НОМИ МАН МАСХАРАБОЗ!

Номи Садриддинзода Ҷамолиддин Идрис шояд барои аксари хонандагони мо ошно набошад, аммо тамомии мардуми кишвар, алалхусус кӯдакон чеҳраи ӯро хуб мешиносанд. Зеро ӯ ҳамон Бобои Ҷамол – Масхарабози №1 –и Тоҷикистон аст. Дар арафаи юбилейи Клоуни №1 – 75 солагӣ мо меҳмони Сирки давлатии Тоҷикистон шуда, бо бобои Ҷамол сӯҳбате оростем, ки муҳтавои онро пешкаши шумо мегардонем.

 

 Умре барои Сирк

– Падарам зодаи н.Айнӣ, модарам аз Ёхсуи Ховалинг буданд. Оилаи бобоям муҳоҷир шуда, аз Ёхсу ба Орҷиникидзеобод меоянду дар деҳаи Оби нуқра мемонанд. Ман соли 1967 мактаби №53, ки номи Ҳабиб Юсуфиро дошт, хатм кардам. Ҳамон сол дар назди Институти педагогӣ факултаи санъат кушода шуд. Ҳуҷҷатҳоро бурда супоридам ва хушбахтона ба шуъбаи актёрӣ қабул шудам. Он вакт ба сирки тоҷик интихоби дастаи нахустин сар шуда буд. Шодравон Ҷурақулов, ки он замон яке аз ҳунармандони машҳури тоҷик ба шумор мерафт, маро ба сирк даъват кард. Барои суҳбат ба сирк омадам. Муаллимони зиёде аз Студияи сиркии ш.Маскав барои интихоби ҳайати ояндаи ҳунарӣ омада буданд. Маро пас аз суҳбати 1-ум интихоб карданд. Сирк гуфтаму аз баҳри институт ҳам гузаштам!

Солҳои 1969 – 1970 аллакай ҳайати нахустин омода шуда буд. Маро ба дастаи дорбозон шомил карданду барои таҷрибаомӯзӣ ба ш.Кемерово фиристоданд. Машқу тамрин дар авҷ. Ба шарофати 100 солагии зодрӯзи доҳӣ В.Ленин барномаи ҳунарӣ омода карда, намоиш додему ба ш.Тошканд сафар кардем. Тамомии гуруҳҳои ҳунарии сирки тоҷикро дар ш.Тошканд ҷамъ карда, пасон ба ш.Душанбе фиристоданд. Бинои сирки давлатии Тоҷикистон ҳам аллакай дар арафаи ифтитоҳ буд. Рудолф Славский (Заславский), клоуни машҳури советӣ, аввалин режиссери сирки давлатии Тоҷикистон, моро сарҷамъ кард. Бояд гуфт, ки саҳми мавсуф дар таъсисёбии сирки милли Тоҷикистон бориз аст.

Имсол 55 сол аст, ки ман дар ин сиркам ва рӯзамро бе он тасаввур карда наметавонам!

 

Сирк гуфтаму аз баҳри 3 зан баромадам

– Оилаи аввалам пешам шарт гузашт: ё сирк ё ман! Ин мисли ба сарам 1 сатил оби сард рехтагӣ барин шуд. Баромада рафтам аз хона – ба хизмат. Пас аз хизмат ба ш.Тошканд рафта, дар сирки ин шаҳр ба кор даромадам. Он ҷо низ бо 1  зани дигар ошно шудаму оиладор. Бо мурури замон вай ҳам пешам шарт гузошт: ё сирк ё ман! Сиркро интихоб кардам!

Баъдан ба сирки Душанбе баргашта, ба кор сар кардам. Он солҳо на ҳама ба ш.Душанбе омада метавонистанд ва сирки мо чанд гуруҳ ташкил намуда, ба шаҳру ноҳияҳо, хосса деҳаҳои дурдаст рафта, намоиш баргузор менамуд. Зимни 1 сафари корӣ ба н.Вахш бо завҷаи сеюмам ошно шудам, бо ҳам 18 сол зиндагии хуш доштему соҳиби 3 фарзанд гаштем. 2 писар ва 1 духтар дорам.

 Дар деҳаи оилаам мардуми немису яҳуд зиёд зиндагӣ мекарданд. Бо мурури замон хоҳарони оилаам ҳама ба Олмон рафтанд, пасон ба ману зану фарзандонам ҳам раводид омад. Зану фарзандонам рафтанд, ман Ватан ва боз сиркро интихоб кардам. Оилаам чанд сол пеш аз олам гузашт, фарзандонам дар Олмон монданд, имрӯз ҳам мегӯянд, ки рафта, бо онҳо зиндагӣ кунам, аммо ман наметавонам аз сирк дур шавам.

Зану фарзанд азиз аст, албатта, вале Ватан азизтар аз ҳама неъмати дунёст!

 

Дуо ва кулоҳи Юрий Никулин

– Солҳои 1989 -1990 дар ш.Маскав будам, он вақт бо шаҳодатномаи «Союзгосцирк», ки дар ҳудуди 15 республика обрӯву нуфуз дошт, метавонистем ба сирки дилхоҳ шаҳр дароем. Бо клоуни дигар Юрий Зубов ба сирки Маскав даромадем. Он замон Юрий Никулин бо шарики ҳамешагиаш Михаил Шуйдин саҳначаҳо мемонд. Пас аз дидани саҳнаи пирони кор ба утоқи шахсиаш даромада, худро муаррифӣ кардем.

«А, ребята из таджикского цирка!»- гуфта, моро ба оғуш гирифту хуш қабул кард. Ҳатто 1 кулоҳашро гирифта, ба ман ҳамчун туҳфа дод, мисле, ки дуоям дода бошад. Ин кулоҳ барои ман хеле муътабар аст, зеро кулоҳи худи Юрий Никулин мебошад!

Тули ин ҳама сол боре ҳам рӯи замин нагузаштаам. Дар саҳнаҳо ба сар мекунаму боз оварда эҳтиётона дар ҷояш мегузорам. Юрий Никулин дар афишаи хурди сиркӣ ҳам бароям як ёдномае навишта буд, аммо онро гум кардам…

 

Вохӯрӣ бо Карандаш

– Боз 1 воқеаи аҷиб ба ёдам омад. Клоуни машҳури рус Карандаш – Михаил Румянтсевро дар саҳна дидаам, вале дар ҳаёт не. Зимни гастроли ба ш. Симферополи Қрим ба сирк омадем, то васоиламонро гузошта, ба сайр бароем. 1  вақт марде аз наздамон гузашт, одӣ, миёнақад, дурусттар нигоҳ кунем, Михаил Румянтсев будааст, Артисти халқии СССР.

Салом додем, алейк гирифта, гуфт:

«Вы клоуны из Таджикистана?», «Мы еще не клоуны, но хотим стать клоунами!» – гуфтем. «Какие вы молодцы! Я тоже хочу стать клоуном, но жалко, постарел!» – гуфт ӯ.

Бузургии ҳунармандро дидед, ки новобаста аз ин қадар унвону мукофотҳо аз ҳунару истеъдоди худ қонеъ набуд.

 

Саҳна муқаддас аст!

Бобои Ҷамол мегӯяд, ки саҳнаи сирк барояш муқаддас асту ҳар боре, ки ба сирк ворид шудаву рӯи саҳна по гузошт, ба толор салом дода, остонаи онро мебӯсад.

   – Саҳна нони мост ва ман ҳеҷ гоҳ намегузорам, ки нафаре омада, рӯи дастурхони мо беэҳтиромӣ кунад, бо пушт нишинад. Тули фаъолият дар сирк чандин маротиба афтодаву дасту по ҳам шикастаам, вале ҳар вақте ба пой медаромадам, боз давида, ба саҳна мебаромадам. Боре ҳам аз интихоби худ пушаймон нашудаам, зеро СИРК ин ҳастии ман аст!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

А.Собир, суратгир

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube