– Дуруд ба СССР-и азиз! Ноҳияи мо ҳамному ҳамсоли Тоҷикистони азиз буда, яке аз гӯшаҳои биҳиштосои кишвари маҳбубамон мебошад. Ноҳия дар рушду нумӯъ буда, корҳои ободонию созандагӣ баробари дигар гӯшаҳои диёри зебоманзарамон бо маром идома доранд. Маркази ноҳия ба 1 шаҳрчаи ободу зебо табдил ёфта истодааст.
Таъминоти аҳолии ноҳия бо оби нӯшокӣ хело беҳтар шуда, қариб ҳамаи деҳаҳо аз масофаҳои гуногун хати оби нӯшокӣ овардаанд. Бо мадади хайрхоҳон ба деҳаи Сари Пул аз масофаи 12 км, ба деҳаҳои Сафедмуну Файзбор аз масофаи 15 км хатҳои оби нӯшокӣ кашида шудаанд. Мардуми деҳаи Зафаробод бо қувваи худ чанд соле пеш аз масофаи 14 км хати оби нӯшокӣ кашида, худро бо оби ошомиданӣ таъмин намуданд.
Сокинони калонтарин деҳаҳои ноҳия – Нушори Поён ва Нушори Боло бо қувваи худ аз масофаи 20 км хати оби нӯшокӣ кашида истодаанд, ки дар муҳлати наздик ба истифода дода мешавад. Сокинони ҷамоатҳои Ширинчашма ва Лангари, Шоҳ бо оби ошомиданӣ доимо таъмин буда, аз ин масъала мушкилие надоранд.
Масъалаи оби полезӣ ҳам дар ноҳия қариб ҳалли худро ёфтааст. Раиси пештараи ноҳия шодравон Маҳмадшозода Ҳамидулло (руҳаш шод бод), ки мутахассиси соҳа буданд, ҳамаи каналҳоро навсозӣ ва таъмир намуданд. Дар натиҷа танқисии мардум аз дастрасӣ ба оби полезӣ бартараф шуд.
Ҳайати эҷодии газетаи СССР ҳатман ба ноҳияи мо – Тоҷикобод биёяд ва аз ин ободиҳо воқиф гардад. Мо интизорем! Мо Метавонем!!!
Бегмат Маҳмадов,
н.Тоҷикобод
