Кормандони филиали №62-и ноҳияи Темурмалики КВД БА ҶТ «Амонатбонк» соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд

Боз як бинои хуштарҳу замонавӣ барои кормандони Амонатбонк бо тамоми шароитҳои муосир ки барои кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст ба истифода дода шуд. Бинои нави филиали рақами 62-и “Амонатбонк” дар ноҳияи Темурмалик мутобиқ ба талаботи замони имрӯз навсозӣ карда шуда, дар ин ҷо барои зиёда аз 26 нафар кормандон шароити муосири кору фаъолият муҳайё гардидааст.

Зимни ифтитоҳи бинои нави филиали №62-и Амонатбонк дар ноҳияи Файзобод Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Темурмалик иштирок намуданд.

Бинои мазкур дар гузашта ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» тааллуқ дошт ва аз тарафи КВД БА ҶТ “Амонатбонк” иншоот харидорӣ ва мутобиқ ба талаботу меъёрҳои соҳаи бонкдорӣ таъмиру навсозӣ карда шуд.

Бинои нави филиал масоҳаташ бештар 900 метри мурббаъ буда, дорои қариб 8 ҳуҷраи барҳавои корӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

 

 Кормандони филиали №16-и ноҳияи Файзободи КВД БА ҶТ «Амонатбонк» соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд.

Бинои тозатаҷдиди филиали №16-и КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод дар доираи иқдомҳои созандагӣ ба истиқболи 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои нави филиали рақами 16-и “Амонатбонк” дар ноҳияи Файзобод мутобиқ ба талаботи замони имрӯз навсозӣ карда шуда, дар ин ҷо барои зиёда аз 40 нафар кормандон, ки аксарашонро бонувон ташкил медиҳанд, шароити муосири кору фаъолият муҳайё гардидааст.

Зимни ифтитоҳи бинои нави филиали №16-и Амонатбонк дар ноҳияи Файзобод Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ ва Раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода иштирок намуданд.

Бинои мазкур дар гузашта ба ҶСК “Агроинвестбонк” тааллуқ дошт ва аз тарафи КВД БА ҶТ “Амонатбонк” иншоот харидорӣ ва мутобиқ ба талаботу меъёрҳои соҳаи бонкдорӣ таъмиру навсозӣ карда шуд.

Корҳои таъмиру навсозӣ дар мӯҳлати кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд иҷро гардид ва дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ, ки аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст, аз ин пас хизматрасониҳои бонкӣ дар шароити мусоид ба роҳ монда мешавад.

Бинои нави филиал масоҳаташ бештар 580 метри мурббаъ буда, дорои қариб 10 ҳуҷраи барҳавои корӣ, толори маҷлис бо 50 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Аснои ифтитоҳи бинои нави филиали № 16-и ноҳияи Файзобод Раиси Раёсати Амонатбонк масъалаи боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ноҳия, ба таври васеъ ба роҳ мондани хизматрасониҳои нав бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ ва устувор гардонидани мавқеи Бонк ҳамчун бонки давлатӣ дар бозори байнибонкии кишвар, андешидани чораҳо дар самти баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ ва фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, тақвият бахшидани фаъолият ҷиҳати такмили савияи касбии кормандони Бонк доир ба истифодаи технологияи рақамӣ, зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои кишоварзиро ба миён гузошта, ифтитоҳи иншооти мазкурро аз иқдомҳои наҷибу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

 

Маросими ҷоизасупорӣ ба футболбозони “Амонатбонк”

Бо иштироки Раиси Раёсати Бонк Икромӣ С.С., ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷуразода, директори лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов маросими ҷоизасупорӣ ба футболбозони “Амонатбонк” сурат гирифт.

Дар вазъияти тантанавӣ ба дастаи футболбозони “Амонатбонк”, ки дар Суперлигаи Тоҷикистон-2023 ғолиби ҷойи сеюм гардида буданд, нишони биринҷӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболбозони “Амонатбонк” шомили лигаи футзали Тоҷикистон буда, пайваста дар мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футбол фаъолона ширкат варзида, ба ин васила дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим саҳм мегузоранд.

 

 Мизоҷони муҳтарам, дастрас намудани ПИН рамзиКорти миллӣаз Амонатбонк тариқи СМС ҷорӣ карда шуд

Минбаъд нафароне, ки корти нав мегиранд рамзи махфии корти худро мустақилона бо тариқи ирсол намудани СМС ба рақами 5151 дастрас мекунанд.

Тартиби дастрас намудани ПИН рамз

  1. Рақами телефони мизоҷ бояд ҳатман ба хизматрасонии СМС паёмак ба корти худи мизоҷ пайваст бошад.
  2. Дар ҷои матни СМС рақами 1885 ва чор рақами охири кортатонро нависед.
  3. Навиштаҷоти худро ба рақами 5151 ирсол намоед.

Сипас ПИН рамз ба Шумо тариқи СМС дастрас мегардад.

Маълумоти бештар тариқи рақами 1885

 

Диққат!

Амонатбонк бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна, ворид намудани техникаву таҷҳизот барои истеҳсолоти воридотивазкунанда, инчунин барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат қарзҳои имтиёзнокро аз ҳисоби маблағҳои Бонки давлатии рушди Хитой бо доллари ИМА ва юани чинӣ пешниҳод менамояд.

Қарзҳои имтиёзнок бо доллари ИМА

Маблағи пешниҳоди қарз: аз 50 000 (бо доллари ИМА)

Муҳлати пешниҳоди қарз: то 60 моҳ

Меъёри фоизи солона: 8,5 % (доллари ИМА)

 

Қарзҳои имтиёзнок бо юани чинӣ

Маблағи пешниҳоди қарз: аз 400 000 (бо юани чинӣ)

Муҳлати пешниҳоди қарз: то 60 моҳ

Меъёри фоизи солона: 8 % (юани чинӣ)

Барои гирифтани қарз ба Раёсати “Амонатбонк” муроҷиат намоед.

Маълумоти бештар: 1885

 

Шуъбаи матбуоти КВД БА ҶТ «Амонатбонк»

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube