ВИЛОЯТИ СУҒД – АҲМАДИ ПОРИНА….

Салом СССР! Дар арафаи соли нав хостам, ки ба вилояти Суғд сафар карда, аз шаҳри бостонии Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои он, ки пайваста тариқи ТВ таблиғу ташвиқ мешаванд, дидан намуда, Соли Навро ҷашн бигирам. Аммо ҳайрати ман пас аз дидани шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон дучанд афзуд, зеро ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки шаҳрҳои калони вилояти Суғд ин қадар қафомондаанд.

Пас аз дидани ободиҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказу вилояти Хатлон ва ҳатто шаҳри Хоруғу Дарвози Бадахшон, шаҳри Хуҷанд ба назарам хеле бетағйир намуд. Шаҳри Хуҷанд мисле, ки 5 сол пеш дида будам, ҳамон гуна мондааст, бе навгонӣ, бе ободӣ. Ҷо-ҷойе метавон биноҳои навро дид, вале аксарият маркази тиббӣ, биноҳои шахсӣ ва корхонаҳои хурданд, ки соҳибкорони маҳаллӣ барои тиҷорати худ бунёд кардаанд, на худи ҳукумати вилояти Суғду Хуҷанд.

Кӯчаҳои Хуҷанд ҳанӯз ҳам пур аз партов, бозори «Панҷшанбе» ҳамон «аҳмади порина» на тартиб дорад, на тозагӣ ва на ободӣ. Нақлиёти ҷамъиятӣ мисли даврони рукуд на танзим дораду на тартиб ва ронандагону пулчинакҳо бо ҳамон ҳаёҳӯйу доду фиғон мусофиронро ҷамъ мекунанду ба газелҳо мешинонанд.

5 сол пеш вилояти Суғд тамоман дигар буд – дилрабо, зебо ва тозаву тамиз. Мутаассуф аз онам, ки мардуми кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистон ба Суғд сафар намуда, ба Тоҷикистон аз рӯи ин вилоят баҳо медиҳанд.

Шаби Соли Нав вақте мардум дар назди арчаи асосии вилоят дар маркази ш.Хуҷанд ҷамъ омада буданд, расо соати 22 чароғҳои арчаро хомӯш карданд, ҳол он ки дар ш.Душанбе дар ин вақт мушакпарронӣ ба шарофати фарорасии соли нави 2024 оғоз шуда буд.

Бубинед шаҳри Бӯстон, собиқ шаҳри Чкаловскро. Шаҳри фаромӯшшуда, бетартиб ва ифлос, корхонаҳои саноатие, ки замоне шуҳрат доштанд, имрӯз қариб, ки аз кор мондаанд. Меҳмонхонаи «Хуҷанд»-и замоне овозадор ҳоло дар вазъи табоҳ қарор дошта, макони ҷамъшавии бероҳагардон ва муътодону майхорагон шудааст ва кам мардум шабонгоҳ ба маҳали ин меҳмонхона мераванд. Сокинони биноҳои баландошёна аз норасоии об ва сари вақт набаровардани партовҳои сахти маишӣ меноланд, нақлиёти ҷамъиятӣ низ дар асри 21 боз ҳамон газелҳоянд…Ба таъбири Бобои таърихиву тавсифӣ “Суғд ҳамон Аҳмади порина аст, ки буд…”

Фаришта Билолӣ,

ш. Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube