Мушоҳида кардаед, ки сатҳи тамаъкории баъзе ширкатҳо ва одамони алоҳида на танҳо ҳайратовар аст, ки меафзояд? Фарзи мисол, агар шумо боре савори мошин ба беморхонае равед мебинед, ки аз мардум барои ворид/хориҷшавӣ пул меситонанд. Ба макони мазкур одамон на барои фароғат ё бо ихтиёри худ мераванд…
Айнан ҳамин ҳолат дар якчанд минтақаҳои маркази шаҳр ва берун аз он ба наздикӣ рӯй медиҳад. Агар шумо ба чунин ҷойҳо бо мошин сафар кунед, ё аз он бадтар, агар шумо дар чунин минтақаҳо зиндагӣ кунед, пас бояд барои таваққуфгоҳи «City Parking» маблағ пардохт намоед. Ин барои нигоҳ доштани мошинатон дар роҳҳое, ки ҳанӯз аз ҷониби пешгузаштагони шумо сохтаанд ва ҳамеша барои истифодаи омма ройгону дастрас будӣ.
Ширкатҳои паразитӣ меафзоянд
Чунин ширкатҳои паразитӣ ҳеҷ гуна навоварӣ, ҳеҷ гуна имтиёз, хидматрасонӣ пешниҳод намекунанд ва амниятро кафолат намедиҳанд, ҳеҷ чизи муфид намедиҳанд ва танҳо бо мақсади ба даст овардани даромади муфт таваллуд шудаанд. Аслан ин намунаи ғоратгарии қонунӣ дар рӯзи равшан, дуздии сарватҳои давлатӣ мебошад, ки дар сохтанашон ширкатҳои нав саҳм надоштаанд.
«City Parking» чӣ пешниҳод мекунад?
Оё зараре, ки ҳангоми дар ҷойҳои таъиншуда ба мошинатон расонида шудааст, ҷуброн карда мешавад? Не! Оё онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, агар касе мошини шуморо дуздад? Не! Барои бехатарии мошини шумо касе масъул ҳаст? Нест! Онҳо пул талаб мекунанд, аммо ба ғайр аз дарди сар ва афзоиши нороҳативу норизоӣ аз ҳукумат, чизи дигаре пешниҳод намекунанд. Маблағ барои сохтани роҳҳое, ки аз ҷониби «City Parking» ғасб шудаанд, кайҳо пардохт шуда ва эҳтиёҷи нигоҳдории онҳо аллакай аз ҳисоби андозҳои аҳолӣ маблағгузорӣ мешаванд. Ин ҷойҳо ҳеҷ гуна хароҷотро талаб намекунанд. Ин пардохти иловагӣ аст, ки онҳо аз мардум меситонанд, зеро онҳо метавонанд.
Ширкатҳои «Шефи тангкӯча»
Аслан, онҳо аз 1 авбош ё 1 муштзӯр фарқе надоранд, ки пеш аз тангкӯчаашонро убур кардан, дар нимашаб, аввал ҳамёни шуморо талаб мекунанд. Онҳо самти ҳаракати шаҳрвандонро мегиранд ва маҳдуд мекунанд, нороҳатиҳои иловагӣ ба вуҷуд меоранд, вақт ва сӯзишвориро барои ҷустуҷӯи ҷойҳои ройгони таваққуфгоҳ зиёд мекунанд ва масофаи байни хона, кор ва мошини шуморо зиёд мекунанд.
Меҳмонхонаи «Румӣ». Манфиатҳои ин тиҷорати хусусӣ аз роҳати шаҳрвандони оддӣ болотар гузошта шудааст. Қисмати роҳи умумӣ дар пеши «Румӣ», ки барои таваққуфгоҳ барои ҳама шаҳрвандон дастрас буд, дигар барои онҳое, ки меҳмонони «Румӣ» нестанд, дастрас нест. Таваққуфгоҳе, ки ҳоло барои меҳмонхона ҷудо шудааст, моликияти хусусӣ нест, аммо аз ин ҷойҳои ҷамъиятии қаблӣ акнун танҳо афроде метавонанд истифода кунанд, ки ба тиҷорати «Румӣ» нафъ мерасонанд. Чунин ширкатҳо ва афроде, ки онҳоро дастгирӣ мекунанд, барои мардуми оддӣ ва ҷамъияти мо хатар эҷод мекунанд.
Раҳми ҳамёни мардумро кӣ мехӯрад?
Аллакай маблағи аз ҳад зиёди пардохтҳо мавҷуд аст, ки мардум бояд ба давлат пардохт кунад. Ҳамаи молҳо, аз ҷумла молҳои ниёзи рӯзмарра, гарон шудаанд. Ва ин ҳама дар ҳолест, ки маоши миёна дар ҳудуди 1500 сомонӣ қарор дорад. Андеша кунед, замоне, ки мардон аз кор дар Россия бармегарданд, дар 1 хонавода теъдоди миёнаи кӯдакон ба 4 нафар мерасад ва суғуртаи иҷтимоӣ вуҷуд надорад. Ҳамаи инро ба назар гирифта, саволе ба миён меояд: магар ин гуна афрод ва ширкатҳо намедонанд, ки манфиати онҳо зиди манфиати аксарияти аҳолии меҳнаткаш аст? Ё онҳо мисли пахтахаридорони бой ва рафиқони маъмури онҳо чун дар повести «Одина», парвои мардум надоранд? Ман намедонам. Аммо асари Айнӣ нишон медиҳад, ки 1 корро карда тавонистан маънои онро надорад, ки шумо бояд ин корро кунед. Яъне, танҳо ин далел, ки шумо метавонед аз ҳисоби ҳамватанони худ фоида ба даст оред, маънои онро надорад, ки шумо бояд ин амалро анҷом диҳед. Илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ. Аз дилсӯзӣ инро навиштем.
Мо Метавонем!
Шогуна Собир,
журналист, махсус барои СССР