ВАЗИРИ МАОРИФ ДАР 1 СОЛ ЧӢ КАРД?

Дуруст аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабҳои зиёд сохта мешаванд ва дар гузоришҳои телевизионӣ ин ҳамаро вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода тавре талқин месозад, ки гӯйё инҳоро вазорати зердасташ ва худи ӯ бунёд карда бошанд. Дар асл тамомии ин иншооти наву муосир дар соҳаи маориф маҳз бо ташаббус, дастур ва таъкидҳои бевоситаи Сарвари давлати маърифатпарвари мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтаанд!

Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, ки вазифаи аввалиндараҷааш баланд бардоштани сифати таълим аст, тавре ба назар мерасад, дар ин самт коре намекунад. Дар соли 2023 низ чун солҳои қаблӣ сифати таълим ба ҷойи беҳтар шудан, баракс коҳиш ёфт. Ба фикри сирф шахсии ман Раҳим Саидзода ба ҷойи дар мактабҳо вохӯрдану ногаҳонӣ рейд гузаронидану бо ин роҳ худро таблиғу ташвиқ кардан, бояд бо сифати дониш машғул бошаду роҳҳои аз байн бурдани рӯ ба муҳоҷират овардани омӯзгорони ҷавонро ёбад. Ба омӯзиши фанҳои дақиқ – математика, физика, химия ва информатика таваҷҷӯҳ кунад.

Боз ҳам сипоси беандоза аз Ҷаноби Олӣ, ки ба хотири дастгирӣ аз соҳаи маорифи кишвар, ҳамасола озмунҳои гуногунро аз қабили «Фуруғӣ субҳи доноӣ», «Илм – фуруғи маърифат»  роҳандозӣ карда, толибилмон ва наврасону ҷавонони кишварро барои китобхониву илмандӯзӣ ташвиқ менамоянд. Вале боре надидаем, ки дар ин озмунҳо вазири маориф ва илми ҶТ Раҳим Саидзода баромад карда, туҳфаи вежаеро аз номи вазорати калидии кишвар ба кӯдакон супорад!

Баракс, вазири маориф ва илм ҷамъбасти бархе аз озмунҳоеро, ки аз ҷониби Президенти мамлакат расман қарору қабул шудаанд, амсоли «Илм – фуруғи маърифат» ҷиддӣ қабул накарда, ба ҷойи ширкат дар маросими тантанавӣ ва ҳадяи туҳфа, дар ин ё он ноҳияи мамлакат, ба таври оҷилӣ қабули шаҳрвандонро ташкил мекунад. Дар озмуне иштирок накарданаш оё ба маъние нест, ки ин озмунҳоро ҷаноби профессор писанд намекунад?

Ба пиндори мо бо омадани вазири нави маориф ва илми ҷумҳурӣ вазъи маорифи кишвар назар ба солҳои роҳбарии вазирони пешин Абдуҷаббор Раҳмонзода, Нуриддин Саидзода ва Маҳмадюсуф Имомзода бадтар шуд, ки беҳтар не…

Сайфиддин Холиқзода,

ш. Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube