МАКТАБИ АКБАРИ САТТОР

 Лидия Исамова, журналисти шинохтаи тоҷик, намояндаи хабаргузории РИА НОВОСТИ дар Тоҷикистон ба идора занг зада, гуфт, ки аз номгузорӣ шудани мактаби №25-и ш.Ҳисор ба номи Акбари Саттор хеле хушҳол аст.

– Бисёр хушҳолам, ки номи дӯсти мо, шодравон Акбари Саттор, раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро ҳукумати ш.Ҳисор абадӣ гардонда, мактабе, ки мавсуф дар он таҳсил мекард, ба номаш гузошт. Акнун мактаби №25-и деҳаи Мортеппаи ш. Ҳисор номи Акбари Сатторро дорад. Иқдоми хеле наҷиб!

Ва сипос аз Қосим Роҳбар, раиси пешини ш.Ҳисор, ки пешниҳоди газетаи СССР-ро дар мавриди номгузории мактаби фавқ дастгирӣ ва баҳри амалӣ ёфтани он саъю талош кард. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube