Аз ҳеҷ хонае набарояд садои ҷуд,
Дар рӯзгори мо зи каримон асар намонд!!!
Ман дар бораи худи Танзим борҳо гуфтааму дигар намегӯям. Вале дар бораи Танзимпарастон мегӯям. Дар бораи афроде мегӯям, ки пушти Танзим пинҳон шудаву ба мардум лаби ноне хайр намекунанд. Зеро ин қонун, ба гуфтаи 1 мӯсафеди кӯҳистонӣ, имрӯз баҳонае шудаву сарватмандон худ ва дигаронро аз ҷуд (ҷавонмардӣ, саховат, бахшиш, эҳсон), караму хайр канор мекашанд. Ман метарсам, ин амали онҳо бузургтарин дастоварди миллии мо – меҳмонпарастиро аз миён набарад…
Мо Метавонем!
Маросими дуову фотиҳаро мазоҳ кардаем…
Бо амри такдир, тайи 2 ҳафтаи ахир дар 3 маросими 7, 40 ва сари соли мардум будам. Барои ба “маҳалгароӣ” ҳукм нагирифтан аз ҷониби маҳалпарастон, пештоз мегӯям, соҳиби ин маъракаҳо яке аз водии Зарафшон буду дигарӣ аз водии Кӯлоб ва саввумӣ аз мардуми Сурхондарёи Ӯзбекистон.
Дар ин маросим маро 1 чиз сахт мутаҳаййир ва ҳатто ғазабӣ кард:
– ноҳурматӣ нисбат ба меҳмон;
– адами фарҳанги пазироӣ барои пиронсолон ва;
– набуди ҷузъитарин одоби иззатгузорӣ аз мусофирин.
Табиист, ба ин маъракаҳо, ки тариқи интернет эълон ҳам шуда будӣ (ҳоло тӯйу сӯр, ҷанозаву фотеҳа тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешаванду касе ба касе даъватнома намеорад!), мардум аз роҳи дур, Кӯлобу Панҷакенту Ӯзбекистон ҳам омада буданд. Ва… Танзим баҳона, ба ин мусофирин 1 пиёла чой дода нашуд!!!
Ку бинем, худи Қонун дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Моддаи 11. Маросими дафну азодорӣ
(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
- Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.
- Маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Қисми 3 хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
- Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ аст. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
- Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Яъне Қонун намегӯяд, ба мусофирону пирону дармондагон ва кампираконе, ки аз роҳи дур меоянд, 1 пиёла чой накун. Баръакс, сареҳатан забҳи чорво ва хӯроки сергӯштро, ки ба ҳамёни азодор зиён меорад манъ кардааст қонунгузор. Аммо ғизои андаке ва чою нон мумкин аст-ку?
Мо бошем, аслан ба мусофирин, ки аз деҳоти дур ва навоҳии кӯҳманзар ба видоъи падару модари мо меоянд, нон намедиҳем. Бобои Ғулом пеш аз маргаш ба писараш мегуфт, «Алике, метарсам, ин қонун барои мумсикон дастак мешаваду хайру сахо аз миён меравад!»…
Эй одамон, эй тоҷикон, эй пайравони мазҳаби Ҳанафия!!! О, дар мо нон гуфтанӣ гап ҳаст, худоӣ гуфтанӣ гап буд, иззати меҳмон гуфтанӣ ибораҳо вуҷуд доштанд. Гову гӯсфандкушӣ манъ аст. Аммо нону обро касе манъ накардааст?! Вале агар дасти сахо надоред, бас кунед даъвати мардумро ба фотиҳа, бо эълони аз соати 7 то 10, яъне 3 соати Танзим муайянкарда. Мусофирин фикр мекунанд, шумо обу ош медиҳед ва аз роҳи дур гурусна меоянд. Ман пирсолонро дар ин 3 маърака дидам, ки гурснаву лакот ва ташна буданд…
Зимнан на кунед маъракаи фотеҳаву дуо ва на мардумро саргардон созед.
Ин бетартибии ахирӣ, ки мутаассуф мӯд ҳам шуда истодааст, дар ҳолест, ки намояндагони бархе маҳаллаҳо чунин эълон мекунанд:
– Маросими дуову фотеҳа дар тарабхона ва ё ошхонаи фулону бисмадон аз соати 7 то 9…
О, нон, ки намедиҳӣ, куҷо тарабхона ҷеғ мезанӣ одамонро?
Ман гурусна ҳаргиз аз хона намебароям. Насиҳати падари бузургвор ҳамели гӯш дорам, ки “тӯйи апаат ҳам равӣ, писар, шикаматро нимасер кун! Зеро гурусна монӣ, беқарор мешавӣ, вале агар хӯрокат оранду нахӯрӣ, хафа мешаванд”.
Яъне ман дар бораи ишками худам намегӯям. Дар бораи нафси фардӣ низ баҳс нест. Нафароне маро медонанд, низ медонанд, ки ман усулан камхӯрокам. Ман дар бораи мӯди навбатии беиззатии кулл дар кишвар мегӯям, ки дар Душанбе қавӣ шуда истодаасту метарсам ба музофот низ кӯч мебандад.
Бо 1 ҳарф, беҳтараш НАКУНЕД ин маъракаи фотеҳаро, зеро меҳмон иззат металабад ва мусофирини раҳдур шикам гуфтанӣ чизе зери ноф доранд. Агар тавони 1 пиёла чой (такроран мегӯям, бе забҳи чорво) надоред, пас чаро мардумро саргардон мекунед? Медонед, ки мӯсафеду кампиракони мо таоруфиянд ва меҳмонӣ, ки омаданд, ана ҳамин хонаи маъракадорро гуфти Бобои Ғулом «чут карда меоянд». Ва ин ки мо онҳоро гурусна нигоҳ доштаву бозпас гусел мекунем, барои ишон фоҷеа аст. Зеро онҳо дарк ҳам карда наметавонанд, ки чигуна 1 шаҳрнишини собиқ деҳотӣ, метавонад меҳмонашро гуруснаву ташна ва лакоту афгор гусел кунад. Ин хел, ки бошад, ҳамин мардум дар ҳаққи гузаштагони мо дар хона дуо кунанд ҳам мешавад…
1 қисса
Боре ҳамсояамон Бобои Мавлон Ашӯрқулов бо занашон-очаи Бахтиёр (занҳои кӯҳманзар ҳамин хел ном доранд, бо исми фарзанди нахустин), ки Худо ҳардуро раҳмат кунод, меҳмони ман дар Душанбе шуданд. Солҳои ҷанги гражданӣ буду зиндагонӣ басо сахт, на нон буд, на равған, чӣ расад ба гӯшту пӯст. Хуллас омаданду шабро рӯз карданд ва ҳини рафтан аҷаб сухане гуфтанд:
– Эшонбача! Душанбе меҳмони фарзандон будам. Бояд дирӯз мерафтам. Бо Очаи Бахтиёр маслиҳат кардем, ки туро хабар нагирифта равем, сахт хафа мешавӣ…
Мантиқро нигаред! Мо шаҳриҳои аз одамигарӣ канор рафта, аз тарси меҳмон дарамонро намекушоему ин солдидаҳо, «барои наранҷиданамон!!!» моро аёдат меомадаанд. Зеро ба пиндори ишон мо мусофирем. Афсӯс, ки ин таоруфро он куҳансолон бо худ бурданд…
Танзим зид нест…
Ва агар даст рӯи сина гузоштаву ҳақро гӯем, мо Тоҷикони зиёдарав ва худпараст бо худнамоишдиҳӣ Ҳукуматро маҷбур кардем, ки ин қонунро қабул кунад. Зеро маъракаҳои мо аз ҳадд беш серхароҷот шуданд. Вале агар боз ҳам даст рӯи сина гузоштаву ҳақро нависем, ягон масъуле барои обу нон ва ғизо додан, бе забҳи чорво албатта, дар маросими азову 7, 40, сол, касеро ба ҷавобгарӣ накашидааст. 100 накунӣ, ҳама одамем ва медонем, ки 1 рӯз мо ҳам мемирем ва ба ҷанозаву маросими ёдбуду 7, 40, соламон мардум аз дуру наздик меояд. Зимнан аз рӯи қонун ҳам бигирем, Танзим дар бештари маврид маъракаҳои дигарро назорат мекунад, на таоруфияи ғаму ғуссаи мардумро. Рӯ орем ба ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (варианти нав аз 20.06.2024), ки усулан чиро танзиму чиро манъ кардааст:
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ
Моддаи 9. Ҷашнҳои расмӣ
- Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Меҳргон, Иди Сада, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва идҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
- Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст.
Моддаи 10. Зодрӯз
Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронда мешавад.
Моддаи 11. Хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак
- Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва маъракаҳои дигари вобаста ба таваллуди кӯдак дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии ҳунармандон баргузор карда мешаванд.
- Маросими хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронда мешавад.
- Хатна бо розигии падару модар дар давоми 1 моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронда мешавад.
- Гузарондани маъракаи ақиқа манъ аст.
Моддаи 12. Тӯйи домодию арӯсӣ
- Тӯйи домодию арӯсӣ бо гузарондани на зиёда аз 2 маърака ва дар давоми на бештар аз 2 рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб гузаронда мешавад.
- Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ мебошанд.
- Маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронда мешаванд.
- Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафҳо метавонанд ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон ё барои корҳои хайриявию эҳсонконӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо, сарф намоянд.
- Гусели арӯсу домод бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронда мешавад.
- Маросими бақайдгирии давлатии ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари дахлдор амалӣ карда мешавад.
Моддаи 13. Маросими ҳаҷ ва умра
- Маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронда мешаванд.
- Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст.
- Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои дар қисми 2 моддаи мазкур манъшуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд.
Моддаи 14. Маросими дафну азодорӣ
- Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.
- Маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронда мешаванд.
- Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин додани пули нақд ва ашёи дигар, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ мебошанд.
Моддаи 15. Ҷойи баргузории ҷашну маросим
- Ҷашну маросим дар майдончаҳо (ҳавлиҳо)-и назди биноҳои истиқоматӣ, дохили манзили истиқоматӣ, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронда мешаванд.
- Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таом сурат мегирад.
Моддаи 16. Вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим
- Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳатӣ аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронда мешаванд.
- Давомнокии тӯю маъракаҳо то 3 соат муқаррар карда мешавад.
Анҷом
Тавре дидему дидед, Танзим манъ накардааст, ки бар мусофири раҳдур нону об диҳӣ ва куфташро барорӣ. Меҳмон атои Худост! Ва атои Худоро ташнаву гурусна гусел намекунанд. Зимнан пешниҳод дорам, чунин маъракаҳои мазоҳхез, ки мо мӯд карда истодаем, куллан манъ карда шаванд…
Хас каму ҷаҳон пок! Мо Метавонем!