Раиса Соловёваи 66 солаи зодаи Федератсияи Росия, 47 сол қабл, дар синни 19 солагӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, ба Тоҷикистон омад. Ҳунари қуроқдӯзӣ ва гулдӯзиро ӯ аз хушдоман омӯхта, бо мурури вақт соҳибҳунар гашт. Зеро аҳли оилаи шавҳараш ҳама ҳунармандбудандӣ.
– Барои ман, ҳамчун духтари рустабор, бехабар аз ҳама урфу одатҳои тоҷикона, дар аввал хело душвор буд, ба зиндагии деҳот ва мардуми тоҷик унс гирифтан, – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо Раиса Соловёва– Зеро, замоне, ки ба ҷануби Тоҷикистон, ноҳияи Қубодиён омадам, шароити деҳа чандон хуб набуд. Аз сӯйи дигар, кори деҳқонию чорводорӣ, шуғли асосии хонаводаи шавҳар ба ҳисоб мерафт. Ман духтари шаҳр будам, ба ин ҳама тағйиротҳо одат карданам осон набуд. Хушбахтона, муҳаббати самимию беҳаду канори ҳамсар, маро водор намуд то тамомии пастию баландии зиндагиро пушти сар кунам. Сар аз говдӯшӣ, то рубучини хонаю пухтупази таомҳои миллии тоҷикӣ ва қуроқдӯзиро аз худ намудам ва ба 1 «келини намунавии кишлоқ» табдил ёфтам.
Хушдомани хунарманд келинро ҳунар омӯхт
Дар нигоҳи аввал кас фарқ гузошта наметавонад, ки ин бонуи ҳунарманд, рустабор асту қуроқ ва гулдӯзиро аз аждодони худ не, балки аз хушдоман ба мерос гирифтааст. Гузашти вақт, меҳру муҳаббати тоҷикона, ӯро ба тамом тоҷик гардонидааст. Ӯ ҳоло пурра ба тоҷикӣ суҳбат мекунаду дар баробари ҳунармандӣ, тамоми урфу одати тоҷиконро аз худ кардааст. Баъди ин қадар зисту зиндагӣ дар Тоҷикистон аз нозукиҳои фарҳанги милли мо воқиф гашта, имрӯз ҳунарашро ба дигарон меомӯзад. Зеро замоне худ низ шогирди ҳамин пайроҳа будааст.
Тарғибгари фарҳанги тоҷикӣ
Аз сӯҳбати ин зани ҳунарманд мушоҳида кардем, ки дигар барои ӯ ин ҷо бегона нест. Зеро хонаву дар ва хотираҳои зиёде ӯро маҳз дар ҳамин ҷост. Тавре дар сӯҳбат бо хабарнигори рӯзномаи мардумӣ ин зан иброз дошт:
– Инҷо ман хотироти зиёд дорам. Беҳтарин рӯзҳои ман маҳз ҳамин ҷо сипарӣ гашт. Фарзандони мо, дар ин диёр чашм ба олами ҳастӣ кушоданд. Оиладору фарзандор шуданд. Урфу одати тоҷикӣ бошад, фарҳанги ман ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ман талош мекунам, тамоми ҳунари омӯхтаи худро ба ҷавонон омӯзонаму ин ҳунари қадимаро барои наслҳои минбаъда ба мерос гузорам.
Ҳайрати хешу табор
Чун Раиса ҳунари қуроқдӯзиро солҳои 2018 шуғли асосии худ интихоб кард, дар оғоз душвориҳо пеш омад-кору бори рӯзгор, тарбияи фарзандон, кори саҳро, гову мол… даст намедод бештар ба ин кор машғул гардад. Вақте, ки соҳиби келин гашт, фурсати бештар барои рушди ин ҳунар пайдо кард. Аз ин рӯ, ҳоло бештари вақти худро маҳз ба духтани қуроқ ва гулдӯзӣ сарф мекунад. Хоҳарону хешу ақрабонаш дар ҳайрат монданд вақте, ки ӯро назди мошинаи дарздӯзӣ банди духтани матоъпораҳо диданд.
– Замоне ман дар Қазоқистон барои аз худ кардани ҳунари қолинбофӣ, талош варзидам, вале ҳама талошҳо бе натиҷа монду бофтани қолинро аз худ накардам- мегӯяд Раиса-хола ва меафзояд – Вале чун бо шавҳарам ба Тоҷикистон омадам, шавқу ҳавас нисбати ин ҳунар зиёд гашту бо кумаки модаршавҳар, ҳунари қуроқдӯзиро, ки шабеҳи колинбофист, аз худ кардам.
Аз суҳбати Президент то гранти раиси Хатлон
Қаҳрамони матлаби мо бо ифтихор илова мекунад, ки барои қадр аз ҳунараш ӯро борҳо бо Диплом ва Сипосномаи мақомоти маҳал ҳамчун зани тарғибгари урфу одати тоҷикона шоиста дидаанд. Ҳатто бо Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пушти ин ҳунараш рӯ ба рӯ суҳбат кардааст. Барои рушду равнақ бахшидани фаъолияти ҳунарӣ ва омӯзонидани насли наврас бошад, соҳиби Гранти раиси вилояти Хатлон ҳам гаштааст.
Ҷаҳде барои хушбахтӣ
Бо шавҳараш, Исматулло Саимуродов, ҳоло ронандаи таксии худкори самти Кӯлоб-Душанбе, дар Қазоқистон, ки дар «стройбат» хизмат мекарду бо бинокорӣ машғул буд, шинос мешавад ва бо ҳам унс гирифтаву оила созмон медиҳанд. Дар аввал барои бунёди оила, ҳам волидони раиса ва низ хусуру хушдомани баъдияш изҳори норозигӣ мекунанд, аммо ишқи самимӣ ғолиб меояд ва онҳо ҳамҷоя мегарданд:
– Волидони шавҳарам низ зид буданд то мо бо ҳам бошем. Аз гапу гуфтораҳои ҳамсоягон ҳарос доштанду аз зани рус овардани писари худ шарм медоштанд. Аммо чунон, ки Тоҷикон мегӯянд, “меваи сабр ширин аст”. Мо таҳамулу сабрро пеша карда, оқибат хушбахт шудем.
Ба идаои ин зани ҳунарманд, имрӯз ӯ дар баробари духтани кӯрпачаву болиштҳои қарама, куртаҳои чакан, чодарӣ, кашидадӯзиву гулдӯзӣ, ҳамчунин дар танӯр нон, дар дег таомҳои миллии тоҷикӣ, оши буридаву мастобаро ҳам пухта метавонад. Аз маззаи шакаробу фатирмаскаву қурутобаш метавонӣ ангуштонро газӣ ва фурӯ барӣ!
Ифтихор аз тоҷик шудан дорам!
Аз рӯзгори тоҷиконаро пеша кардан ҳеҷ пушаймон нест ва ифтихор дорад, ки бо чунин фарҳанг зиндагонӣ менамояд. Чун волидонаш дар Қазоқистон бештар иқомат кардаанд,талош намуда истодааст, то тарҳ ё дизайни тоҷикиро бо русиву қазоқӣ якҷо дар рӯйи 1 матоъ офарад. Ин маҳсулот ҳам талабгорони худро пайдо кардаасту ҳунараш зуд ба фурӯш меравад.
Чунин одамоне, ки аз баҳри ҳама чиз мегузаранд ва барои ишқ, оила, шавҳар ва ҳунар шуда, аз баҳри ҳувияти миллии худ мегузаранд, хеле каманд. Зеро ин гуна инсонҳо фидоии муҳаббату оила ва касбанду мехоҳанд расму оин ва суннатҳои ниёгон ҳифз гарданд. Ба ин зани ҳунарманд барор мехоҳем, то дар оянда низ мо тоҷикони дорои фарҳанги машҳурро ба дигарон таблиғу ташвиқ намояд.
Барор Раиса Соловёва. Мо бо Шумо ифтихор дорем. Мо метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР
Бохтар – Қабодиён – Бохтар