ДӮСТӢ ОБОД МЕШАВАД!?

11.01.2024. Соат ба вақти Бохтар 09:40 дақиқа. Бинобар таклиф ва дархости чандин хонанда аз ноҳияи Дӯстӣ ва шиносоии амиқи ҳайати эҷодии рӯзномаи мардумӣ аз дигаргуниҳо ва навпардозиҳои ноҳия дар соли пор, роҳ пеш гирифтем сӯи ноҳияи Дӯстӣ. Раҳораҳ дар худ андешидем, ки муддате шуд дар ноҳия набудем, шояд дар ин вақт хело обод шудагист? Аммо чун вориди ноҳия шудем, ҳамон гунае, ки буд онро пайдо кардем.

 

Мӯзадӯзон ҳоло ҳам сарпаноҳ меҷӯянд?

Соли гузашта бархе аз хонандагони газета дар бораи таъмин намудан бо ҷой ва макони кори кӯҳнадузон, ки ҳамарӯза дар маркази ноҳия ба кафшдӯзӣ машғуланд, навишта буданд. Даврон Нишонзода, раиси н.Дӯстӣ низ ваъда дода буд, ки барои фаъолияти онҳо шароити лозимаро фароҳам хоҳад кард.

Вале ин кӯҳнадӯзон имрӯз ҳам бидуни сарпаноҳ кор карда, мегӯянд, ки барои онҳо ин тарзи кор беҳтар аст, зеро бунёди дӯкону сарпаноҳ барояшон харҷи зиёдатӣ дорад…

Литсейҳо чӣ ҳол доранд?

Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 — уми декабри соли 2019, таъкид намуда буданд, ки «Ҳоло дар кишвар дар зинаи таҳсилоти ­ ибтидоии касбӣ аз рӯи 97 ихтисос, дар марказҳои таълимии калонсолон аз рӯи 57 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 166 ихтисос, дар маҷмӯъ, аз рӯи 454 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешаванд. Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18 сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд».

Дар Паёми имсола низ барои бо касбу ҳунар фаро гирифтани нафарони бешуғл андешаҳои судманд ироа гардид. Вале кас баъди дидани Литсейи касбӣ – техникии н.Дӯстӣ гумон мекунад, ки ин мактабҳо на 5, ки 10-солаҳо ақиб мондаанд.

Литсейи нимавайрона

Дар масъалаи таъмирталаб будани бинои таълимӣ, сехҳои омӯзишӣ ва хобгоҳҳои литсей аслан ҷойи сухан нест. Тамошои чунин мавзеъ андешаҳои касро ба солҳои баъдиҷангӣ мебараду вайронаи он солҳо пеши кас намудор мегардад. Инро ман на аз рӯи ягон ғараз, балки мушоҳидаи шахсӣ мегӯям, хонандаи азиз. Танҳо аксҳо кофӣ аст, то ин харобазорро бо чашми сар бубинӣ.

Дар таъмиру барқарорсозии ин даргоҳи касбу ҳунаромузӣ масъулон кутаҳдастанд? Ва ё бунёду азнавсозии онро кори зарур намешуморанд? Саволи посухҷуёнаест ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, Гулнора Ҳасанзода, ки литсейи мазкур зертобеи он аст.

Тавре иттилоъ пайдо кардем, хобгоҳи литсейи касбӣ тақрибан аз соли 1993 ҳолати кунуниро дорад. Масоҳаташ бошад 4,5 гаро дар бар дораду қисмате аз он харобазорро мемонад. Биное, ки барои хобгоҳ ҷудо намудаанд, чоршоёна буда, танҳо дар ошёнаи якуми он ҷо – ҷо касбомузон сарпаноҳ ихтиёр кардаанд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар чунин муҳит зиндагӣ кардан умуман имконпазир нест!

Гулмуроди Исломиддин, роҳбари литсей дар сӯҳбат бо мухбири рӯзномаи мардумӣ иттилоъ дод, ки аз ҳолати кор огаҳ аст ва барои ҳарчи зудтар бартараф кардани он чораҷӯйи менамояд. Ҳарчанд ба ин вазифа таъин шуданашро муддате гузашта бошад ҳам, ваъда доданд, ки дар муддати наздик бунёд хоҳем кард.

Г. Исломиддин ҳамзамон қайд кард, литсейи мазкур аз 11 гурӯҳ бо фарогирии беш аз 90 нафар иборат буда, бо филиалҳояш қариб 200 нафарро ба касбу ҳунаромузӣ фарогир мебошад. 29 омӯзгор ба онҳо таълим медиҳанд. Шогирдони ин боргоҳи омӯзишӣ бар замми ин қадар норасоию камбудӣ вазъиятро мусбӣ баҳогузорӣ менамоянд. Яъне тули 4 моҳ мешавад дар чунин муҳит одат ҳам кардаанд.

Ҷамоати калон шаҳраки вайрон

Чун вориди бинои ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолият дар ноҳия шудем, чашмамон ба расмҳое бархурд, ки набояд онҳоро ин қадар хор кард. Мегӯед чаро? Охир онҳо шиносномаи миллат буда, тоҷиконро аз рӯйи ҳамин бузургон ва муқаддасот мешиносанд. Овезаҳое, ки дар девори бинои ҷамоат овехта шудаанд, бозгӯи онанд, ки онҳо ҳадди ақалл  2 даҳсола пеш омода ва насб шудаанд. Утоқҳои бино чунон пур аз партову валангор аст, ки ҳатто бовари кас намеояд, ки дар ин ҷо ҷамоати шаҳрак воқеъ бошад. Қисмате аз он садамавӣ буда, аҳсанашон мехонам, ки дар чунин шароит ба мардум хизмат мерасонанд. Агар ман мебудам дар ин ҷо 1 дақиқа ҳам тоқат на- ме- кар – дам!

Ҳамасола тибқи қарори №614 аз мақомоти маҳал маблағи муайяне барои таъмири роҳҳо ҷудо карда мешавад. Лек ин қарор гӯё барои инҳо нест. Бо саволи мо, ки чаро дар ҷамоати деҳоти 32 солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта, таъмир нашудаанд, масъулонаш шояд тавассути газетаи СССР посух мегуфта бошанд?

 

Ош мехурӣ? Дӯстӣ рав!

11.01.2024. Соат ба вақти Дӯстӣ 12:50 дақиқа. Барои хӯрокхӯрӣ расо мо 20 дақиқа ҷой кофтем. Ниҳоят ошхонаеро пайдо карда, барои нишастан омода шудем, вале аз надоштани хуроки фароишшудаамон нороҳат гашта, он ҷоро тарк кардем. Ва баъдан ҷое рафтем, ки намерафтем беҳтар мебуд…

 

Хизматрасонии аҷоибулғароиб

Дар саҳни ошхонаи калон катҳо гузошта шудаасту бонуе бо овози баланд садо мекунад, ки ” Кӣ чӣ мехурад?». Аҷиб ин гуна менюи «овоздор ” – ро дар ягон гушаи дунё вохӯрдан мумкин аст, ба ҷуз ошхонаҳои ноҳияи Дӯстӣ???

Вақти он расидааст, ки пешхизматҳои на танҳо ошхонаҳои ноҳияи Дӯстӣ, балки тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз тарзи қабули меҳмонон дуруст ва тибқи қоидаи хизматрасонӣ огаҳӣ пайдо кунанд. Муоширати гуфтору рафторро бо мизоҷу меҳмон пешхизмат бояд дар ҷойи аввал гузорад! Ҳолати санитарии ошхонаҳои ноҳияро бошад манфӣ баҳогузорӣ менамоям. Бо чунин хизматрасониҳо мо нафақат пеш намеравем, балки ҷомеаро ҳам ба ақибнишинӣ даъват месозем.

 

КАТС – 1 қадам қафо…

Дар ин бора хостам чизи хубе нигорам. Аммо дар КАТС (Кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ), он ҷое ки бо саломатии ИНСОН сару кор доранд, вазъро наметавон ба аслан бо вожаи «хуб» нисбат дод.

Дар бинои маркази саломатии ноҳия на техногияҳои муосирро метавон диду на таҷҳизоту техникаҳои соҳавиро. Беруни биноро дидан замон гумон мекунӣ, ки дохилаш ҳам ҳамон гуна аст. Табибонашро аз бемор ҷудо кардан мушкил. Либоси сафеде, ки табибро аз бемор фарқ мекунад, ҳини сафари мо духтурон ба тан надоштанд. Чи расад ба дигар асбобу афзори соҳавӣ.

Ҳамасола аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Ҳукумати мамлакат садҳо марказҳои тиббӣ бунёду барқарор мегарданд, пас чаро дар ин минтақаи дурдаст шароити хизматрасонии тиббӣ чунин аст? Дуруст аст, ки мо марҳила ба марҳила пешрафт дорем, аммо то ин дам чаро яке аз раисони пешинаи ноҳия то имрӯз барои пешрафти Дӯстӣ  талош накардаанд?

Фаромӯш набояд кард, ки давлатро ману мову шумову онҳо обод мекунем! Пас ташаббус нишон дода, барои шукуфоии ин ноҳия камар бастан, аз оини ҷавонмардон аст!

 

Нуриддин Қосимзода,

БохтарДустӣ Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube