмуд то расидан ба ш.Хуҷанд ба ягон муқовимати ҷиддӣ рӯбарӯ нашуданд.
Мираҳмади Амиршоҳ-сухангӯи вақти генерал Ғаффор Мирзоев-фармондеҳи Горди президентӣ, дар с.1998 он замон дар расонаҳои хабарӣ гуфта буд, “танҳо 2 қисми низомӣ ба афроди Маҳмуд муқовимати мусаллаҳона нишон доданд: Яке қисми низомии Гвардияи президентӣ дар шаҳри Чкаловск, дувумӣ–қисми низомии марбут ба генерал Сӯҳроб Қосимов, мустақар дар Қалъачаи Хуҷанд. Қисмҳои дигар, метавон гуфт, бе ҷанг вилояти Ленинободро ба одамони Маҳмуд супурданд. Нирӯҳои Маҳмуд нуқтаҳои муҳими шимоли кишварро ба даст оварда, танҳо 1 фурудгоҳи хурдеро дар Исфара аз ёд бурданд, ки ин ба фоидаи Душанбе шуд. Аввалин шуда нирӯҳои таҳти итоати фармондеҳии Ғаффор Мирзоев дар ҳамроҳӣ бо нирӯҳои мухолифин, ки ба онҳо Ҳамроҳ ном нафаре раҳбарӣ мекард, тавассути ҳамин фурудгоҳи Исфара вориди шимоли кишвар шуда, аз он ҷо ба самти Чкаловску Хуҷанд ҳаракат карданд…».
Инчунин Ҳоҷиюсуф Рабеъзода-раиси бахши гумруки н.Нов (ҳоло Спитамен) дар робита ба ин ҳамла гуфт, “аҷиб он буд, ки он шаб ҳатто дар посгоҳҳои муҳими Деҳмой ва Нов ба ҷои 10-15 навбатдори маъмулӣ танҳо дунафарӣ истода буданд. Дар натиҷа, нирӯҳои Худойбердиев он шаб аз 2 самт-аз н.Нов ва аз Шаҳристон вориди вилояти Ленинобод шуданд. Нерӯе, ки аз роҳи Нов омад, ба самти Хуҷанду Чкаловск ҳаракат кард. 1 бахши дигари нерӯҳои Маҳмуд таҳти фармондеҳии муовини ӯ полковник Сергей Зваригин, тавассути Шаҳристон вориди вилоят шуда, Шаҳристону Ӯротеппа ва ағбаи Анзобро ҳадаф гирифтанд…”.
Шикасти Маҳмуд ваҳдати воқеӣ буд!
Амалиёти зидди Худойбердиев дар Ленинобод амалан аввалин амалиёти муштараки нерӯҳои давлатӣ ва мухолифин шуд. Генерал Сӯҳроб Қосимов, ки он вақт ба бригадаи таъиноти махсуси ВКД фармондеҳӣ мекард, дар 1 сӯҳбати хос ба расонаҳои хабарӣ эътироф кард, ки саҳми нирӯҳои мухолифин дар саркӯби ошӯби Худойбердиев калон буд: “Ба фарқ аз нирӯҳои ҳукуматӣ, ки асосан бачаҳои ҷавони бидуни таҷрибаи ҷангӣ буданд, ҷанговарони мухолифин ҳама мардони баркамол ва бо таҷрибаи ҷангӣ буданду хеле нотарсона меҷангиданд. Ин ҳамкорӣ бо оппозитсия барои сарбозони мо ҳатто 1 мактаби хуби ҷангӣ ҳам шуд.”
Дар натиҷа, аллакай, рӯзи 5 ноябр ба ҳукумат муяссар шуд, ҷангиёни Маҳмудро аз Хуҷанд биронад.
Шаҳрзоди Амин
СССР, соли 2018.
