ШУКУРЗОДА ҲАМ РАФТ…

18.10.2024. Мирзо Шукурзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон (2024), узви Иттифоқи нависандагон, узви Иттифоқи Журналистони СССР, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999) дар синни 75-солагӣ аз дунё даргузашт

… Ёд дорам, ману Сӯҳроби Зиё бо бародарон Мирзо ва Обид Шукурзодаҳо дар осоишгоҳи Зумради Исфара, дар соли 2001 дам мегирифтем. Устодон ҳарду хеле латифтабиат ва латифгутор буданд. Бо ишон аз субҳ то шом механдидем, вале ҳар бегоҳ чун суҳбатҳои илмиву маърифатӣ ва файласуфона баргузор мегардид, хеле ҷиддӣ мешуданд. Ба вежа устод Мирзо Шукурзода, ки роҷеъ ба миллату ҳувияти миллӣ ва таъриху фарҳанги ориёно хеле пуртаъсир баҳсҳои илмӣ менамуданд.

Мирзо Шукурзода сахткор буданд! Ба ҳадде, ки умрашонро бо маънои том сарфи килк ва худшиносии миллӣ кардаанд. Боре, Сӯҳроби Зиё-дӯсти донишманд ва журналисти тавоно, ки хеле мушоҳидакор аст, ба ман гуфт:

-Ба ангуштони устод Мирзо Шукурзода таваҷҷӯҳ кун ва обилаҳоро бинигар!!!

Ман дидам, ки ангуштони устод, аз доштани қалам ва навиштанҳо обилаи устуворе ба ҳадди донаи нахуд дар ҳарду пара пайдо кардаанд. Ва ҳар боре бо устод дидор мекардам, дасташонро мефишурдаму ун обилаҳоро палмос менамудам. Ин обилаҳо, ки бузургтарин шарҳи ҳоли 1 қаламфарсоянд, бо устод Шукурзода ба гӯр рафтанд, то сарнавишти Тоҷикону ориёнро дар Биҳишт бинвисанд:

Мард намирад ба марг,

Марг аз ӯ ном ҷуст.

Ном чу ҷовид шуд,

Мурданаш осон куҷост…

 

Зиндагинома

Мирзо Шукурзода 1 сентябри соли 1949 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омадааст. Соли 1966 мактаби миёнаи зодгоҳашро ба поён расонда, дар ҳамин мактаб 2 сол (1966—1968) омӯзгорӣ кардааст ва нахустин навиштаҳояш аз ҳамон айём дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд. Устод ун рӯзҳоро пайваста бо меҳру самимият ба ёд меоварданд ва аз шогирдони хеш, ки имрӯз намунаи офоқанд, бо ифтихор ҳарф мезаданд.

Соли 1968 ба пойтахти РСС Тоҷикистон омада, дар соли 1973 риштаи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленинро ба поён расонда, дар бахши гуфторҳои адабию драмавии Радиои ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1973—1982), нашриёти «Адиб» (1983—1984) ба фаъолияти журналистӣ ва адабӣ пардохт.

Нахустин очерки ҳуҷҷатияш «Баҳодури Дилварзин» (дар ҳамкорӣ бо дӯсти овони ҷавонияш, Мулло Боқӣ, ки роҷеъ ба ӯ соатҳо нақлу қиссаҳо меовард) соли 1976 ва китоби очерку мақолаҳояш «Ситораҳои рахшанда» соли 1986, маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои мусаннадаш «Теғи ҷонбахш» соли 1989 дар нашриёти «Адиб» интишор шудаанд.

 

Фаолият дар хориҷ аз кишвар

12 сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (1992—2004) ва 2 сол дар Афғонистон (1985—1987) фаъолият карда, дар Кобулу Теҳрону Душанбе ва Пешовари Покистон 20 китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ ба чоп расонд, ки «Тоҷикон дар масири таърих» (1994, 1997, 2006), «Кӯҳкане аз користони дил» (1992, 2001), «Парниёну ҳариру абрешим» (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ; 2002), «Ҷонпайванд» (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ; 2006), «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно» (30 мақола роҷеъ ба тоҷикон ва таъриху фарҳанги онон; 2006, 2007, 2009), «Ашки сари мижгони ман» (маҷмӯаи шеърҳо; 2004), «Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон» (маҷмӯаи мақолаҳо дар бораи тоҷикону ориёиёну эрониён; 1999, 2001, 2003), «Себи Самарқанд» (гулчини ҳазор рубоӣ аз фолклори тоҷик; 2001, 2008), «Ҳамосаи родмардони Хуросон» (2008), «Кимиёгари дурри дарӣ» (ба забонҳои форсӣ, русӣ ва инглисӣ, 2009), «Размоварони Ҳиндукуш» (2009) ва «Тӯшаи умри падар» (2013) аз он ҷумлаанд.

 

Тарҷумонӣ ва тасниф

Устод Мирзо Шакурзода дар таснифу таҳия ва тарҷумаву бозгардони осори зиёд адибони хориҷаву дохила дасти тамом доранд. «Наводири Зиёия»-и Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1997), эпоси қирғизии «Манас» (1977), баргузидаи ашъори устод Лоиқ «Рӯҳи Рахш» (1999), маҷмӯаҳои «Ашки тӯфон» (1994) ва «Гулчини ашъор»-и хонум Гулрухсор (2001), рисолаҳои «Ғарбзадагӣ»-и Ҷалоли Оли Аҳмад (2008), «Қуръон ва табиат» ва «Масъалаи ҳиҷоб» -и Муртазо Мутақаррӣ (1996, 2014-1998) маҳсули дасти ӯст. Барои «Донишномаи адаби форсӣ» (Теҳрон, 1996) беш аз 500 мақола навиштааст. Дар соли 2014 таълифи романеро таҳти унвони «Тӯфони тавсан» ба поён расонд, ки бобҳое аз ин роман дар моҳномаи «Садои Шарқ» (№ 11) интишор ёфт.

Дар соли равон, бо имзои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби дараҷаи олии пазироии давлат-соҳиби унвони Нависандаи Халқии Тоҷикистон гардид…

Устод Мирзо Шукурзода замони ахир ранҷур буданду дар беморхонаи вилояти Суғд бистарӣ, ки рӯзи ҷумъаи одинаи ҳамин ҳафта ба раҳмати Ҳаққ бупайвастанд. Худо раҳмату мағфират кунад, Инсон ва Тоҷик бо ҳарфи бузургро…

Ҳар лаҳзаро нафас бикашу зиндагӣ бикун,

Зеро, ки зиндагонӣ худаш 1 нафас бувад..

 

С. Мизроб,

Махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube