АБДУҚОДИР МУҲИДДИНОВ – НАХУСТСАРВАЗИРИ ТОҶИКИСТОН…

Дар ташаккули давлати тоҷикон ва пойтахти он Нусратулло Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Яҳё Афзалӣ ва садҳо роҳбарони хурду калони давлативу сиёсӣ саҳми арзанда гирифтаанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

 

ХИРАДИ САРВАР

Ҳаждаҳ сол қабл, дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, хурсандӣ болои хурсандӣ омад. Интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 2006 дар бораи ба унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон қадр намудани хидматҳои арзандаи фарзандони ҷоннисори тоҷик Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур ба сокинони мамлакат шодмонӣ фузуд. Аз ин муждаи дилнишин – амали неку саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якояки мо хушнуд шудем.

Маҳз дар ҳамовозии ин падидаи фараҳфизо, моҳи июли ҳамон сол, дар рӯзномаи «Минбари халқ» назарпурсие таҳти унвони «Қаҳрамони оянда кист?» ба табъ расид, ки дар он матлаб фикри Шоири халқии Тоҷикистон зиндаёд Муъмин Қаноатро мутолаа намудем: «… Абдуқодир Муҳиддинов барои мардуми як маҳал ё як шаҳр не, балки барои ваҳдат ва эҳёи тамоми мардуми форсизабон талош мекард. Месазад, ки номи ӯ дар радифи қаҳрамонони миллати тоҷик ҷойгир шавад».

 

МУБОРИЗИ ҶОННИСОР

Аксар огаҳӣ доранд, ки солҳои 20-уми асри ХХ, ҳангоми тақсимбандии марзу бум, миёни халқҳои Осиёи Марказӣ пантуркизм барои миллати тоҷик хатари сангинеро ба бор овард. Дар чунин шароити хавфноку нобасомон мубориза бурдан бар зидди ғояҳои шовинистии пантуркизм таҳдиди хатари маргро мемонд…

Аммо, алорағми он ҳама, иддае аз фарзандони ғаюру матиниродаи тоҷик бо душманон дар набард шуданд. Яке аз чунин муборизони ҷоннисор Абдуқодир Муҳиддинов буд, ки солҳои баъдӣ аз дасти душманони синфӣ бо тамғаи «миллатчӣ» қурбон гашт.

Алҳол, ба ҷуз муҳаққиқони бахши таърих, насли калонсол ва ашхоси ҳушманиш, боқӣ чи гуна шахс будани Абдуқодир Муҳиддиновро хуб дарк намесозанд. Аз ин рӯ, шояд қисмате аз ҳаводорон бипурсанд, ки ӯ чи хидмате барои мардуми тоҷик сомон додааст. Хуш, мегӯемшон, Абдуқодир Муҳиддинов арбоби сиёсиву ҳизбӣ, ходими фарҳангу санъат ва намояндаи илму адабиёт ва забони тоҷик аст.

Номбурда соли 1891 дар шаҳри Бухоро ба дунё омада, дар хонаводаи савдогари давлатманди аморати Бухоро ва аввалин равшанфикру маорифпарвар ва тараққихоҳи тоҷик Муҳиддин Мансурзода, ки ҳамроҳи Мирзо Сироҷ масъалаи дар Бухоро ба забони тоҷикӣ интишор намудани рӯзномаи «Бухорои Шариф»-ро ҳал кардааст, ба воя расид.

 

САДРИ АЪЗАМ

Кору пайкори падару ҳаммаслаконаш ба тарбияи Абдуқодир таъсир кард. Вай ҳанӯз аз айёми наврасӣ (15-16-солагӣ) зиндагии тираву тори Бухорои феодалиро зери тозиёнаи танқид гирифта, бо имзои мустаори «Бухороӣ» дар рӯзномаи «Вақт» силсилаи мақолаҳо навишт. Маҳз дар ҳамин давра фаъолияти сиёсиву публитсистии Абдуқодир оғоз меёбад ва ӯ то Инқилоби халқии Бухоро бо равшанфикрону ислоҳотпарастон дар саводноккунонии мардум, таблиғу ташвиқи илму маърифат ва санъату маданият, омодасозии омма ба инқилоб хидмати шоиста анҷом додааст.

Собиқ узви фирқаи ҷавонбухороиён Абдуқодир Муҳиддинов охири соли 1919 ба сафи фирқаи навтаъсиси Ҳизби коммунисти Бухоро шомил шуда, худро чун инқилобчии ҳақиқӣ дар амал нишон дод. Дар ин давр чанд муддат муҳарририи рӯзномаи «Қутулуш»-и органи ҲК Бухороро ба уҳда дошт. Пас аз инқилоб, дар Ҳукумати тозабунёди Республикаи Халқии Советии Бухоро дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кард. Аз ҷумла, садри Комитети иҷроияи марказӣ, нозири (вазири) савдою санъати (саноати) Республикаи Бухоро буд.

Ҳангоми адои вазифаҳои масъул, Абдуқодир Муҳиддинов дар торумори босмачиён, ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ, хоҷагии халқ, пойдор гардондани сохти сотсиалистӣ ва, умуман, рушду такомули ҷумҳурии навбунёд ҳиссаи сазовор мегузорад.

Вай, ҳамчунин, дар тарғиби илму маориф, ташкили корҳои маданиву маърифатӣ, нумӯ ва такомули адабиёту фарҳанги тоҷик хидматҳои арзишмандро анҷом додааст. Масалан, бо хоҳиши шахсӣ ва дархости Абдуқодир Муҳиддинов Ҳукумати Тоҷикистон баҳори соли 1925 бо устод Садриддин Айнӣ дар хусуси навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» шартнома баст.

 

ПУБЛИТСИСТИ СОҲИБИСТЕЪДОД

Абдуқодир Муҳиддинов дар рушди матбуоти ҳизбию советии навтаъсиси тоҷикон чун публитсисти соҳибистеъдод ва ходими ҳизбию давлатӣ хидмати босазо кардааст. Мактубҳои вай таҳти унвони «Хотираҳои маҷаллаи «Роҳбари дониш» (ҳоло «Садои Шарқ») аз ҷумлаи баромадҳои публитсистии ӯянд.

Ҳамчунон, хидматҳои Абдуқодир Муҳиддинов дар ёдрас намудан ба мардуми тоҷик аз ваҷҳи таъриху фарҳанг ва забони модариаш қобили зикр мебошад. Алалхусус, мақолаҳои калонҳаҷму аз ҷиҳати илмӣ ниҳоят пурқимати ӯ – «Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷикӣ» («Тоҷикистони сурх», 1929), «Мардуми шаҳр ва атрофи Бухоро тоҷиканд ё узбак?» («Раҳбари дониш», 1928, № 8, «Тоҷикистони сурх», 1928, № 12) бар асоси далелҳои муътамади таърихиву этнографӣ буда, барои худшиносии мардуми тоҷик арзиши бағоят бузург доранд.

 

ШАХСИЯТИ ТАЪРИХӢ

Ҳамин навъ, суханрониҳои миллатдӯстонааш ӯро ҳамчун «миллатчӣ» қурбони туҳмати пантуркистон гардонд. Аммо 25-уми январи соли 1958 бо қарори Суди олии РСС Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов сафед гардида, 11-уми июли ҳамон сол бо қарори КМ ҲК Ӯзбекистон аз феврали соли 1919 ба сафи ҲКИШ барқарор шуд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки хидмати Абдуқодир Муҳиддинов дар назди таърих ва миллати тоҷик шоиста аст. Ӯ дар ташкили давлати тоҷикон дар садаи ХХ (1924) ҷонбозиҳо кардааст. Дар бораи исботи забони тоҷикӣ ва мавҷудияти миллати тоҷик, дар ба миён омадани «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ ибтикор ва хидмати ин шахсияти таърихӣ боиси таҳсину офаринҳост.

Абдуқодир Муҳиддинов, ҳамзамон, дар ташаккули иқтисодиёти ҷумҳурии навбунёд, овардани роҳи оҳан аз Тирмиз ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) саҳми бориз дорад. Вай, қабл аз ҳама, ба мактабу маориф, саводнок кардани тоҷикон таваҷҷуҳи беандоза дошт ва дар ин ҷода заҳмати зиёде кашидааст.

Солҳои 1910-1929 мавсуф матолиби зиёде, аз қабили мақола, рисола, гузориш, суҳбатҳо, саволу ҷавобҳои бештарро сар аз рӯзномаи «Вақт» (дар Қазон ба забони тоторӣ чоп мешуд) то рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») чоп кардааст. Ин ҷо рисолаи арзишманди «Ба деҳқонони Тоҷикистон Инқилоби Уктобир чӣ дод?» (1927)-ро зикр намудан бамаврид аст. Рисолаи мазкур ду соли аввали фаъолияти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

 

ҶАВОНМАРДИ САХОВАТМАНД

Ба иқрори муҳаққиқон, устод Садриддин Айнӣ баъди чилсолагӣ оила бунёд кардаанд. Он овон адиби пуркор бо ашхоси шарафманди онзамонаи Самарқанд Мулло Исматуллои Раҳматуллозода, Абдулқодир Шакурӣ, Абдуллоҷон Абдухолиқзода, Ризохон Ҳодизода, Мардонқул Шоҳқурбонзода ва Абдуллоҷон Абдухолиқзода ошнои қарин буданд. Дӯстони муҳтарам меҳрубониву ёрии хешро ба адиби оламшумул дареғ намедоштанд.

Аз рӯи нигоштаи муаррихон дар кори оила барпо кардани устод Айнӣ муассиси нахустин мактаби усули нави форсии тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, ислоҳотгари маъруфи соҳаи маориф Абдулқодир Шакурӣ ва раиси Кумитаи инқилобии умумибухороии ҶХШ Бухоро Абдулқодир Муҳиддинов саҳиманд. Бо ҳидояту пешкории онҳо духтари яке аз бонувони бомаърифати Самарқанд Анварбегим (завҷаи Домулло Маҳмуди мударрис) Салоҳатбегимро моҳи октбяри соли 1920 ба Садриддин Айнӣ никоҳ карданд.

Анварбегим, пас аз даргузашти бармаҳали шавҳар, фарзандони хурдсолаш Абдулвоҳид, Сабоҳатбегим ва Салоҳатбегимро худ ба камол расондааст. Ҳини хонадоршавӣ Салоҳатбегим 18-сола буд. Аз сабаби нодорӣ, Анварбегим барои таъмини ҷиҳози арӯсии духтараш имкон надошт. Аҳволи домод низ беҳ набуд ва ӯ барои либосҳои арӯсӣ ва доир намудани сур маблағи зарурӣ пайдо накард. Маҳз дар ҳамон маврид, ҷавонмарди саховатманд Абдуқодир Муҳиддинов ба доди онҳо расид. Вай бо корҳои маорифи ҶХШ Бухоро омадаву бо мақсади осон гардондани вазъияти ногувор ба устод 75 сӯм «қарз» медиҳад.

Ҳамон овон устод Айнӣ дар болохонаи беруни Мулло Исматулло ном шахси яккаву танҳо мезист. Баъди хонадоршавӣ дар хонаи модарарӯсаш хонадомод шуда ба тангӣ рӯз мебурд. Хонаи модарарӯсаш аз ду ҳуҷраи куҳна бо боми фарсуда иборат буд. Онҳо дар андешаи хонаи алоҳида шуданд ва дар дарёфти манзил ба душворӣ мувоҷеҳ гардиданд. Масъалаи асосӣ ин набудани маблағи муайян буд. Дар ҳалли ин мушкилӣ низ ошнои дерин Абдуқодир Муҳиддинов ёрӣ намуд. Мавсуф аз маҳаллаи Қӯрғончаи Самарқанд ҳавлии нисбатан хуби Хушкомилбой ном шахсро харида, ба устод дод. Дар ин амали савоб Абдуқодир Муҳиддинов 150 сӯми тиллои шахсиашро масраф намуд.

Ҳамин хел, устод Айнӣ моҳи сентябри соли 1923 ба ҳавлии болозикр кӯчида, дар ин манзил то охири умр зиндагӣ ва эҷод кард. Абдуқодир Муҳиддинов минбаъд низ барои таъмини рӯзгор ва осуда, пеш бурдани зиндагии оилавии онҷониб, сари ҳар чанд муддат ёрӣ мерасонд. Ӯ бо истифода аз мансаб мекӯшид, то устод Садриддин Айнӣ бекамукостӣ умр ба сар барад…

 

РОЗИ НИҲОН

Бо гузашти солҳо, дастрас набудани аксар китобу рисолаҳо ва, ҳамчунон, бар асари воқеаҳои нобасомони солҳои 90-уми асри ХХ, он маводҳое, ки охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум каму беш ба табъ расида буданд, аз назарҳо дур монданд. Боиси зикр аст, ки пас аз ҳал шудани масъалаи тақсимоти ҳудудӣ-маъмурӣ, ки худ яке аз фаъолони он буд, Абдуқодир Муҳиддинов якумин Раиси Шурои комиссарони халқии Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо бовар метавон изҳор дошт, ки имрӯз ҳам дар бораи Абдуқодир Муҳиддинов хуб намедонем. Шахсияти ин родмард гӯё розеро мемонад, ки бо мурури вақт рух намуд. Дар ин ҷода касеро гунаҳкор кардан нашояд, зеро дар бораи ин шахсияти таърихӣ, фарзонафарзанди халқи тоҷик, сиёсатмадори давлатмард то солҳои 90-уми асри ХХ қариб матлабе ба назар намерасид. Шоири шӯридадили тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ гӯё маҳз дар бораи фарзанди азизи Ватан суруда бошад:

 Маро кай метавонанд аз забонҳо ҷамъ кард акнун,

Ман он рози ниҳон будам, ки берун аз даҳон рафтам.

Бале, дастрасии мавод дар хусуси фарзанди дилбанди тоҷик амалест бас сангин. Ба қавли доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмонов, «… дар бораи Абдуқодир Муҳиддинов бо нӯги сӯзан маълумот гирд овардан рост меояд».

 

  1. PS. Месазад, ки дар арафаи 100-солагии давлати Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат Абдуқодир Муҳиддинов ба унвони олии кишвар – Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардад.

 

 

Умари  ШЕРХОН

20.2.2024

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube