ИНТЕРНЕТИ «САНГПУШТӢ»

Салом СССР-и азиз! Оилаи мо дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Навободи ш.Турсунзода зиндагӣ мекунад. Чун миллионҳо шаҳрванди дигари кишвар аз хизмати ширкатҳои алоқа истифода мебарему ба қавле ҳар моҳ интернет мехарем. Гоҳо интернет ҳам зарур аст, зеро баъзе чизҳоро аниқ кардан лозиму барои фарзандонам, ки мактабхонанд, маълумот вобаста ба фаннҳои дарсӣ даркор мешавад. Аммо суръати интернет хеле суст аст, новобаста аз он, ки маблағашро ҳар моҳ сари вақт пардохт мекунем. Ба ширкатҳои мобилӣ занг мезанем, ҷавоб ҳама вақт якхела аст: «Дар база таъмир рафта истодааст!».

Ин чӣ намуди хизматрасонӣ аст, ки базаи онҳо тамоми сол дар таъмир асту ҳеҷ не, ки аз таъмир барояд!?

Магар ба ин ширкатҳои мобилӣ таъкиду дастурҳои сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ Бек Зуҳур дар бораи хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон таъсир намекунад?

Рустам Қувватов,

ш. Турсунзода,

Тел: 985635392

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube