IMEI, мо, телефон ва проблемаи он

2 моҳи ахир масъалаи бақайдгирии рамзи IMEI-и телефонҳо ва дигар воситаҳои алоқаи мобилӣ, ки ҳатмӣ аст, барои мардум, хосса мизоҷони телефонҳои мобилӣ дарди сар овард. Хонандагони зиёд ба редаксия занг зада, дар бораи сабти дубораи телефонҳои мобилӣ ва андоз ё боҷи гумрукии нав зимни хариди воситаҳои мобилӣ изҳори нигаронӣ намуданд.

Сафо Нуров, яке аз хонандагони кӯҳансоли газетаи СССР, ки 81 сол дорад, зимни суҳбат гуфт, барои дар алоқа будан бо фарзандонаш 1 телефони одии нархаш 180 сомониро харидан хост, вале дар маркази фурӯши телефонҳо аз ӯ боз 30 сомонӣ боҷи гумрукӣ талаб карданд. Ва мӯсафед ҳоло ҳайрон мондааст, ки чаро бояд харидор андозу боҷи гумрукии иловашударо пардохт кунаду фурӯшанда, ки ҳар ҳафта садҳо телефону воситаҳои мобилиро аз хориҷ ворид карда, ба фурӯш мегузорад, не?

IMEI чист ва барои чӣ роҳандозӣ шудааст? Кӣ бояд боҷи гумрукии телефони навро пардохт намояд – фурӯшанда ё харидор? Ва дар умум барасмиятдарории телефонҳои наву бақайдгирии рамзи IMEI барои чӣ ва кӣ лозим аст? Ин буд мавзуъе, ки мо ҳафтаи равон пайгирӣ кардем. Мо Метавонем!

 

IMEI чист?

IMEI – ин рақами силсилавии иборат аз 15 рақам аст, ки дар дастгоҳ, талони кафолат (гарантийный талон), дар барчаспи зери батареяи баъзе дастгоҳҳо, қуттии телефон ё дастгоҳи дигаре, ки SIM-кортро қабул мекунад, нишон дода шудааст.

Ҳамин ҳоло метавонед телефони мобилиро боз карда, дар барчасп ё паси батареяҳои он рамзи IMEI – и телефони худро бубинед – ҳаст ва бояд дар ҳамаи намудҳои воситаҳои мобилӣ бошад!

 

Аз қарор 4 сол гузашт, аммо…

Тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 31.03.2020 рамзҳои IMEI-и ҳамаи таҷҳизоти мобилӣ, ки слоти симкорт доранд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид карда шаванд. Дар акси ҳол операторони мобилӣ бояд пас аз 30 рӯзи аввали фаъолии алоқавӣ кори онро дар телефон масдуд кунанд. 4 сол пеш ҳамаи операторони мобилӣ ҳамин корро карданд. Масъулин он замон гуфта буданд, ки бақайдгирии рамзи IMEI бояд назорат аз болои дастгоҳҳои мобилӣ, муайян ва мубориза бар зидди қочоқ ва телефонҳои қалбакиро таъмин намояд.

Тибқи қарори ҳукумат, бақайдгирии автоматии телефонҳои мобилӣ дар моҳи апрел анҷом ёфта буд. Шурӯъ аз моҳи май ҳамаи телефонҳои воридшаванда ҳангоми ворид шудан ба кишвар бояд аз расмиёти гумрукӣ гузаронида ва рамзҳои IMEI ҳангоми расмиёти гумрукӣ ба пойгоҳи ягона ворид карда шуданд.

Вале барои мо 1 ҳолат норушан монд, ки чаро бо гузашти наздики 4 сол аз ин қарор ва гӯйё сабту бақайдгирии пурраи IMEI-и дорандагони телефонҳои мобилӣ дар соли 2020, ин маърака авохири соли 2023 дубора роҳандозӣ ва фаъол гашт?

Масъулин таъкид медоранд, ки дар муддати 4 соли ахир ба бозор навъҳои муосири воситаҳои мобилӣ ворид шуда, шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ низ афзудааст. Вале бархе бар он ақидаанд, ки ин амал махсусан пас аз ҷинояти гӯшношуниди одамрабоӣ дар кишвар – дуздӣ ва куштори бераҳмонаи Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси Раёсати «Ориёнбонк» такони нав гирифт, зеро ҷинояткорон зимни ҷинояти худ аз телефонҳои мобилии сабтнашуда истифода бурдаанд… Ва пас аз ин сабти рамзи IMEI ҳатмӣ шуд!

 

Чаро «Dushanbe City»?

1 ҳолати дигаре, ки барои мо нофаҳмо монд, ин пардохти боҷи гумрукӣ зимни сабти рамзи IMEI тавассути бонки «Dushanbe City» аст. Ба ҳисоби миёна бақайдгирии рамз ба ҳар харидор 15-20% аз арзиши телефони харидашударо ташкил медиҳад ва ин маблағ на тавассути бонки давлатии Тоҷикистон – «Амонатбонк», ки тамомии пардохтҳои давлатӣ бояд тариқи он сурат бигиранд, балки тавассути хадамоти пулии «Dushanbe City» сурат мегирад. Чаро? Касе посух нагуфт!

Лозим ба таъкид аст, ки қаблан сабти рамзи IMEI ройгон анҷом дода мешуд. Ҳоло бошад, барои аз қайди гумрукӣ гузарондани телефонҳо аз шаҳрвандон 15 % нархи телефон ҳамчун андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ва 10 доллари ИМА ҳамчун хироҷи гумрукӣ гирифта мешавад. Ба ғайр аз ин боз аз муштариён 50 сомонии дигар меситонанд, аммо барои чӣ, маълум нест. Шояд барои хизматрасонии Вазорати молияву «Dushanbe City» бошад?!…

 

*3366#

Моҳе қабл по писарчаам сафари Аморати Муттаҳидаи Араб доштему дар ш.Дубай дӯстон ба писарам телефонии мобилии нави тамғаи «Honor» тақдим карданд. Ман фикр кардам, ки зимни баргашт дар бахши гумрукии фурудгоҳи Душанбе рамзи IMEI – и онро сабт мекунам. Зеро телефон ва ҳар дастгоҳи дигаре, ки бо симкорт кор мекунанд, ҳангоми овардан ба кишвар бояд дар нуқтаҳои гумрукӣ сабти ном шавад, вагарна қочоқӣ ба ҳисоб мераванд. Ман ҳам нахостам қочоқбар шавам, вале зимни фуруд касе аз гумрукчиён напурсиду нагуфт, ки бояд чӣ кор кард. Он замон таваҷҷуҳи ҳамаи кормандони гумрук ба ҷавоне афтода буд, ки 3 гӯшии нави Apple iPhone 15 дошту барои ҳар яки он то 3000 сомонӣ бояд боҷи гумрукӣ пардохт мекард.

Бо гузашти 2 ҳафта аз баргашт ба рақами телефони писарам СМС- паёмак омад, ки шумо бояд маблағи пардохти барасмиятдарории гумрукиро пардохт намоед, вагарна алоқа қатъ хоҳад гашт. Ана акнун сар шуд ташвиш!

Бо тавсияи ҳамкорон ба сомонаи IMEI.tj даромада, ба рақами *3366# – паёмак ирсол намудем (шумо ҳам хонандагони гиромӣ метавонед ин рамзро чида, дар бораи сабт будан ё набудани телефони худ посух бигиред). Ҷавоб омад, ки барои сабти рамзи IMEI – телефони нав ҳамаги 2 ҳафта вақт доред.

Пасон ба сомона ворид шуда, пурсишномаи электрониро пур кардем, вақте тамға ё навъи телефони мобилиро менависед, система худ боҷи гумрукиро муайан месозад. Ба мо ҳам посух омад, ки бояд расо 249 сомонӣ (арзиши телефони нав 3500 сомонӣ буд) боҷи гумрукӣ пардохт намоем, аммо на тавассути корти милливу бонки «Амонатбонк», балки ба воситаи «Dushanbe City». Ба ғайр аз 15% арзиши телефон боз 100 доллари ИМА ва 50 сомонӣ пардохт кардем!

Нахуст СМС – паёмак омад, ки маблағи шумо ба система ворид шуд, баъд паёмак расид, ки маблағи шумо ба бойгонии Вазорати молия ирсол гашт. Рӯзи дуюм паёмак омад, ки пул ба феҳристи Хадамоти гумрук гузашту танҳо дар рӯзи сеюм СМС – паёмак расид, ки рамзи IMEI телефони мобилии шумо сабт гардид! Уррааа!

 

Кӣ уҳдадор – тоҷир ё харидор?

Дар чанд рӯзи ахир мо аз якчанд мағозаву марказҳои фурӯши телефонҳои мобилӣ, хосса дар Маркази савдои «Садбарг» дидан кардем. Зимни фурӯш тоҷирон таъкид медоранд, ки сабти рамзи IMEI вазифаи онҳо нест ва харидор бояд худ аз пайи барасмиятдарории гумрукии воситаи мобилӣ шавад. Яъне, телефони мобилӣ харидӣ, бояд худат мустақилона онро сабти ном кунӣ. Ва касе аз фурӯшандагон ҳам наметавонад бигӯяд, ки кадом телефон, алалхусус телефонҳое, ки дубора ва ё аз дасти дуюм хариду фурӯш мешаванд, сабти рамзи IMEI доранд ё не? Фурӯшанда ин проблемаро аз сараш соқит месозад!

Дар Қароре, ки мо дар боло овардем, низ мушахассан гуфта нашудааст, ки сабти рамзи IMEI бар дӯши кист: фурӯшанда ё харидор? Ин нукта, ки хеле муҳим аст, аз тарафи вазорату хадамотҳои марбута аниқ карда нашуда, мардумро гаранг кардааст.

Масъулин тавсия медиҳанд, ки шаҳрвандон зимни хариди телефонҳои мобилӣ аз фурӯшандаҳо дар бораи қонунӣ ё ғайриқонунӣ ворид шудани асбобу ашё маълумот талаб намоянд. Лек ин кор хеле душвор аст, зеро 99% фурӯшандаҳо ин маълумотро дода наметавонанд, чунки на-до-ранд!

Тоҷироне, ки телефонҳо ва воситаҳои мобилиро яклухт ворид мекунанд, боҷи гумрукиву андози маҳсулотро дар марз пардохт мекунанд. Харидор ҳам вақте гӯшӣ харид, худаш боҷи гумрукиро месупорад. Оё ин андозбандии дукарата нест? Боз ҳам касе ҳозир нашуд, ки дар ин мавзуъ суҳбат намояд…

Пул ба куҷо меравад?

18 рӯз аст, ки фаъолияти алоқаи мобилии телефони писари редаксия Мубориз Достиев қатъ шудааст. Сабаб – сабт нашудани рамзи IMEI –и телефони мобилии Apple iPhone 15 PRO MAX (А2849), ки барои хубу аъло хондан, бародарбузургаш ба ӯ туҳфа карда буд. СМС – паёмак низ дар ин робита омадааст (ниг. ба акс). Тавре огоҳ кардаанд, пас аз гузаштани муҳлати барасмиятдарорӣ фаъолияти гӯширо бо дархости Хадамоти гумруки назди кишвар, Хадамоти алоқа қатъ кардааст.

Маълум, ки барасмиятдарорӣ ва боҷи гумрукии ин телефони мобилии муосиртарин ва №1-и имрӯз дар кишвари мо хеле гарон аст (аз 1800 то 3200 сомонӣ), аммо зимни пардохт ин маблағ, ки аз чанд вазорату идораву кумитаву хадамот мегузарад, ба куҷо меравад маълум нест – буҷаи давлатӣ ва ё буҷаи ин ё он вазорату кумита?

Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube