ИДГАРДАКПАРАСТОН

Муллоҳои расмӣ баромад кардаву мегӯянд, «дар ягонъ давълатиъ Ъисломии ъъарабӣ идгардак намекунандъъъ»… Ну и что намекунанд? О, мо араб нестем-ку???

Идгардак, табрикоту шодрӯзӣ таманно кардан ва он ҳам тавассути атфол, оини ориёнои тоҷик аст, на арабу паштуну покистониву муғулу турку татор.

Шумо, масъулине, ки дар шаҳрҳо нишаставу ҳукм мекунед, оё медонед, маросими Наврӯз усулан аз чӣ оғоз мешавад, дар кӯҳманзари Тоҷикистон? Аз Гулгардонӣ!!! Гулро атфол, кӯдакон ва наврасони навболиғ мегардонанд, дар дили шаб ва гӯши соҳибу гӯши фалакро кар карда, месароянд:

Гул овардем ба меҳмонӣ,

Ту қадри гул намедонӣ?

Агар донӣ мусалмонӣ,

Баҳори нав муборак бод!!!

Ба кадом хобдӯсте ин маросим писанд наомаду ҳукм кард:

– Гулгардонӣъ дар Ъислом нест!

Ну и что нест? Эй мардум! Ин, ки мо мусалмонем, далел намехоҳад. Вале ин ки одамият, башарият, миллату ақвом, фарҳангу тамаддун, ба вежа сивилизатсияи ориёӣ ҳазорсолаҳо пеш аз Ислом буду ҳаст низ далел намехоҳад охир. Ҳама кори дунёро ба дину мазҳаб набояд рабт дод! Вале агар кутуби Худовандро ҳам дуруст хонему дарк кунем, ҷое нагуфтааст, ки фалону бисмадон хурсандии мардуми одӣ ва халқу уммат бояд манъ гардад.

Ъарабҳо гул намегардонандЪ…

О, дар қораи Араб гул аз куҷост, ки гардонанд?

Шумо, масъулини идеологӣ, дарк мекунед, ки оҳиста – оҳиста тамомии буду набуд, дору мадор, кору бор, фарҳанги антиқаи моро бо 2 дасти адаб ба дасти 4 муллое супоридаед? Ҳоло ҳатто дигар раисони ҷамоатҳо, ки маоши моҳона намегиранд, канор рафтаву эмом-хатибон ба пеш баромадаанд. Маросими аскарибарӣ, обуна, корҳои ободонӣ ва ғ. ва ҳ. дар дасти муллоҳост. Ин хуб аст, албатта, ки муллову эмомҳо ба кори ҷамъиятӣ ҷалб мешаванд. Вале мабодо фитнае хест, оё мешавад танҳо ба ходимони дин, ки дар аксари маврид арабзадаанд, то миллатпарварда бошанд, такя карду эътимод баст?

О, 68 шаҳру ноҳия наход қудрати ҷудо крадани маоши расмӣ ба 10-12 раиси ҷамоат ва 5-6 вакили кӯчаву хиёбон надошта бошанд, то онҳо ба ин ҳама корҳо ҷалбу ҷафс шаванд? Суолест риторикӣ албатта.

Муллоҳои замонавӣ, ки ҳоло ришҳошон дар қалбҳошон асту ҷои ҷелак шиму ҷои фаши салла галстук доранд (муваққатӣ, ҳамин рӯз аз вазифа гиред, пагоҳ ришу саллаву калларо тамошо кунетон!), зеро қонун иҷозат намедиҳад, барои садд гузоштан аз оинҳои ориёӣ усули нав ёфтанд:

– Идгардак манъ карда шавад!

Ва далели шайъиву шаръӣ ҳам меоранд:

– Кӯдак, ки аз хурдӣ идгардак кард, гадо мешавад, ба талбандагӣ хӯ мекунад.

На-ме-ку-наддд! Ақаллан 1 тифлеро, ки дар рӯзи иди Рамазон куртаву шалвори нав ба бар кардаву бо чашмони аз шодиву фараҳ лабрез дари шуморо мекӯбаду мегӯяд:

Алӣ Шариф муборак,

 Тухмо ба кали ёрак…

Мисол оред, ки пагоҳ ба гадоӣ ҳам на, ба идгардак баромада бошад? Намебинед! Зеро идгардак ин оини ориёност. Мардуми кӯҳистон чу диданд, намешавад, ин шодии атфолро ҷомаи ислом пӯшонданд. Вагарна кадом Ъараб ба куллияи атфоли 1 миллат бо дастури нонавиштаи «бадан сафедкунӣ» дар иди Рамазон либоси нав мехарад?

Либосу палоси нав ва хайру худоии рамазонӣ хоси ягон миллати дунё нест, илло Тоҷик! Зеро Тоҷикон дар Наврӯз пушоки нав ба бар мекарданд. Ва ҳатто, фарзи мисол, дар Бадахшони Тоҷикон, зарфу сафоли куҳнаи шикастаро бароварда мепартоянд. Зеро НАВ бояд бошад ҳама чиз, чунки НАВрӯз аст охир.

Ва ана ҳамин оини ориёӣ, яъне либоси нав ба бар кардану бо садои атфол хона бо хонаву дар ба дар ба табрики ҳамдигарӣ рафтанҳо низ таоруфи сирф миллати Тоҷик аст ва ин расмро онҳое намефаҳманд, ки маъзарат, ё хуни тоҷикӣ надоранд ва ё хеле аз гавҳари ин миллат дуртарак уфтодаанд.

Саъдии Маҳдӣ, олими вораста ва журналисти барҷаста, ки солҳо аз Идгардак пуштигирӣ менамояд, менависад:

 

5 далели воқеӣ барои идгардак! Ягонтоашро рад карда наметавонед:

  1. 40-50 сол ид кардем, талбанда нашудем!
  2. Пеш аз мо падару бобоҳомон ид карданд, ҳама боғуруру боимон буданд. Гадоиро нанг медонистанд.
  3. Фақат ТОҶИК ба хонаи ҳелу ҳамсоя ва хешу табор бе даъват меравад, ки ин хеле олист!
  4. Тоҷик ҳеҷ вақт дарвоза ё девори баланд надошт. Дараш ҳамеша боз (во) буд.
  5. Ба хонаи мурдадор ё мотамзада рафтан дар ид ин суннати ниёгон аст.

 

Имрӯз агар идгардакро манъ мекунем, пагоҳ дари хайру кӯмаку дастгирии бечорагонро низ бояд баст. Идгардак моли мост ва хоси мост ва набояд сарчашмаҳои онро дар таоруфи арабу муғулу степнишинҳо кофт. Роҷеъ ба хайрандешии миллати тоҷик, дар арафаи ҳар иду айём, журналисти дигар Шералӣ Кӯҳистонӣ (Давлатов) менависад. Шумо таваҷчуҳ кунед, ки чиро дар назар дорад:

«Вақте ки дар ҳафтаномаи мардумии СССР кор мекардам, мардум ба мо зиёд занг мезаданду аз мушкилашон мегуфтанд. Хушбахтона аксарияти он муроҷиатҳое, ки тариқи ин ҳафтанома нашр мегардид, дар кӯтоҳтарин фурсат ҳалли худро пайдо мекард. Ин рӯз 1 марди ношинос, ки моро аз вақтҳои дар СССР буданамон мешиносад аз шаҳри Кӯлоб занг заду гуфт:

“Бародар, ман 1 шаҳрванди солимам ва ягон мушкили ҷисмонӣ надорам. Лекин ҳамин шабу рӯз дар 1 вазъияте ҳастам, ки наметавонам 1 халта орд харидорӣ кунам. Агар дар ҳамин моҳи шарифи Рамазон ягон ҷавонмарди хайрхоҳ бошад, ба мо кумак расонад, хело шод мешудем. Дастам расид, бармегардонам ин некиро”. Рафиқони азиз, ин матлаб дар ҳафтаномаи СССР ҳоло нашр нашуда, аллакай 1 гурӯҳ муаллимон (бо роҳбарии Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ) огаҳ шуда, рафта, аз ҳоли он мард хабар гирифтанду ба қадри имкон кумакаш расонданд.

Бинед дӯстон! Ҳамин, ки мо нияти нек дошта бошем, ҳама корро карда метавонем. Шояд ҳамон муаллимоне, ки барои кӯмак рафта буданд, худашон 1001 мушкили дигар дошта бошанд. Чунки мо аксарият медонем, ки муаллимҳо чи қадар маош мегиранд. Аммо онҳо ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, барои кумаки 1 бародари дигаре, ки ба дастгирӣ ниёз дошт, рафтанд…»

(Воқеан ҳам мо шодем, ки то ҳанӯз хонандагони СССР ба хабарнигорони мо ва газетаи мардумӣ бовар доранду муроҷиат мекунанд).

Хулосаи калом, ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад муғаййири пиндори масъулини дастбакор ҳам бошад, мо набояд ба урфи миллӣ дастдарозӣ кунем. Кӯдаконро набояд аз хурдӣ оини «пинҳонкорӣ» омӯзем. Ҳатто дар даврони советӣ, ки сахт атеист давлате буд, ЯГОН нафар амру дастури манъи идгардакро ҳатто пешниҳод накардааст. Зеро он идеологҳо нек медонистанд, ки бо расму русуми мардум ҳарб кардан, ҳатман бар шикасти идеологӣ меоварад. Бинед, агар шумо 100 карат ҳам дари мактабҳоро кушоеду амр кунед, ки мактаб рав, кӯдаки зираки тоҷик, субҳи солеҳон, соати 4-5-и субҳ дари ҳамсояро куфта, бо ид табрик карда, сипас соати 7:30 дақиқа роҳи мактабро пеш мегирад. 1 воқеиятро аз даст раҳо накунед:

Ин нахустин фиреби мақомоту маъмурияти мактабу ҳукумат аз ҷониби 1 тифл аст, ки дар оянда метавонад такмил ёбад…

PS: Баъзе «баақлҳои аз урфи кӯҳманзар бехабар», ҳатто менависанд, ки инро туристон дида, чӣ мегӯянд? Таърифу тавсиф мекунанд, ки миллати тоҷик воқеан ҳам қадима асту чунин таоруфе дорад, ки 4-5 миллион кӯдак ҳатман ба дари хонаи ҳамсоя рафта, идона мегиранд. Ва бовар кунед, дар сурати таблиғу ташвиқи профессионалии ИДГАРДАК, мо метавонем садҳо ҳазор туристро ба Тоҷикистони азиз ҷалб созем. Зеро барои 1 турист, урфу одати антиқа, оини аждодӣ, идҳои қадимии вежа, беҳтару писандидадатар аз биноҳои осмонбӯс аст.

Идатон муборак ва ҳама ба ИДГАРДАК!!!

Мо Метавонем!

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube