Пролог
Ҳушдори СССР: Хонандаи азиз! Баъди нашри ин матлаб, огаҳ бош, ки чун пеши фолбину муллои бахткушову ҷодугару гарму сардкуне рафтӣ, бидон ки аллакай “мини-ҷиноят” содир кардаӣ ва исмат дар феҳристи ҷинояткорони эҳтимолӣ ворид ва банк, яъне ҳифз мешавад. Дар сурати такрор кардани ин беақлӣ ва бетамизии исломӣ, яъне ба ҷодугару фолбин муроҷиат кардану боздошт шуданат, туро ҷарима ва ҳатто ҷазо интизор аст! СССР комилан аз ин тасмими ВКД ҶТ пурра пуштигир аст. Зеро бозори фолбину ҷодугару муллоҳои худонотарс вақте касод мегардад, ки аз Қонун тарсанд ва мизоҷонашон низ шарикҷинояти ин авомфиребон шинохта шаванд.
Мо Метавонем!
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи пор бо интишори 1 баёния ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор дод, ки минбаъд тамоми шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон мераванд, ба Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ даъват гардида, нисбати онҳо мавод тартиб ва дар махзанҳои ВКД бо расмҳояшон гузошта мешаванд.
Дар ин баёния, ки рӯзи 27.08.2024 дар сомонаи расмии ВКД ҶТ нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои оперативӣ – профилактикӣ маълум гардид, ки баъзе шаҳрвандон ба сеҳру ҷоду бовар намуда, ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, барои амалӣ намудани амалҳои ҷинояткоронаи онҳо маблағ дода, ба гуфтаи онҳо боварӣ намуда истодаанд.
Танҳо дар 1 моҳи охир дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 150 нафар чунин ашхос – фолбину ҷодугарон ба қайди Вазорати корҳои дохилӣ ворид гашта, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шуда истодааст.
Воқеан ҳам мавзуи фолбину ҷодугарон ва онҳое, ки назди чунин нафарон мераванд, чанд моҳи охир гарм шуда, хонандагони газетаи СССР низ ба идора занг зада, бобати ин мавзуъ суҳбат ва суолгузорӣ мекунанд. Бархе аз мухлисон бар он назаранд, ки маъракаи мубориза алайҳи ҷодупарастон дар кишвар маҳз пас аз нашри матлаби калидии газетаи СССР бо номи «Ҷодупарастон», ки дар шумораи №4 аз 14.03.2024 чоп шуда буд, оғоз гашт.
Мо тасмим гирифтем бори дигар ин мавзуъро пайгирӣ намоем. Мо Метавонем!
Ҷодугарони Душанбегӣ
Мо нахуст рӯ овардем ба сомонаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ш.Душанбе. Танҳо дар 2 ҳафтаи охир милисаҳои пойтахт аз ошкор шудани фаъолияти 5 нафар шаҳрвандон, ки ба сеҳру ҷоду машғуланд, хабар доданд.
Чунончи барои машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар н.Фирдавсӣ шаҳрванд Саломов Муҳаммадзуҳур, соли таваллудаш 1981, сокини ш.Душанбе дастгир карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки ӯ муддатест дар манзили истиқоматиаш шаҳрвандонро қабул намуда, гӯё муносибатҳои зану мардро ба воситаи расм, ришта ва обу сипанд хуб мекардааст. Номбурда ин роҳи фиребро василаи ба даст овардани манфиати молӣ ва пешбурди зиндагонии худ қарор дода, аз ҳар мизоҷи худ маблағи муайяне ба даст меовард.
Вобаста ба ин, нисбати Саломов М. бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин намуд.
Дар ҳолати дигар аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Аҳроров Рустамҷон санаи таваллудаш 27.07.1966, сокини н.Рӯдакӣ барои машғул шудан ба амалҳои хурофотии фолбинию сеҳргарӣ дастгир карда шуд. Номбурда бо фармоиши шаҳрвандон ба манзили истиқоматии онҳо рафта, ин амалҳоро иҷро мекардааст. Ҳамзамон номбурда худро ҳамчун шахси дорои маҳорату истеъдоди фавқулодда муаррифӣ сохта, бо ин васила маблағ ба даст меовард.
Инчунин аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Тоҳирова Иноят, санаи таваллудаш 1959 дастгир карда шуд. Ӯ низ фолбиниро василаи ба даст овардани даромади муфт табдил додааст.
Нисбати номбурдагон – Рустамҷон Аҳроров ва Иноят Тоҳирова тибқи талаботи моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҳамчунин шаҳрвандон Шоев Муродалӣ Насриддинович, соли таваллудаш 1991 ва Мирова Анна Гиоргиевна, соли таваллудаш 1952-ро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир намуданд.
Номбурдагон дар манзили истиқоматиашон шаҳрвандонро қабул намуда, бахткушоию фолбинӣ, сеҳргарӣ ва ба истилоҳи мардумӣ ба «гармиву хунукӣ» машғул будаанд. Зимни санҷиш аз манзили истиқоматии дастгиршудагон 1 қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуд.
Нисбати Шоев М. ва Мирова А. тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардиданд.
Тавре мебинем, дар байни инҳо фолбинмардони ҷавон низ ҳастанд, ки роҳи осони пулкоркуниро бо касби «фолбинӣ» пайдо кардаанд. Бобои Ғулом мегуфт, «фолбину ҷодугар гӯрашонро месӯзанд!». Ин гӯрсухтаҳо ҳамакнун штраф шудаанд, ку бинем, такрор кунанд ин амали носавобашонро чӣ ҷазое мегирифта бошанд?
Ҷодугарони Қубодиёнӣ
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон низ аз боздошти чанд нафар фолбину ҷодугар дар оғози моҳи августи соли ҷорӣ хабар дод.
Аз ҷумла, кормандони мақомоти милитсияи н.Қубодиён дар доираи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Аннакова Дилдор Қурбонназаровна, соли таваллудаш 1969 ва Назарова Малика Холмуродовна, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандагони н.Қубодиёнро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир намуданд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон дар манзили истиқоматиашон шаҳрвандонро қабул намуда, бо воситаи рехтани хуни мурғи сиёҳ ва сафед бахткушоию фолбинӣ, сеҳргарӣ ва ба истилоҳи мардумӣ ба «гармиву хунуккунӣ» машғул будаанд. Аз манзили истиқоматии дастгиршудагон 1 қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати номбаршудагон тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар баррасии судӣ қарор доранд.
Аз 144 000 сомонӣ то 2 соли зиндон
Бояд гуфт, ки тибқи тағйироти наве, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд, ҷазо барои фолбиниву ҷодугарӣ сангинтар гашта, минбаъд такроран ба сеҳргариву фолбинӣ машғул шудан ҷиноят ҳисобида мешавад.
Мувофиқи тайғироти воридшуда ба Кодекси ҷиноятӣ, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 108 ҳазор сомонӣ то 144 ҳазор сомонӣ мувофиқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо дода мешавад.
Мубориза алайҳи ифрот ва пешгирӣ аз гумроҳшавӣ
Нусратулло Маҳмадзода, сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ дар суҳбат бо мухбири СССР таъкид дошт, ки мақсад аз ин ошкоркунӣ, боздошт ва огоҳиҳо пешгирӣ аз амалҳои қаллобиву фирбегарӣ ва ба гумроҳӣ бурдани мардум аст.
- Чунин афрод бо истифода аз бесаводӣ, зудбоварии мардум ва эътиқоди диниву мазҳабӣ, онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд. Бар зидди ин ҳатман якҷоя мубориза бурдан лозим аст, зеро мардум намефаҳманд, ки ба доми қаллобон афтода, фиреб мехӯранд. Ин ҳам 1 роҳи мубориза бо ифрот аст, – гуфт Нусратулло Маҳмадзода.
Эпилог
Ин дар ҳолест, ки амали фолбинӣ, ҷодугарӣ, гармиву сардикунӣ ва дилхоҳ фаъолияте, ки ба ҳарими шахсии мардум дахолат мекунад, Худои таоло ва таборак дар тамомии китобҳояш манъ фармудааст! Зимнан ҳар нафаре чунин корро мекунад ва ҳатто онҳое, ки ба ҷодугару фолбин мизоҷ мешаванд, бояд нек донанд, ки тибқи қонунҳои кишвардорӣ ҷазо мебинанд, вале агар аз ин муҷозот раҳиданд, пухта донанд, ки ба ҷазои Худои мутаъол дар он дунё ҳатман гирифтор мешаванд.
Мо ҳушдор додем. Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР