СУҒД: ЧАРО ДАР МАРЗ СУЛҲ ПОЙДОР НЕСТ?

07.05.2024. Соати ба вақти Хуҷанд11:00 дақиқа.  Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990, миллаташ ӯзбек, муаллими таърихи мактаби миёнаи 4, ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба қазия ва сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаби миёна Абдуллоев Рамзан, ки дар хати сарҳади давлатӣ боздошт шуда буд, ният дошт ба низомиёни қирғиз, ки дар деҳаи Сулюкта мустақаранд, муроҷиат кунад.  Муаллим О. Абдуллоев ягон амал ё кирдоре, ки ба принсипҳои ҳамсоягии нек мухолиф аст, вобаста ба мақоми иҷтимоии худ нишон надодааст, вале ба муқобили ӯ яроқи оташфишон истифода шуда, дар натиҷа вай ярадор гардид.

Муаллим О. Абдуллоевро дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ карданд ва ин хабарро маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври оперативӣ паҳну пахш кард. Вале қазияи писари ноболиғаш, ки барои чаронидани мол ба адир рафтаву нафаҳмидааст, ки хати марзи 2 кишварро убур кардааст, то ба имрӯз норӯшан аст.

Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро бо гузашти ин ҳама замон ва садҳо вохӯриву гуфтушунидҳо, рапортҳои ҳукумати вилояти Суғд ба сатҳи боло, то ҳанӯз ҳам дар марзи 2 кишвар сулҳу субот пойдор нест? Ва чаро боз сокинони минтақаҳои наздимарзӣ дидаву дониста марзро убур мекунанд? Дуруст аст, ки баъзе аз маҳалҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон то ба имрӯз аломатгузорӣ ва муайану тасдиқ нашудаанд, вале барои пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо бояд дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурд, ё не-мӣ? Масъулин бояд ба ин тарафи масъала низ таваҷҷуҳ кунанд ва ба мардум фаҳмонанд, ки дар куҷо бояд мол чарониду алаф даравид ва дар куҷо на, вагарна аз чунин бехабарӣ мардуми одӣ тир хӯрдан мегиранду кӯдакони ноболиғ асир афтодан. Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ мегӯянд, муҳтарам раисони влотяи Суғд!

М.Амин, СССР

Аз редаксия: Воқеан ҳам дар соли ҷорӣ, ин матлаби 7-уми танқидии мост, ки тибқи Фармони №622, ки зери он имзои мубораки Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистаду ҳар раис муваззаф аст, бар матолиби танқидӣ посух гӯяд, раиси вилояти Суғд, раисони шаҳру навоҳии зертобеи ин вилоят, аслан  ҷавоб намегӯянд. Ё барои ишон Фармони №622 арзиш надорад ва ё ин ҷо сиррест, ки мо намедонем? Сари мавзуъ ҳатман бармегардем. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube