БОЗӢ БО БОМБАИ АТОМӢ – 2

Аз СССР: Ҳафтаи пор, бо амри Путин В.В. қувваҳои кайҳониву ҳавоии Россия ба машқу тамрин бо мушакҳои ҳастаӣ-атомӣ шуруъ карданд. Ин охирин ҳушдори Кремл ба Парижу Бруссел ва Вашингтон аст, ки дар сурати дахолат дар ҷанги Украина мо шуморо қир хоҳем кард. Исроил Фаластинро зеру забар карда, мехоҳад то охирин араби Ғаззаву Рафаҳро кушад, дипконсулгарии Эронро мушакборон мекунад. Зеленскийи яҳудӣ Украинаро бар марзи фано кашидааст. Имрӯз олам дар марзи ҷанги атомӣ қарор гирифт-бомбае, ки Эйнштейни яуҳдтабор кашф карда буд.. Чунин хатари сар задани набарди атомӣ дар ягон давру замон, ҳатто дар соли 1961, ҳини Буҳрони Кариб, ки Хрушёви сарвайрон дар ООН таҳдид кард, ки «Ман очаи шуморо дар чашматон нишон медиҳам!» (я покажу вам Кузькину мать!), вуҷуд надошт. Зимнан СССР 1 матлаби 1 хонандаи худро аз қаъри даҳсолаҳо бознашр мекунад. Хонед ва (то шуруъи ҷанги ҳастаӣ) ҳаловат баред. Мо метавонем!

 

  1. Суоле, ки Ленину Сталину Марксро мағлуб карда буд

Ба таъбири зани шоири яҳудии русзабон Манделштам “Дилхоҳ зиёии асил (яъне донишманд, бохирад, олиҳунар, закӣ, олиҳунар ва бораъйу тадбиру таҳаммул) ҳамеша 1 каме яҳудист”…

Шинохти яҳуди яҳудия яқинан осон ҳам нест. Ҳамин 1 хатти андешаи нигоштаи мухтасарро ба шиддати масъала “шкалаи андешаи” «бозӣ» дорад; аз + мепарад ба – ва баракс… Чаро, ки ин суол шоҳи суолҳост. Ба он тамоми соҳибқаламони олам ҷавоб ҷустаанд, меҷӯянд ва хоҳанд ҷуст: “яҳудӣ, яъне чӣ?”. Ва ранги муаммои назарияи майдони ягона дар физика, ки он ҳам ҳосили хиради олии боз 1 яҳудии дигар – Эйнштейн аст, масъала ҳамин тур бе ҷавоб мондан мегирад. Шумо агар 100 сарчашмаро варақ занед ҳам, ба он ҷавоб нахоҳед ёфт, он гуна ки замина, базаи амалӣ – реактор ё озмоишгоҳи абарқудрат барои дар 1 вақт ва дар 1 нуқта ё майдон ба ҳам овардан ва ба 1 самт равона намудани тамоми намуди қувваҳои дар табиат маълум ҳануз омода нест. Ба ин шоҳсуол, ҳама абарақлон чаққа шудаанд – Канту Лассалу Марксу Энгелсу Ленину Сталин…

Дар таърихи қавмшиносӣ ба таҳқиқ хатои бузурге роиҷ шуда, ки миллатҳои дигар зарангиву кордонӣ, корчаллониву айёрӣ ва балоҳои ба сарашон омадаро аз яҳуд медонанд. Ба таъбири дигар аз яҳудӣ мифи бадӣ сохтаву онро чун василаи тарсонидани омма истифода менамоянд. Агар 1 каме ба таҳаммул сари ин масъала жарфтар равӣ, ба осонӣ дарк мекунӣ, ки яҳудӣ ҳамчун нажод, ё махлуқи биологӣ аз форсу аврупоиву африқоиву дигарон ҳеҷ фарқе надорад, ки надорад, ҳатто ин қавмро раванди издивоҷи хешу таборӣ ҷисман афгори афгор намудааст… Дигар масъалаи шинохти яҳуд, аз рӯи усули хандаовари -” пишакро дар хонаи торике ҷустуҷӯ кардан, ки гурба надорад!” ҷорист.

Худи яҳудиро бошад ба ин коре нест. Ақлу ҳуши инҳо симобсифат аст ва ин дам, ки мо назди компутари “Пентиум-4” жожхоӣ дорем, инҳо аз рӯи оёту аҳодиси набавии аслан ба мо муслимин пайғомгашта, аз хирад кор мебаранду хурофоти торик ва тавбагӯиҳои беасоси худро дар соли 1933-и қарни гузашта дар Сюрих, ҳине ки аввалин ҷамъомади худро барои ташкили давлаташон матраҳ мекарданд, аз остин такидаанд. Беохир месозанду месозанд ва пулро барои дар таги сар барои рӯзи мабодо – ранги 4 пулдори мо не, балки барои сохтану боз ҳам сохтан сарф мекунанд, ки ин амал боз ҳам аз рӯи фармудаи Худои ману ту ва паёмбари мост. Воқеъан ҳам мӯл пулдорҳои мо агар аз таксарӣ пулро кашида гирифтаанд, пас барои рамаҳои бешумори аспу хару гову гӯсфанд; коре, ки яҳуд то пайғамбар Мӯсо кард!

 

  1. Ҷаҳли насоро ва ақли яҳуд

Аслан яҳудия маҳсули ҷаҳолат ва бераҳмии аҳли насорост. Ин хулосаи саҳл ҳам нест. 1 шаби 19 аср пеш, пайравони акнунбахудомадаи насронӣ сари яҳудон, ки гӯё паёмбарашон Исои Марямро дар чалипо мехкӯб карда будаанд, тохтанд ва ваҳшиёна яҳудиҳоро аз дами теғ гузарониданд; маъбади бузургашонро оташ заданд ва боқӣ ҳамаро аз хокашон берун ва дар рӯи дунё парешон карданд. Таърихи католикия ин шаби таассубу ҷаҳолати худро ҳамчун шаби “Варфоламеи муқаддас” ёд мекунад. Дальше больше! Таассуби пайравони насоро ба сари ин қавм чӣ овард?

– парешонию ғурбат дар рӯи замин;

– маҳрумӣ, хорию зорӣ;

– хавфи нестшавии сартосарӣ;

– муҳосира (изолатсия) – и билкул тӯли 2 ҳазорсола!

Акнун дар пешорӯи ин миллат чӣ ҳадафе баҳтар аз зинда мондан будааст? Ва пешвоёни ин қавми азиятдида барои халосияшон аввал ғояи бузургманишӣ ва дар ҳамин замина идеологияе сохтанд- алайҳи бераҳмиҳои таърих ва ин идеология ҳар 1 яҳудиву нимаяҳудиро “аз ҷониби Худо интихобгашта” (мессия) ва душманони онҳоро ғайридин- “акум”, ки бо ояту ҳадисашон дигар чун ҳаявон эътиборе надоранд, эълом намуд. Ин идеяи “корсоз”- и сохтаи пешвоёни донояшон миллатро дар зарфи 20 (!) асри парешонӣ аз нестӣ нигаҳ дошт, аз ҳама санҷишҳои Таърих берунашон овард ва ахиран ба ватани таърихияшон “Хоки муқаддас” – Исроил бо сари баланд, бо ғалабаи кулл бар насронияи ҷаҳолатбор баргардонид…

 

  1. Таҳрифи Талмуд

Пешвоёнашон китоби осмонии Талмуд (Таврот)-ро таҳриф карданд, қисмати дурӯғини 3 – юми онро бо исми “Ездри” барои худашон набиштанд…Ҷаҳонбинии ин қавмро дигар арзишҳои муқовимат ба хотири ниқор, ки сабаби аслияш аз ҳамон озори таърихӣ сарчашма мегирад, ташкил дод. Дар сари 1 тифл новобаста аз ҷинсаш шабу рӯз ҳамин арзишҳо чун сураҳои муқаддас аз ин китоби дурӯғин талқин мешавад, ки сабрро пеша созанд, ки ахиран Худованд ба онҳо бозгашт ба “Хоки муқаддас” ва сарварии дунёро ваъда кардааст. Ба ивази талошу заҳмат, қурбониҳо, азҷонгузаштанҳо мӯъҷизаи дурӯғини аввалӣ ба вуқӯъ пайваст- ба Исроил баргаштанд ва имрӯз агар олами ғайри яҳудӣ ҳамин мо бошему ҳамин аҳвол ва инҳо ҳамине, ки ҳастанд, мусалламан мушкили дигаре барои соҳиби дунё гаштан барояшон намондааст:

“…бозмегардонад Парвардигор, Худованди ту, туро ба он замине, ки Ӯ ба падарони ту Иброҳим, Исҳоқ, ва Яҳё ваъда дода буд, ки ба ту шаҳрҳои калон ва хуб, ки онҳоро ту насохтаӣ. Ва ба хонҳои пур аз ганҷ, ки онҳоро ту пур накардаӣ; ва ба ҷоҳои аз санг рӯйпушгашта, ки онҳоро ту рӯйпӯш накардаӣ; ва ба боғоту зайтунзоре, ки ту онҳоро насабзондаӣ…”.

Ё, ки:

“Дар бораи дигар халқҳо, ки аз Одам пайдо гаштаанд, ту гуфтӣ, ки онҳо арзише надоранд, мисли оби даҳонанд ва бисёри онҳоро ту ба мисли қатраи обе чаканда гардонидаӣ“.

Магар Иброҳим, Исҳоқ, Яҳёву Юнусу Мӯсо (дуруд ба ҳамаашон!) “аз Одам” пайдо нагаштаанд ва пеши Худованди соҳиб мо ҳама баробар нестем? Яқин, ки ҳастем, магар, ки пеши “Халқи аз ҷониби Худо баргузида” ва ҳамон китоби ба таъкиду далел ва минтақаи дурӯғин. Ва ба хотири чӣ? Албатта, гуфтем, ба хотири мубориза ва раҳоӣ. Идеологияи муқовимат ва ахиран пайдо намудани роҳи наҷот дар ана ҳамин рӯҳияи таассубхез бино гашту бино мегардад. Идеологияи миллӣ он гаҳ коргар аст, ки ба манфиати ҳама бошад, новобаста ба баромади иҷтимоӣ ва мансубияти синфии ҳаммиллатон, яъне аз вазир сар карда то ба аробакаши бозор.

 

  1. Маркс ва Энгелс наҷотбахши яҳуд

Принсипи интернатсионализми коргарӣ, ки 2 яҳудии ҳушёри дигар Маркс ва Энгелс ба хотири озодии ҳамқавмонашон бофта буданд, барои инҳо ҳалқаи наҷот гашт. Дигар ҷавонони яҳуд бо ишораи сарварони оқилашон саф-саф ба ҳизбҳои сиёсии русҳо мерехтанд ва дар 1 зум то сарварии ин ҳизбҳо расиданд. 1 поягузори ҳизби коммунисти Фаронса – Шарл Раппопорт дар ёддошташ аз ақидаи 1 фаъоли сиёсии яҳудӣ Хаим Житловский ба даҳшат омада, навиштааст:”…ҳар касе, ки бошӣ бошсотсиалист, коммунист, анархист ва ғайра, вале дар мадди аввал яҳудӣ бош, дар миёни яҳудиҳо кор бар, зиёии яҳудӣ бояд моли миллати яҳуд бошад“.

Гурӯҳи ҷанговари эссерҳо билкул аз намояндагони миллати яҳуд будаанд: – Гершунӣ, Азев, Готс, Левит, Гуревич… Ҳини ба 2 ҷиноҳ тақсим гаштани РСДРП ҷиноҳи меншевикон танҳо аз яҳудиҳо иборат буд. Баъди инқилоби соли 1917 – и Рус ҳамаашон “хором” болшевик шуда, ҳатто ҳокимиятро пурра ба даст гирифтанд – Каменев, Свердлов, Тротский, Зиновев, Лазовский (Соломон Дризо), Оскар, Ефим, Тсетлин. Қатли подшоҳи рус Николайи 2 ва аҳли оилаашро шахсан яҳудӣ Яков Юровский роҳбарӣ мекард ва роҳбарии умумии Екатеринбургро яҳудиҳои дигар Белобородов (Вайсберг) ва Шая Голошекин ба ӯҳда доштанд. Дар деворҳои утоқе, ки шоҳу оилаашро паррондаанд, баъдтар байти Гейнеи яҳудиро дар васфи шоҳ Валтасар, ки Яҳёи яҳудиро таҳқир ва ба ивазаш ба қатл расида буд, пайдо намудаанд. Ин миллат рӯзи 18 – и июли соли 1918 ба таърихи маъмурияти ҳазорсолаи худ аз ҷониби русҳо нуқта гузошт ва баъд аз ин дигар чархи таърихро ба хости худ чархонид!

 

  1. Идеологияе, ки Германия ва СССР – ро шикаст!

Солҳои 30-50- уми асри мозӣ давраи шадидтарини марҳилаи муқовимати яроқноки яҳудиҳо дар таърихи 2 ҳазорсолаи охириашон аст. Дар Аврупо Гертел, падари идеяи муқовимати амалӣ ва идеяи ташкили давлати Исроил гашт. Ин журналисти касбӣ танбаливу сустӣ ва тарсуиро канор бигзошт ва тамоми қувваҳои зеҳнӣ, капитали бузурги миллионерҳои яҳудиро ҷамъ ва раванди бузурги муҳоҷирати яҳудиҳоро ба Исроил пиёда кард. Адабиёти зиддияҳудияи дунё, алалхусус русӣ, ки мо хонандагони пасошуравӣ бештар ба он ошноем, тамоми ҷабҳаҳои ин идеологияро зери интиқоди шадид мегиранд, вале ҳисси адовати кӯр намегузорадашон, ки ба 1 ҳақиқати оддӣ сарфаҳм бираванд ва эътироф намоянд, ки «идеологияи бо хун сохтаро, ки аслаш муқовимати дастаҷамъии абадӣ дар пойдевори илму дониши амалӣ аст, мағлуб сохтан имкон надорад!». Ин идеология сутунмӯҳраи Россияи подшоҳӣ, Германияи фашистӣ, СССР- и абарқудратро шикаст, 1 Хилофати араб бо қайчимаслиҳати доноёни ҳамин миллат ба 19 порадавлат тақсим гашт, империяи Усмониро шикаст ва Халифаашро аз Истамбул дар ба дар намуд. Хиради олии яҳудия дар он нуҳуфтааст, ки ин ҳамаро бо дасти худи ҳарифонашон амалӣ месозад, ки пиёда намудани чунин айёрии олӣ насиби ҳар кас нест!

Ва медонед, ки ин ҳама дастовардҳоро сабаб чист? Ҳамин 1 идеологияи муқовимати шадиди миллӣ!

 

Аҳлиддин Муҳаммадрафӣ,

узви Ихвон ал СССР,

20.03.2010

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube