БОХТАР БА МАРКАЗИ ВИЛОЯТ МОНАНД НЕСТ

Чанд рӯз боз сафари кории Пешвои азизи мо ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд давом дошт. Ин мардумон дар ҳақиқат ба қавле, ки зуранд. Ободиву зебоиро бин, даҳон кушода мемонад. Ин қадар корхонаҳои нав кушоданд, ки ба фикрам касе дигар бекор намемонад. Ана барои ҳамин ҳам зиндагии онҳо аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ фарқ мекунад. Зинда бошед мардуми шарафманди Суғд!

Акнун бигирем шаҳри Бохтарро. Ин шаҳри хурде, ки масоҳати 38 ё 40 км ро дар бар мегирад, дорои корхонаҳо неву дорои даҳҳо марказҳои дилхушист. Тамоми «танфурӯшони беруна»-ро аз ин ҷо меёбӣ.

Намешавад, ки ба ҷои инҳо ягон завод, фабрика, корхонаи истеҳсолӣ бисозанд? Мардум аз бекорӣ рӯ ба бозорҳо меоранд. Вале савдо ҳам сусту ҳама банкротанд ва мебинӣ, ки зани шастсолаву мӯсафеди 70-сола  рӯ ба муҳоҷират меорад, то қарзҳои бонкиашонро бикананд.

Аз сӯи дигар, имрӯзҳо шаҳрро партов зер кардааст. Сари кӯчаи мо пур аз пашаву мӯру малах шудааст. КЖКП дар куҷост, ҳеҷ кас намедонад. Аз шикояти зиёд дигар шарм мекунем дари Ҳукумати шаҳр равем. Бисёр вақт мусорро бо таксӣ бурда мепартоем. Вале то ба кай? Шаҳри Бохтар ин шаҳри партовҳост? Аз ин манзара гиряи кас меояд. Кучаҳо пур аз сагҳои дайду гаштааст.

Чаро аз Суғд ибрат намегиред, пулдорони ш.Бохтар? Меҳмонхонаҳои зиёд кушодаанд, дар Қурғонтеппаи пешин, вале ки меҳмон мешавад, мо ҳайрон. Ба ҷои он намешавад, 1 корхонаи саноатӣ созед, ки мардум каме роҳи зиндагиашонро ёбанд?! Лаҳзае сарро рӯи кафи дастон гирифта,  ҷиддӣ фикр кунед, оё ш.Бохтар ба маркази вилоят монанд аст?

Бадахшон Зардакова,

ш.Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube