РЕЗААХБОР

  – Умар Кремлёв, зодаи Тоҷикистон ва президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) дар пайи 1 овоздиҳӣ «Роҳбари беҳтарини сол – 2023» дар Россия эътироф гашт.

   – Бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми кишвар дар ояндаи наздик низоми нави баҳогузории 10-хола дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ хоҳад шуд.

   – Нақшаи ҷамъоварии пахта – «тиллои сафед» дар Тоҷикистон дар соли 2023, ки 429,6 ҳазор тоннаро ташкил медод, пурра иҷро нашуд.

   – Ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» ба парвозҳои мустақими худ аз ш.Хуҷанд ба шаҳрҳои Ҷидда, Истанбул ва Дубай оғоз кард.

   – Ҳаракати хатсайри қатораи Душанбе – Волгоград – Душанбе, ки 2 маротиба дар 1 ҳафта ба роҳ монда шуда буд, бо иллати набуди мусофир, то 1 маротиба дар 1 ҳафта коҳиш ёфт.

   – Миҷгона Асоева, сокини деҳаи Қизилқалъаи н.Хуросони Хатлон чаҳоргоник – 2 писару 2 духтар ба дунё овард, ки вазнашон аз 1,6 то 1 килою 700 грамм аст. Муборак бошад!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube