ИСФАРА МЕГИРАД-ВАҲДАТ НА!

Карим Музаффарови 89-сола, мухлис ва муаллифи доимии газетаи мардумӣ, нафақагир барои хизматҳои махсус дар ҷумҳурӣ, аз ш.Исфара бо идора тамос гирифта (тел: 918223159), гуфт, ки ба Теша Салоҳов, хонандаи дигари газета аз ш.Ваҳдат гуфтание дорад.

– Салом дӯсти азиз! Шумо чанд шумора пеш ба идораи газетаи СССР муроҷиат карда, гуфтед, ки бо зиёд шудани маошу нафақа, иловапулии нафақахурони махсуси сатҳи ҷумҳуриявӣ ё ин ки чӣ тавр мегӯянд «персональный пенсионер» дар ш.Ваҳдат зиёд нашуд. Шояд сабаб дар идораву сохторҳои марбутаи шаҳри шумо бошад, ки иловапулии 19 нафақахӯри махсусро зиёд накарданд, зеро иловапулии нафақахӯрони махсус дар ш.Исфара зиёд шудааст. Мо ҳама, аз он ҷумла шахсан ман, ҳар моҳ 4 нишондод – 288 сомонӣ иловапулӣ бар замми нафақаи аслӣ мегирам ва дар ин кор ҳеҷ мушкил нест.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube