МАН ПАДАРИ ХАЛҚИ СССР ҲАСТАМ!

Замоне, ки Брежнев доҳӣ ва пешвои билоивази СССР буд, “дӯстони политбюроӣ”, ки дар мавсими шикор ӯро пайваста ҳамроҳӣ мекарданд…

 

Замоне, ки Брежнев доҳӣ ва пешвои билоивази СССР буд “дӯстони политбюроӣ”, ки дар мавсими шикор ӯро пайваста ҳамроҳӣ мекарданд…

Ин маросим албатта бе пиво ва арӯсон намерафтанд, аз бобои Леня хоҳиш мекунанд, ки барои ӯ низ нозанине ҷавонро биоранд, зеро зани кампиракаш акнун дигар маҷоли шабнишиниро надорад. Ба ин даъват Л.И. ғайричашмдошт хеле сахт ва тунд посух мегӯяд, ки “Ман падари миллатам ва кадом падарро дидаед, ки бо духтарони худ ишқварзӣ кунад!

 

Шахсиятпарастии коммунистӣ

Шахсиятпарастии роҳбарони раддаи аввали Иттиҳоди шуравӣ дар ҷомеа то ҳадди абсурд расонда шуда буд. Идеологҳои коммунист кӯшиш менамуданд, ки аз пешвоёни худ барои мардум инсонҳои фавқулодда донишманд ва хирадманд тарошанд. Ин аст, ки баъди марги Ленин роҳбари коммунистони Русия ҷасади мумиёии ӯро дар Мавзолей ҷо додаанд. Ҷойнишини ӯ Сталин, ки дар натиҷаи татбиқи идеяҳои “абадзинда” – и Марксу Ленин миллионҳо нафаро кушт ё ба маҳбас шинонд, низ чанд сол дар бари доҳии пролетариати ҷаҳон дар Майдони сурх хобид. Аммо Хрушёв роҳбари дигар, ки солҳои 50 – уму 60 – ум зимому қудратро дар Иттиҳоди шуравӣ дар даст дошт, Сталинро аз Мавзолей бароварда, ҷасадашро ба хок супорид. Муддати зиёде нагузашта, ӯ низ ба парастиши шахсияти худ машғул гардид, аммо ин кор зиёд тӯл накашид. Онҳое, ки ба таърифу тавсифи бардурӯғи ӯ машғул буданд, Хрушёвро дар натиҷаи табадуллоти давлатӣ сарнагун карда, ба нафақа фиристоданд.

 

Табаддулоти дарборӣ

Баҳори соли 1964 як гурӯҳи хурди кохнишинони Кремл тасмим гирифтанд, ки роҳбари худ – Никита Сергеевич Хрушёвро аз сари қудрат барканор кунанд. Бархе аз таъринигорон ба ин боваранд, ки нахуст дар ин маврид Шелепин – раиси Кумитаи назорати ҳизбӣ, ки то чан моҳ қабл аз ин раиси КГБ буд, тасмим гирифт ва дигаронро ба ин кор ҷалб намуд. Аммо баъдҳо худи Шелепин ин даъвоҳоро инкор карда, ташаббускори табаддулот Брежнев ва Подгорнийро ном бурд.

Ҳарчӣ ҳам бошад, тирамоҳи ҳамон сол тасмими ниҳонӣ гирифта шуд, ки Хрушёв аз сари қудрат барканор гардад, зеро раиси КГБ Семичастний ва вазири мудофиа Малиновский аз он ҷонибдорӣ намуданд. Ягона масъалаи ҳалношуда ин буд, ки кӣ бояд баъди суқути Никита Сергеевич қудратро ба даст мегирад. Чун даъвогарон зиёд буданд, мувофиқа ҳосил нашуд. Дар ниҳоят тасимим гирифтанд, ки ба таври муваққат роҳбари нав Брежневро интихоб кунанду баъди ду- се моҳ ӯ ваколатҳоро ба номзади аслӣ супорад. Чун табаддулотчиён барканории Хрушёвро масъалаи асосӣ меҳисобиданд, дар ин маврид баҳсро тӯл надоданд. Тӯл кашидани вақт ба манфиати эшон набуд. Аз ҷониби дигар, метарсиданд, ки ягон нафар аз миёнашон ин сирро ба Никита Сергеевич нарасонанд.

Дар натиҷаи сиёсати ғалати Хрушёв ибтидои солҳои 60 – ум кишвар ба бӯҳрони маводи ғазоӣ дучор гардид. Аз ин рӯ, солҳои 1963 ва 1964 дар Иттиҳоди шуравӣ нон тавассути карточка дода мешуд. Аз ҷониби дигар, Хрушёв, ки шахсиятпарастии Сталинро дар Анҷумани 20 – уми ҳизб маҳкум карда буд, ба шахсиятпарастии худ машғул гардид. Филми “Никита Сергеевичи мо” авҷи ҳамин шахсиятпарастӣ буд.

12 – уми октиябри соли 1964 табаддулотгарон ҷамъ омада, рӯзномаи пленуми ғайри навбатии ҳизбиро тасдиқ карданд ва ба Қрим, ки дар он ҷо Хрушёв рухсатии худро мегузаронд, занг заданд. Никита Сергеевич, ки аз мақсади аслии онҳо иттилоъ надошт, аз фурудгоҳ рост ба ҷаласа омад. Ӯ ба суханҳои Брежнев аз тариқи телефон бовар карда буд, ки пленум доир ба вазъияти кишоварзӣ дар Иттиҳодӣ шуравӣ аст. Аммо вақте ба толор даромад, фаҳмид, ки мақсади ҷамъ шудан чист. Дигар дер шуда буд, ки барои саркӯб намудани онҳо коре кунад.

Шелепин зимни суханронӣ ӯро барои тақсими комитетҳои ҳизбӣ ба шаҳриву деҳотӣ интиқод намуда, пурсид, ки ҳарбиёну донишҷуёнро бояд ба кадом гурӯҳ дохил мекарданд? Ҳамчунон ӯ Хрушёвро барои эҷоди се бӯҳрони ҷаҳонӣ (дар дарёи Суэтс, Берлин, ва Кабир) гунаҳкор намуд. Маърӯзакунандаи дигар, Мазуров зимни интиқоди худ гуфт, ки роҳбари ҳизб ба масъалаҳои назариявӣ ҳеҷ таваҷҷӯҳ намекунад. Косигин иброз дошт, ки Хрушёв фаъолияти Комитети марказӣ ва ҳукуматро ба нестӣ расондааст. Гузашта аз ин, ӯ ду мансаби хеле муҳим – роҳбари ҳизб ва раиси ҳукуматро ба дасти худ гирифтааст, ки комилан ғайриқонунӣ мебошад.

Дигар эътирозҳои Хрушёв дар мавриди он ки гирифтани ин ду вазифаро худи онҳо тавсия дода буданд, ҳеҷ аҳамияте надошт. Сарнавишти ӯ ҳал шуда буд. Ва чун фаҳмид, ки дигар набардро бохтааст, пофишорӣ накард. Ӯ дар ҳоли, ки оби дидагонаш мерехт, гуфт: маро шумо барканор накардаед, ман худам заминаро барои истеъфо тайёр карда будам. Агар дар ҷои ман Сталин мешуд, ҳамаи шуморо барои чунин амалатон мепарронд. Бо ҳамин ӯ аризаи худро навишт ва аз сари қудрат рафт.

 

РоҳбариМуваққатии якумрӣ

Шелепин бовар дошт, ки агар табаддулот бе хунрезӣ сурат бигирад, ӯ Брежневро ба осонӣ аз сари қудрат мебардорад. Аммо ин муҳосибаи ӯ нодуруст баромад. Леонид Илич худи ӯро аз сари роҳ бардошт. Воқеъа чунин сурат гирифта буд. Зимни сафари якҷои Шелепин ва пешвои комсомолони шуравӣ Николай Месятсев ба Муғулистон ахирӣ ҳангоми маст шудан ба Седенбал, нафари якуми ин кишвар ба таври махфиёна мегӯяд, ки роҳбари аслии давлати шуравӣ Шелепин аст, на Брежнев. Пешвои коммунистони Муғлистон дар ин бора зуд ба Маскав хабар мекашад ва бо ҳамин суқути Шелепин оғоз мегардад.

Таърихнигорон ба ин ақидаанд, ки то соли 1970 Иттиҳоди шуравӣ ба таври коллегиалӣ идора мешуд ва дар қатори Брежнев ду нафар табаддулотгарони дигар, Суслову Подгорний низ дар ҳалли масъалаҳои муҳим овози ҳалкунанда доштанд. Аммо бо мурури замон Леонид Илич мустақилияти бештареро ба худ касб кард. Ин амали ӯ ба ду нафари зикршуда маъқул нашуд. Аз ин рӯ, дар андешаи фишор овардан ва барканор шудани Брежнев тавассути пленум шуданд. Вале Леонид Илич аксуламал нишон дода, ба машқҳои низомии артиш ба Белоруссия рафт. Ӯ бо ҳарбиён ба мувофиқа расид, ки агар Подгорний ва Суслов нияти табаддулот карданӣ шаванд, аз Котиби генералии ҳизб пуштибонӣ кунанд. Ин тасмими қатъии Брежнев рақибони ӯро водор намуд, ки пирӯзии вайро эътироф намуданд. Дар тӯли 10 соли нахустини роҳбарии худ Брежнев кӯшиш мекард, ки иштибоҳоти Сталин ва Хрушёвро дар мавриди шахсиятпарастӣ такрор накунад. Ӯ хуб медонист, ки мардум инро хуш надорад. Генерал Медведев сардори муҳофизони Леонид Илич қисса мекунад, ки дар ин давра вай ба ҳоли онҳое, ки мехостанд аз ӯ доҳӣ созанд, механдид. Ӯ медонист, ки дар ин хушомадгӯиҳо ҳеҷ гуна самимият вуҷуд надорад. Дар хотироти худ Медведев менависад:” Боре Брежнев маро бо ишора назди худ даъват карда, табассумкунон гӯширо ба дастам дод. Ман овози Капитоновро шунидам. Вай ба котиби генералӣ бо тамаллуқи зиёд мегуфт, ки мардум роҳбари хирадманди худ Леонид Иличро худро дӯст медорад, барои саломатии ӯ фикр мекунад ва орзуи вохӯрдан бо ӯро дар дил мепарварад. Ин хушомадгӯӣ чанд дақиқа давом кард. Баъди анҷоми сӯҳбат Брежнев хандиду гуфт ” Бисёр мехоҳад номзади Политбюро шавад”.

Аммо Капитанов ҳеҷ гоҳ ба ин орзуяш нарасид.

 

Бевафоии мансаб

Миёнаҳои солҳои 70 – ум роҳ барои шахсиятпарастии Брежнев ба таври васеъ кушода шуд. Дар ибтидо ӯ худ аз Подгорний хоҳиш мекард, ки барои мустаҳкам намудани обруӣ роҳбари ҳизб ҳангоми суханрониҳояш аз ҷой хеста қарсак занад. Агар ин кор сурат бигирад, ҳозирин низ бо пайравӣ аз ӯ ин корро такрор мекунанд. Аммо Брежнев гирифтори ин беморӣ баъди дучор шудан ба марги клиникӣ дар соли 1976 гирифтор шуд. Аз ин истифода намуда, атрофиён ӯро ба мақсадҳои худ истифода карданд.

Онҳо хуб мефаҳмиданд, ки агар Подгорнийро, ки шахси хеле соҳибнуфуз буд, аз миёна набардоранд, ба ин мақсад ноил намешаванд. Ҳангоме, ки Қонуни асосии Иттиҳоди шуравӣ дар соли 1977 қабул мегардид, ғайричашмдошт як нафар коргар ба минбар баромада, пешниҳод намуд, ки вазифаи роҳбари ҳизб ва Президиуми олиро як нафар иҷро кунад.

Асли мақсад ин буд, ки Раиси Президиуми Шурои олӣ Николай Викторович Подгорний ба истеъфо фиристода шавад. Зоҳиран, ӯ тибқи Қонуни асосӣ президенти Иттиҳоди шуравӣ ҳисоб мешуд. Дар хориҷа Брежневро ҳамчун роҳбари ҳизб эътироф мекарданд, на ҳамчун президенти кишвар. Подгорний, ки дар президиум дар бари Брежнев менишаст, аз ӯ пурсид:

– Лёня, ин чи гап аст?

Брежнев худро ба нодонӣ зада гуфт:

– Ман ҳам намедонам, вале маълум мешавад, ки инро халқ мехоҳад.

Баъди бознишаст шудан Николай Викторович Подгорний танҳо боре бо кадом масъалае ба Брежнев занг мезанад, вале ба ӯ ҷавоб медиҳанд, ки Леонид Илич ба вай ягон гапи гуфтанӣ надорад. Подгорний дар қаҳр шуда мегӯяд:

– Ба Лёня расонед, ки ман ҳам дигар ба ӯ ягон гап надорам, ва гӯширо мепартояд.

Брежнев барои таҳкими шахсияти худ 4 карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, як карат дорандаи ордени “Победа”, ки барои пирӯзиҳои беназир дар Ҷанги бузурги ватанӣ ба фармондеҳони олирутба дода шуда буд, гардид. Ба ӯ ҳамчун унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистиро низ ато мекунанд. Ӯ рутбаи Маршали Иттифоқи Советиро низ доро шуд. Нависандагон ва журналистони машҳури шуравӣ ба ҷояш китобҳо навиштанду ӯ барандаи ҷоизаи Ленинӣ дар соҳаи адабиёт гардид.

Дар Анҷумани 25-уми ҳизб, ки моҳи феврали соли 1981 доир гардида буд, зимни қироати маърузаи 80- саҳифагии Брежнев вакилон 78 бор аз ҷой хеста, қарсак мезананд. 40 бор қарсакзании пурмавҷ, 8 бор бардавом ва 30 бор қарсаки оддӣ.

Бархе шоҳидон мегӯянд, ки Брежнев дар ин солҳо ду бор расман хоҳиш намуд, ки истеъфояшро қабул кунанд, вале ҳамсафонаш розӣ нашуданд. Занаш Виктория Петровна низ инро чанд бор тақозо намуд, вале ӯ ҳар бор ҷавоб медод, ки “Политбюро розӣ намешавад”.

Ӯ дар назари тамоми ҷаҳон мемурд, вале ҳар гуна иттилоот дар бораи саломатии Брежнев мисли сири махфӣ нигоҳ дошта мешуд. Субҳи рӯзи 10 уми ноябри соли1982 вақте, ки муҳофизон барои бедор кардан вориди хонаи хоби ӯ гардиданд, ӯ аллакай ҷон ба ҷаббор супорида буд. Ӯ дигар барои касе ба ғайр аз чанд нафар наздиконаш лозим набуд. Брежневро ба сардхона (морг) дар мошини “Ёрии таъҷилӣ” танҳо генерал Медведев ҳамроҳӣ кард. “Мошин ин тарафу он тараф такон мехӯрд. Тамоми роҳ ман мекӯшидам онҳоро якҷо кунам. Фикре дар сарам чарх мезад, ки дар пеши марг ҳама баробаранд. Ту нафари якум Иттиҳоди шуравӣ будӣ. Ана акнун мурдиву дигар ба касе лозим нестӣ”.

Ҳамсафон зуд ӯро ба гӯшаи фаромӯшӣ супориданд. Андропов меросхӯри ӯ ҳамагӣ як бор Леонид Иличро ба ёд овард. Черненко вориси дигар чанд бор ва аммо Горбачёв хонаводаашро ҳатто аз хона маҳрум кард. Занашро ба кӯча партофтанд. Духтараш Галина Брежнева, ки майзада шуда буд, дар беморхонаи рӯҳӣ аз дунё гузашт.

 

Нуралӣ Давлат,

фориғут- таҳсили факултаи таърихи УДМ ба номи Ломоносови шаҳри Маскав буда, соле чанд дар Институти таърихи Академияи улум фаъолият дошт. Аз соли 1997 ба кори журналистӣ пардохта, дар рӯзномаҳиСамар“, “Ҷавонони Тоҷикистон“, “Одаму Олам“, “МиллатваНигоҳкор кардааст. Феълан хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж”мебошад.

09.09.2008

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube