Ҳануз замони давлатдории Сомониён (асрҳои IX-XX) дар қатори якчанд девон (вазоратҳо) «Девони муҳтасиб» фаъолият мекард, ки он кори бозорҳо, тарозу ва сифати молҳои фурӯширо назорат мебурд. Девони мазкур метавонист фурӯши молҳои қалб ва бесифатро боз дорад ва бо нархи гарон фурӯхтани маҳсулотро манъ кунад. Аммо имрӯз, ки дар асри XXI зиндагӣ дорем, дар бозорҳо нарху навои муайян риоя карда намешавад ва фурӯшандаю ҳаннотони бозор чи тавре хоҳанд ҳамон тавр нарх мегузоранд. Масалан, килои гӯштро барои 1 кило аз 70 то 75 сомонӣ, нархи ангуру анор ва ғайра меваҷоти ситрусиро то ба 30- 50 сомонӣ барои 1 кг ва ғайра бардоштаанд.
Агар сухан аз КВД «Бозори деҳқон» (маҳаллаи Гипрозем) равад, бояд гуфт, ки ин бозор ба таъмиру бозсозӣ ниёз дорад. Молу маҳсулотро аксари фурӯшандаҳо дар рӯи замин монда мефурӯшанд, рафу қаторҳои лозима каманд. Ба замми ин нисфи масоҳати бозорро мошинҳои калони бордор ишғол кардаанд.
«Бозори деҳқон» ҳатто рӯзи беҳдошт (санитарӣ) надорад. Тобистон чангу хок ва зимистон дар натиҷаи боришот лою гил ба по мечаспад. Суоле ба миён меояд, ниҳодҳои дахлдор ба куҷо менигаранд? Чаро ҳолати беҳдоштии бозорҳо, нарху наво ва маҳсулоти пастсифат таҳти назорати маъмурияти бозор ё ниҳодҳои дахлдор қарор намегиранд?
Эмомиддин Камолзода,
ш. Душанбе