ДОРУХОНАҲОРО КӢ НАЗОРАТ МЕКУНАД?

Дуруд ба СССР! Ҳафтаи гузашта дар осоишгоҳи “Санги шифо”-и мавзеи Шоҳамбарӣ истироҳату табобат кардам. Азбаски дар ин осоишгоҳ дорухона набуд, барои дорухарӣ ба худи осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” рафтам. Чанд намуд қурс лозим буд, аз ҷумла 1 дона ҳабби “Парасетамол”, “Цитрамон”, бинту пахта ва сӯзандору. Нархи ин ҳама дорувор қариб 20 сомонӣ шуд. Чаро нархи доруҳо қиммат гуфта пурсам, фурӯшанда, ки на хилъат ба тан дошту на ному насабаш муайян, гуфт, ки доруҳо нархи ягона надоранд.

Воқеан ҳам чаро ҳамин масъала – нархи дору дар кишвари мо ҳеҷ танзим нашуд, ки нашуд!? О, лоақал нархи тавсиявии якхела бояд бошад ку…

Ҳокими Сафар,

н. Файзобод

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube