ФАЛАКРО ДАР ФАЛАК СОЗЕД МАШҲУР!!!

Ҳамасола рӯзи 10 октябр дар кишвари мо рӯзи ҷаҳонии Фалак таҷлил мегардад. Дар бораи ин жанре, ки дар аҳди истиқлол ҷаҳонӣ гаштааст, метавон хулоса кард, ки он дар даврони СССР рушд намуда буд. Ҳарчанд он зодаи кӯҳистон аст, аммо бо талошҳои пайвастаи фарҳангпарваронаи Сарвари давлат имрӯз ин жанри қадимаву оммавии мо дар сатҳи ҷаҳон дар китоби мероси фарҳанги умумибашарӣ сабти ном гаштааст. Аммо ин жанри маъмулии сирф тоҷикӣ имрӯз дар чи ҳол асту чаро хатари фанопазирӣ дорад, мавзӯе буд, ки ҳафтаи гузашта пайгираш будем.  Ту ҳам бо мо бош, хонанда, ки Мо Метавонем!!!

 

Фалак худшиносист

10.10. 2024.Соат ба вақти Душанбе 06:40 дақиқа. Субҳи барвақт тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ сурудҳои халқии Фалакӣ пахш гардид. Сурудҳои пешниҳодшуда на танҳо барои қадршиносии ин мероси гаронбаҳо, балки барои андешидан дар бораи нақш ва аҳамияти он дар ҷаҳони муосир бахшида шуда буд.

Таври  маълум, Фалак на танҳо 1 жанри мусиқӣ, балки инъикоси рӯҳи халқи тоҷик, фалсафаи зиндагӣ ва яке аз василаҳои худшиносии миллӣ мебошад. Ин падидаи нодири фарҳангӣ дар тӯли асрҳо ҳамчун оинаи ҳаёти маънавии халқ хизмат карда, дар худ на танҳо арзишҳои бадеӣ, балки моҳияти амиқи иҷтимоӣ ва фарҳангиро таҷассум кардааст. Ҳоло ин жанри қадимаи миллиро дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷойгир кардаанд ва ҳамасола иштирокчиёни зиёде аз руйи ин номина ҳунарнамоӣ мекунанд. Аммо ҳоло ҳам дар омухтану шинохти амиқи пурраи он аз ҷониби насли ҷавон, ки меросбарони фарҳанги башарии мо ҳастанд, костагӣ ва беаҳмамиятӣ эҳсос мегардад.

Дуруст аст, ки дар замони истиқлол мубрамияти он аз тарафи роҳбарони дахлдор хуб дарку фаҳм гардид. Аммо мо бояд ба нақш ва ҳифзи он дар ташаккули ҳувияти миллӣ, дар шароити глобализатсия, интернетизатсия ва ҷаҳонишавии ғояҳои сӯзандаи саргармкунандаи мусиқӣ андеша намоем.  Бархӯрди тамаддунҳо дар давраи тағйирёбии босуръати кайҳонӣ ва фарҳангӣ бисёр анъанаҳоро зери хатари нобудӣ гузоштааст, ки Фалак ҳам истисно нест.

 

Фалак – василаи ҳифзи ҳувияти миллӣ

Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Фалак на танҳо ҳамчун мероси фарҳангӣ, балки ҳамчун василаи муҳими нигоҳдории ҳувияти миллӣ ва робитаи наслҳо аҳамияти махсуси беш аз пеш пайдо мекунад. Аммо таваҷҷӯҳи насли ҷавон бо он чи гуна аст, мо атрофи ин назарсанҷӣ гузаронидем.

Мадина Саидзода, омӯзгор аз шаҳри Бохтар дар суҳбат бо хабарнигори СССР баён дошт, ки «мо ҳарчанд дар мактабҳо ин жанрро омӯзем ҳам, барои пурра аз худ кардани вежагиҳои он мактабҳои мусиқӣ бояд фаъол бошанд. Чунки дар 45 дақиқаи дарсӣ наметавон аз умқи ин ганҷинаи ниёгон гавҳар бардошт. Оид ба таваҷҷӯҳи насли ҷавон ҳаминро метавон гуфт, ки ҳавас ҳаст, аммо ҳавсалаи омӯхтани пурраи он дар зинаҳои болоӣ муайян мегардад!».

Фалак, ки решаҳояш ба умқи асрҳо мерасад, дар заминаи ҷаҳонбинии хоси мардуми кӯҳистон ташаккул ёфтааст. Муҳити кӯҳистон, ки дар он инсон худро дар баробари табиати бузург хурду нотавон эҳсос мекунад, боиси пайдоиши навъи хоси тафаккур ва ҷаҳонбинӣ гардидаву  дар Фалак инъикоси бадеии худро ёфтааст.

Самандари Эмомалӣ, донишҷӯ мегӯяд, ки барои хондани Фалак барритони овози боқувват лозим, аммо ҷавононе, ки авлодан ба ин касб машғуланд, метавонанд онро комилтар иҷро намоянд. Зимнан бахшиш, вале аз ман Фалаксаро намебарояд. Ман аллакай касби ояндаи худро интихоб кардаам. Ва он на Фалаксароист!

 

Инъикосгари розу ниёзи мардум

Раванди таърихии ташаккули Фалак нишон медиҳад, ки ин падида ҳамеша дар ҳоли таҳаввул будааст. Ҳар давраи таърихӣ ба Фалак унсурҳои нав илова мекард, вале моҳияти асосии он – баёни самимонаи эҳсосот ва ҷаҳонбинии хоси мардумӣ тағйирнопазир боқӣ мондааст. Имрӯз мо вақте Фалак мегӯем, розу ниёзи мардуми кӯҳистон пеши назар меояд. Дар кӯҳистон онро устодони шинохта чи дар гузашта ва чи дар имрӯз хело гӯшрасу нишонрас ба мардум мерасонанд. Аз нолаи танҳои чӯпон дар кӯҳсорон то овози пуртаъсир дар толорҳои бузурги консертӣ – Фалак роҳи дарозеро тай кардааст, вале ҳамеша ҳамчун оинаи рӯҳи халқ боқӣ мондааст.

Хайриддин Беков, сокини н. А. Ҷомӣ бар он назар аст, ки дар давраи шуравӣ, Фалак мисли дигар жанрҳои анъанавӣ бо маҳдудиятҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Яке аз муҳимтарин маҳдудиятҳо манъи истифодаи ашъор бо мазмуни ирфонӣ буд. Аммо замони соҳибистиқлолӣ онро абармардони майдони ҳунар мисли Давлатманди Хол, Файзалӣ Ҳасан ва дигарон ҷону равони дигар бахшиданд. Чун Одина Ҳошим онро аз вартаи нобудӣ наҷот додааст, пас ояндасозони санъат ва фарҳанг вазифадоранд, ки онро ба дигарон омузанду ҳифз намоянд.

– Ҳарчанд барои сароидани ин жанр боре кӯшиш накардаам, аммо дуруст фаҳм кардам, ки барои Фалакро бо тамоми нозукиҳош сароидан овози Худодод ва кӯҳистонӣ лозим будааст, – мегӯяд ӯ.

Фазлиддини Раҳмон, роҳбари мактаби санъати бачагона дар шаҳри Бохтар бар он андеша аст, ки барои пурра ҷалб кардани хонандагон ба осори жанри Фалак онро бояд дар соатҳои дарсии мактабӣ зиёдтар ҷорӣ кард.

 

Фалак хоҳад монд!

Бисёр ҳунармандони муосир ба эҷоди асарҳои нав дар жанри Фалак рӯй овардаанд. Ҳоло метавон иброз кард, ки Фалак дар ҳама маросимҳои суннатии мардуми тоҷик ворид гашт ва ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги мардумӣ шуд. Ҳоло Фалак сирф моли миллати Тоҷик аст ва дар давраи истиқлол на танҳо аз маҳдудиятҳои идеологӣ озод шуд, балки имконияти рушди ҳамаҷониба пайдо кард. Ин раванд имкон дод, ки Фалак ҳамчун 1 падидаи мураккаби фарҳангӣ, ки дар худ мусиқӣ, шеър, фалсафа ва ирфонро муттаҳид мекунад, аз нав кашф ва дарк карда шавад.

Сабаби таваҷҷуҳи ками ҷавонон ба ин жанрро муҳаққиқон бо омилҳои гуногун баста мекунанд: коҳиши шумораи донандагони касбии Фалак, тағйири завқи насли ҷавон, мушкилоти молиявӣ дар соҳаи фарҳанг. Ҳарчанд ин жанр дар тӯли таърих ба монеаву чолишҳои гуногуни идеологиву мазҳабӣ рӯ ба рӯ шудаву имрӯз неомусалмонон ҳатто суруду мусиқаро ҳарому куфр ҳукм мекунанд, вале бо бовари том метавон гуфт, ки Фалаки мо фанонопазир хоҳад буд. Зеро Фалак аз мо буд, дар мо ҳаст ва аз мо хоҳад монд!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон  

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube