Мисли ҳазорон ҳазор бачаҳои давлат (тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳо) Санг Тоҳирови кӯлобӣ низ хело барвақт, дар 7 – солагӣ бесаробон, ба қавли кӯҳистониҳо сағера монд. Зистан дар оғози садаи ХХ басо сангин буд. Одамони савобгир ятими бекасро ба шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) оварда, ба мактаб- интернати давлатӣ супурданд. Ӯ то 12- солагӣ дар ин даргоҳи умедбахш таҳсилу тарбият ёфт. Ва пас ба қавли онҷониб «ба ҷигари кӯҳистон»- шаҳри Кӯлоб баргашт…
Он давра дар музофот нафарони босавод камчин буданд. Каси бо хату савод, навраси қобилу зиракро ҳукуматдорони маҳал ба оғӯши меҳр гирифтанд. Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Кӯлоб Санги 12- соларо ҳамчун коргузор ва хаткашон ба кор ҷалб кард.
Соли 1925 Санг Тоҳиров 13- сола муовини директори Идораи ғаллатайёркунии шаҳри Кӯлоб таъин гардид. Ӯ акнун, ба қавле «калон» байни халқ соҳибэҳтиром шуда буд. Моҳи июни соли 1927 ҷавони қобилу уҳдабаро котиби кумитаи комсомоли шаҳри Кӯлоб интихоб ва то соли 1929 адои ин вазифа кард.
Тошканд
Моҳи августи соли 1929. Зиндагӣ бо маҷрои худ равон буд, ба назар ҳама хуб буду соз. Сангро роҳбарияти шаҳри Кӯлоб даъват карда, фаҳмонданд, ки акнун вақти хонданат фаро расид, ту бояд савияи дониши хешро баланд бардорӣ. Барои ҳамин туро ба хондан мефиристем…
Ҳокимияти Советӣ «бачаҳои давлат»- ро дар мадди аввал мехононданд ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда сафарбар менамуд. Ҷавонони қобилу боистеъдодро ба курсҳои як – дусола, институту университетҳо барои таҳсил мефиристоданд. Соли 1929, моҳи август Санг Тоҳиров ба чунин ғамхории давлат фаро гирифта шуд. Ҳайати ҷавонони тоҷик аз гӯшаҳои дурдаст дар пойтахт ғун омада, тавассути қатора ба шаҳри Тошканд равон шуданд. Онҳоро ба бахши кормандони комсомоли донишгоҳ (САКУ) шомил карданд.
Комсомол
Ду соли таҳсил дар САКУ- и ба номи В.И. Ленин шаҳри Тошканд мисле дар як нафас паси сар шуд. Ҷавонони тоҷикро аз Ӯзбекистон ба ихтиёри КМ ЛКСМ Тоҷикистон роҳхат доданд. Дар Сталинобод ҷавонони фараҳмандро хуш пазируфтанд. Санг Тоҳиров ба ноҳияи Ховалинг омада, тайи солҳои 1930- 1933 ҳамчун котиби якуми Кумитаи комсомоли ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон софдилона фаъолият намуд. Созмони ҷавононро пешгузар кард. Дар пешрафти корҳои хоҷагидорӣ, сиёсӣ, маданӣ ва дигар бахшҳо мақоми комсомолро боло бардошт…
Соли 1933 КМ ЛКСМ Тоҷикистон Санг Тоҳировро ба пойтахт хонда, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Тошканд, ба Университети Осиёи Миёнагии ба номи В.И.Ленин раҳнамун сохт. Санг таҳсилро аз курси чорум идома бахшид.
Соли 1934 мавсуф донишгоҳро хатм ва ба Ватан баргашт. КМ ЛКСМ Тоҷикистон ин дафъа Санг Тоҳировро ба ноҳияи Ҷиликӯл фиристод. Ӯ солҳои 1934- 1935 ҳамчун котиби ташкилоти комсомоли ноҳияи Ҷиликӯл, с.1935- 1937 котиби комсомоли ноҳияи Балҷувон, с.1937- 1938 ба сифати мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон ифои вазифа намуд.
Сталинобод
Моҳи ноябри соли 1938 Санг Тоҳировро ба пойтахт даъват карданд. Вай бо андешаҳои мағшуш озими шаҳри Сталинобод шуд. Он солҳо раҳи соз набуд ва ӯ танҳо рӯзи савум ба пойтахт расида, дар меҳмонхона ҷо гирифта, сару тани худро ба тартиб даровард.
Пагоҳаш супориш шуд, ки роҳбарии истироҳатгоҳи «Варзоб»-и ноҳияи Варзобро бар дӯш гирад. Гуфт, итоат, ва аз пайи кори накӯ кӯшид. То аввали соли 1941 дар ин вазифа кор кард. Моҳи январ ӯро ба ҳукумати шаҳр даъват карда, гуфтандаш, туро ба Идораи хӯроки умумии шаҳри Сталинобод ҳамчун муовини сардор фиристоданием, чӣ фикр дорӣ? Гуфт, ман бачаи давлатам, куҷое лоиқ донед, ман омодаам…
Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Соли 1942, моҳи сентябр, шаҳри Сталинобод. Аз оғози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 кунун 15 моҳ сипарӣ мешуд. Ҷавонмарди ватандор Санг Тоҳиров мисли моку дар таку дав буд. Чанд бор ба комиссариати ҳарбии шаҳри Сталинобод ва Кумитаи комсомоли шаҳр рафт. Масъулон таскинаш медоданд, вақту соаташ, ки расид, мехонем…
Дар фронт вазъият ҳамоно вазнин буд. То ба он муддат Иттиҳоди Шуравӣ талафоти зиёди ҷонӣ, ҳудудӣ, саноатӣ, равонӣ ё хайрро аз сар мегузаронд. Аз хурд то бузург бар зидди фашистон бархоста буданд. Дар ақибгоҳ мӯйсафедон, занону наврасон дар заводу фабрика ва хоҷагиҳо шабу рӯз заҳмат кашида, саҳми хешро дар ғалаба мегузоштанд.
Аскарони тоҷик низ аз рӯзҳову моҳҳои аввал дар корзор бар зидди душман ҷон дар рамақ буданд. Дар ақибгоҳ Ҳукумати Советӣ як зумра мутахассисонро нигоҳ медошт. Қатъи назар аз вазъияти мураккаб ба онҳо ҳуҷҷати махсус – «брон» дода, аз сафарбарӣ ба ҷабҳа худдорӣ мекард. Дар сафи имтиёз (брон) – дорон муаллимони мактабҳо авлавият доштанд.
Корзор
Санг ин дафаъ комиссари ҳарбиро сахт гирифт:
– Барои дар сафи пеши фронт будан, ман ду «лгот» (имтиёз) дорам. Якум, ман аз ҷигари кӯҳистон, аз шаҳри далерони Кӯлоб мешавам. Дуюм, ман бачаи давлатам, маро Ҳукумати Советӣ калон кардааст. Айб аст охир, бачаҳо дар фронт меҷанганду ман ду даст дар ҷевак (киса) дар растаҳои Сталинобод мечархам…
– Офарин, писар, – гуфт афсари умрдида. – Аз ҷигари кӯҳистон буданат маълум… Дар навбати аввал дархости шумо ҳал мешавад…
Он рӯзи деринтизор фаро расид. Санг бо аҳли хонаводааш хайру хуш карда, ба макони сафарбарӣ роҳ гирифт. Ӯ ба духтарчаҳояш ваъда дод, ки ҳатман зинда ба хона бармегардад…
Оренбург
Ҳаво сард, дар вокзали роҳи оҳани Сталинобод, ба қавле ҷойи сӯзанпартоӣ набуд. Паровоз беист наъра мезаду буғ мефишонд, то аскарон ҳар чӣ зудтар савор шаванд…
Поезд ниҳоят фишшосзанону тарақо- турқкунон ба роҳ баромад. Анбуҳи мардум дар ҷунбиш афтода, доду ғиреви гуселгарон, нолаҳои ҷигарсӯзи модарон ба само печид…
Ҷавонони навомӯхт ба муаррифӣ гузаштанд. Идибек аз Ғарм, Собир аз Кангурт, Собит аз Истаравшан, Пайшанбе аз Ишкошим, Додохон аз Хуҷанд. Чун навбат ба ҷавонмарди резапайкари хушандоми гандумранг расид, гуфт:
– Санг Тоҳиров, аз ҷигари кӯҳистон….
Ҳамроҳон бо шунидани ин суханон рӯҳ гирифта, инони хандаро аз даст раҳо карданд. Ҳамин тавр ҳамроҳон Сангро «аз ҷигари кӯҳистон…» унвон доданд. Вай аз чунин тарзи муроҷиат озурда намешуд, баракс аз шунидани ин ибораи гӯшнавоз ҳушаш меомад.
Роҳ тулонӣ буд ва ҳар мавриди муносиб наваскарони тоҷик аз вай хоҳиш мекарданд, ки ягон шеър ё суруде бихонад. Вай бо фаҳми хеш нағмапардозӣ мекард:
Бе рӯи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод.
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод.
(рубоӣ аз Рӯдакӣ)
***
– Ҷуфт шавад, ҷуфт…- баланд мешуд нидоҳои ҳамроҳон
Мусулмонон, дар ин шаҳри шумоем,
Ғарибу бекасу беошноем.
Чилимро пур кунед баҳри мусофир,
Ки имрӯз инҷаву фардо куҷоем…
– Гузарондӣ, Санг, гузарондӣ сағера, зиқмон кардӣ «аз ҷигари кӯҳистон», – гуфт Додохон маҳзунона…
Қатора дар истгоҳи шаҳри Оренбург қарор гирифт. Дар казармаи мувақатӣ наваскаронро оббозӣ доронда, пӯшоки зимистонаи ҳарбӣ доданд. Сар аз субҳи дигар, даҳ рӯз бо яроқу аслиҳаи ҷангӣ ошно шуданд. Машқҳои тактикӣ гузаронданд…
Ленинград
Дар ситод фармондеҳон аз рӯзгори пеш, дониш ва қобилияти наваскарон ошно шуда, онҳоро ба гурӯҳу қӯшунҳо ҷудо карданд. Забондонӣ (русидониаш дар назар аст), зиракӣ, қобилияти ҷавони кӯҳистонӣ кор дод. Сангро ба гурӯҳи алоқачиён ҷудо карданд.
Вай акнун дар ҳайати қисми ҳарбии №14691 «В» (алоқаи саҳроӣ), дар фронти Ленинград бар зидди фашистони ғаддор меҷангид. Ғалтаки сими алоқа гоҳе таҳи каш, гоҳе дар пуштора, афтону хезон дар сармои қаҳратун аз як хандақ ба хандақи дигар, ба хатти пеши корзор ҳаракат мекард. Қӯшунҳо ҷангкунон пеш мерафтанд, алоқачиён низ аз нав «тор метаниданд» аз нуқтаи фармондеҳӣ то ба хандақҳои аскарони пешгард…
Санг Тоҳирови кӯҳистонӣ тарсро аз гузари хаёл дур карда буду аз фашистон сари мӯе ҳарос надошт. Қисмат дар дасти Парвардигор аст, мегуфт боварибахш ба дӯстони ҳамяроқаш…
Командири батарея лейтенант Березовой аз хизмати содиқонаи аскари қаторӣ – тоҷикписар қаноатманд буду Сангро назди ҳамхизматонаш месутуд. Ӯро барои нотарсиаш, байни сарбозон намунаи ибрат медонистанд.
Муҳорибаи Ленинград барои аскарони навомада мактаби маҳорати ҷангӣ шуд. Тоҷикбачаҳо ҳам ба сармои қаҳратун тоб оварданду ҳам ба душвориву сахтиҳо майдони набард…
Баъди озод гардидани шаҳри Ленинград аз дасти душманони истилогар, бо пешниҳоди фармондеҳӣ аскари қаторӣ, ҷавонмарде аз ҷигари кӯҳистони тоҷик Санг Тоҳиров барои нишон додани матонату мардонагӣ дар ҷабҳа, нахуст бо медали «Барои шуҷоат» (соли 1942) ва соли 1943 бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» қадрдонӣ гардид.
Кёнигсберг, Берлин…
Тибқи нақшаи генералии Армияи Советӣ қӯшунҳои фронтҳо паёпай шаҳру деҳоти Иттиҳоди Шуравиро аз хасм озод карда, фашистонро то лонашон пешандоз мекарданд. Кунун сарбозони советӣ бомаром кишварҳои Аврупоро низ аз фашистони немис озод менамуданд.
Қисми ҳарбии онҳо ба самти Кёнигсберг ҳаракат намуда, ин шаҳри истеҳкомиро озод намуда, рӯ ба Берлин оварданд. Дар баробари муҳорибаҳои шадид нақшаи фармондеҳон низ тез- тез тағйир мехӯрд. Санг Тоҳиров бо дастаи алоқачиён дар маркази набард, сари вақт алоқаро барқарор мекарданд…
Баробар бо дигар сарбозони советӣ Санг дар аввали моҳи майи соли 1945 Берлинро ишғол карданд. Рӯзи 9- уми май табли ғалаба баланд садо дод.
Сталинобод
Зафарёри тоҷик Санг Тоҳиров баъди ғалаба бар Германияи фашистӣ хизматро идома бахшида, моҳи октябри соли 1945 аз хизмат ҷавоб шуд. Бо сад орзуву умед ба парвоз омад, ба дидори пайвандонаш, аммо дар Сталинобод дари хонаашро баста ёфт. Ба пешвозаш касе набаромад. Ҳамсояҳо аз бозгашти сарбози ордендор изҳори хушҳолӣ доштанд.
Марди умрдидае, ҳамсояи қарин сарбозро ба хонааш бурд. Дастархон густурда чою нон овард. Оҳиставу мулоим ӯро аз асли воқеа воқиф гардонд. Гуфт, ҳамсараш бо марде рӯзгор доранд, духтарчаҳояш (Зебо, 11 сола, соли тавалудаш 1939 ва Гавҳарбӣ, 8 – сола, с.т.1939), шукрона сиҳату саломатанд.
Санг боқӣ чизе намешунид. Ба сараш гӯё як сатил оби хунук рехта бошанд. Чун ба худ омад, шунид, ки ҳамсоя мегуфт: – Ба тақдир тан бидеҳ додар, қомататро рост гир, шукрона, ки ҳамаатон сиҳату саломат аз чечаки хорон раҳидед…
Номбурда аз пайи табобату тафреҳ шуда, сипас ба Ҳукумати шаҳри Сталинобод равон шуд. Ба Санг Тоҳиров роҳбарии артели «Қизил қӯшун»-и ноҳияи Ҳисорро пешниҳод карданд. Чанд моҳ пас сарбози ғаюрро ба симати роҳбари артели «Варзоб»-и ноҳияи Варзоб пазируфтанд. Ҳамин сон вай солҳои 1946 – 1949 дар вазифаҳои болозикр кор кард.
Кӯлоб
Рӯзе аз рӯзҳо роҳбарияти вақт Санг Тоҳировро даъват намуда, пешниҳод шуд, то ба шаҳри Кӯлоб рафта, вазифаи роҳбарии артели «Коммуна»-и шаҳри Кӯлобро бипазирад. Дили Санг низ ба Кӯлоб моил буд. Мехост тағйири макони зист кунад ва ӯ ба ин роҳ моҳи июни соли 1949 дар зодгоҳ ба заҳмат дода шуд.
Ҳукумат моҳи октябри соли 1950 Санг Тоҳирови зафарёрро сардори Идораи манзилгоҳҳои шаҳри Кӯлоб таъин намуд. Чанде сардори курсҳои кадртайёркунии шаҳри Кӯлоб буд. Солҳои 1951- 1952 ҳамчун фурӯшандаи трести ҷамъияти матбуот, с.1954 – 1960 мудири курсҳои ҷамъияти матлуботи, с.1961- 1964 фурӯшандаи идораи хӯроки умумии шаҳри Кӯлоб ифои вазифа кард.
Хонавода
Пас аз муқими шаҳри Кӯлоб шудан Санг Тоҳиров қариби 9 сол муҷаррад монд. Танҳо соли 1954 бо зани ҷавоне – Қурбонгул шинос ва оила барпо намуда, соҳиби шаш фарзанд шуданд.
Рустам (1956), Ҷумъа (1966), Амирхон (1962), Сарварой (1957), Мамлакат (1959), Сафармо (1961) сиҳату саломат бо хонаву дари обод, дар шаҳри Кӯлоб сукунат доранд. Онҳо ҳамчунон бо хоҳарбузургони хеш (Зебо ва Гавҳарбӣ), аз модари якумашон қаробат пайдо карданд.
Аз фарзандони сарбози диловар, танҳо Ҷумъахон сокини шаҳри Душанбе аст. Ҷумъахон солҳои 90- ум аз Ҳокимияти қонунӣ дифоъ намуда, алҳол дар Агентии «Тоҷикстандарт» меҳнат мекунад…
Сарбоз
Фарзанди шуҷои Ватан, собиқадори ҷангу меҳнат Санг Тоҳиров бо медалҳои «Барои меҳнати шоён дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ», (1947), «Барои ғалаба бар Германия дар ҶБВ-ии солҳои 1941- 1945» (1947), «20- солагии ғалаба дар ҶБВ» (1965) ва «50- солагии ҚМ СССР» (1969) мукофотонда шудааст.
Ҷавонмарде «аз ҷигари кӯҳистон» Санг Тоҳиров 21- уми нобяри соли 1971 дар 59- солагӣ фавтида, дар оромгоҳи шаҳри Кӯлоб мадфун гашт.
Хотираи неки ҷанговари матин ҷовидон бодо!
Умари ШЕРХОН
