МАРГИ МАРМУЗИ ЖУРНАЛИСТ ҶУМЪАХОН ҲОТАМӢ

  Моҳи июли соли равон аз замони марги нобаҳангому мармузи журналисти маъруфи тоҷик Ҷумъахон Ҳотамӣ 25 сол пур шуд. Ҳамон рӯзҳо расонаҳои ватаниву хориҷӣ бонги изтироб заданд, ки дар Тоҷикистон роҳбари Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники 43-солаи милитсия Ҷумъахон Ҳотамӣ кушта шуд.

Тибқи маълумоти расмӣ аз 5-уми июли соли 1999, бегоҳии рӯзи якшанбе – 4.7.1999, дар қисмати Шимолу Ғарбии микрорайони шаҳри Душанбе, назди бинои истиқоматие, ки наздикони Ҳотамӣ зиндагӣ мекарданд, шахси ношинос якчанд маротиба аз тапонча ба сӯйи журналист тир холӣ кард. Аз ҷароҳати вазнин Ҷ. Ҳотамӣ дар беморхона фавтид.

Ба андешаи мумайизон (экспертҳо) куштори роҳбари Маркази матбуоти ВКД ҶТ аҷабе нест ба фаъолияти касбии журналист рабт дошта бошад. Зеро мавсуф дар яке аз барномаҳои охирини телевизионӣ ошкоро номи чанд нафари дахлдор ба сохтори ҷиноӣ ва наркобизнесҳоро ба забон оварда буд.

 

ДАҲШАТФИКАНӢ

Бо гузашти бештар аз сӣ сол дар хусуси ваҳшонияту даҳшатафканӣ ва куштори анҷомдодаи Ташкилоти террористӣ – экстремистии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ (мамнуъ дар Тоҷикистон) аз хотирҳо зудуда нагаштаанд.

Оғози солҳои 90-ум онҳо барои расидан ба мақсадҳои нопоки хеш олимон, адибон, шахсиятҳои маъруф, журналистони касбиро ҳадафи хеш қарор доданд. Бо ин роҳ ба миллат зарари бебозгашт расонданд. Ҳарифон хуб медонистанд, ки фарҳангиён барои амалӣ гаштани нақшаҳои онҳо халал мерасонанд. Биноан кӯшиданд мардумро аз фарҳанги аслии хеш дур созанд. Хостанд мардум таърихи ниёгони ҳазорсолаи хешро инкор намояд. Ба ҷойи он ба таҳмили фарҳанги тамоман бегона, ба арсаи ҷангу ҷидол кашидани ин марзу бум ва дигар амалҳои ваҳшатангез даст заданд.

Бо қатлу куштори чеҳраҳои мондагори фарҳанг ва сиёсат, ҷисман нобуд сохтани онон мехостанд ҷомеаи Тоҷикистонро маҳв созанд…

Душманони миллат бо ҳамин усул аз ҳама зиёд шоирону олимон, журналистонро аз миён мебардоштанд. Бо ҳамин куштори журналисти ҷонфидо Ҷумъахон Ҳотамӣ дар рӯзи 4-уми июли соли 1999, дар шаҳри Душанбе ба таври бераҳмона, аз тарафи қотилони хунхор тарҳрезӣ гардида буд…

Хушбахтона Ҳукумати нави кишвар таҳти Сарвари ҷавони хеш Эмомалӣ Раҳмон ҷилави бедодгариҳоро гирифт ва созмони наҳзатиро ба унвони ташкилоти террористию экстремистӣ шинохта, фаъолияташро дар ҳудуди кишвар манъ кард…

 

МУАРРИФӢ

Ҷумъахон Ҳотамӣ 31.8.1957 дар деҳаи Учқули ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (пештара ноҳияи Шӯрообод)-и вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст.

Солҳои 1964-1972 хонандаи мактаби ба номи Пайрав Сулаймонии зодбум, 1972-1974 талабаи мактаб-интернати №3-и деҳаи Саримайдони ноҳияи Муъминобод буд.

Соли 1979 шуъбаи арабии факултети забонҳои Шарқи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кард. Аз ҷониби Иттиҳодияи «Союззагрангаз»-и СССР ҳамчун тарҷумон дар Ҷумҳурии арабии Либия масъулият дошт (1981-1984).

Соли 1984 мухбири ғайриштатии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» буд. Нимаи дувуми соли 1985 Кумитаи давлатии маълумоти касбию техникии СССР Ҷ. Ҳотамиро ҳамчун мутахассиси арабшинос ба шаҳри Харкови РСС Украина даъват намуд.

Баъдан мутарҷими варзидаро Вазорати мудофиаи СССР баҳри адои қарзи башардӯстона ба Ҷумҳурии халқӣ-демократии Афғонистон (ҶХДА) раҳнамун сохт (1987-1989). Ҳотамӣ дар шаҳри Заранҷи вилояти Нимрӯз, вилоятҳои Фарроҳ, Ҳирот ва шаҳри Кобул адои хизмат намуд.

Баъди бозгашт ба Ватан солҳои 1989-1991 муовини директори мактаби миёнаи №58-и шаҳри Душанбе, 1991-1992 дар як вақт муовини директори мактаби миёнаи №73-и пойтахт ва мухбири рӯзномаи ПК Тоҷикистон – «Нидои ранҷбар» буд.

Соли 1993 ӯро ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ даъват карданд. Дар вазифаҳои нозири калон, муовини сардор ва роҳбари Маркази матбуоти ВКД ҶТ масъулият дошт. Шаш соли охири ҳаёт дар Маркази мазкур кор кард. Дар ин давра Ҷ, Ҳотамӣ 30 видеофилми ҳуҷҷатӣ бардошт, ки алҳол дар бойгонии Вазорат маҳфуз монда.

Ҷумъахон Ҳотамиро душманони миллат 4.7.1999 дар канори шаҳри Душанбе ба қатл расонданд.

Бо ордени Ситораи Сурх (СССР), ордени «Дӯстии халқҳо» (ҶХДА), медалҳои «Аз мардуми сипосгузори афғон» ва «10-солагии Инқилоби Савр» (ҶХДА), «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР қадр шудааст.

 

ОШНОӢ

Бо Ҷумъахон Ҳотамӣ аз бози ба рӯзномаи «Нидои ранҷбар» ба кор омадан, аз моҳи апрели соли 1992 шинос шудем. Ҳарчанд аз мавҷудияти ҷавони донишманд, мутарҷими варзида аз оғози солҳои 90-ум хабар доштам. Он замон ҷавонони кӯҳистони Кӯлоб дар пойтахт иттифоқ мегаштанд…

Ҷумъахон Ҳотамӣ, шарқшиноси донишманд бештар дар доираи вазоратхонаҳои амниятӣ ва ё хайр маълумтар буд. Дар фазои иттилоотии ҷумҳурӣ аз моҳҳои май-июни соли 1992, ҳангоми фаъолияташ дар рӯзномаи «Нидои ранҷбар» шинохтанд. Ӯ бо мақолаву тафсир ва тарҷумаҳояш они воҳид ном баровард.

Замони ба журналистика роҳ ёфтанаш дар соли 1992 Ҷумъахон Ҳотамӣ 35-сол дошт. То ба он рӯз вай 8 (ҳашт) сол қисми зиёди мамолики Шарқи хориҷаро сару бар шуд. Ӯ дар хориҷа ҳамчун тарҷумон ба фаъолият пардохта, пас ҳамчун намояндаи давлати СССР дар Ҷумҳурии Халқӣ Демократии Афғонистон қарзи башардӯстонаи хешро адо намуд. Ҷумъахон дар хориҷи кишвар ҳамчун тарҷумон, иктишофгар (бе баҳс) устухон сахт карда буд.

Аз касеву чизе сари мӯ тарс надошт. Ҷасуру бебокии ӯро ҳини ҳамкорӣ эҳсос намудаам. Вай воқеан ҳам марди нотарс буд. Бебок буданаш аз гуфтору рафтор ва мақолаҳояш, тафсирҳояш дарак медод. Ба борҳо «эҳтиёт бош» гуфтанҳои ҳамкорони умрдида Инъом Мӯсоев, Абдулҳаким Шукуров (равонашон шод бод), Ҳабибулло Ёров, Мухтор Мирзоев, ки сеи аввал низ дар Афғонистон чандсолӣ масъулият доштанд, бе гап табассуми маънидор карда, эътироз намекард…

 

ТАҲДИД

Сар аз соли 1993 Ҷумъахон Ҳотамӣ ба Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузашт. Ӯ акнун бо наворҳо ва гуфторҳои ростин ва бебоконаи худ дар телевизиони тоҷик маъруфият касб кард. Боз ҳам ба маслиҳатҳои дӯстону наздикон «эҳтиёт бош» беэътиноӣ мекард. Дар барномаҳои худ дуздро дузд, ғоратгарро ғоратгар, қочоқбарро қочоқбар мегуфт. Бе парда мегуфт, ошкоро, ки ин рафтори ӯ бе ҷавоб намонд.

Ӯ кунун таҳдидҳо мегирифт, мепоидандаш. Аммо Ҷумъахон ҳамоне буд, ҳамон монд. Ҳиҷ дигар нашуд…

 

«Алҳазар аз чунин демократия!»

Моҳи апрели соли 1992 дар рӯзномаи «Нидои ранҷбар» (№10, 30.4.1992, саҳ.1.) бо чунин унвон хабаре чоп шуда буд, ки онро чун далел ба самъи хонандагон мерасонем:

«Хабарнигори рӯзномаи «Нидои ранҷбар» Ҷ. Ҳотамиро, ки дар митинги майдони Озодӣ рӯзи 25 апрел иштирок намуда буд, тарафдорони митинги майдони Шаҳидон шабона аз хонааш гирифта, ба масҷид бурданд (масҷиди Қазоқон) ва муддати қариб 2 соат дар ҳузури 45-50 нафар истинтоқ, таҳқиру таҳдид намуда, билохира ҳушдор доданд, ки дар сурати бори дигар дар майдони Озодӣ пайдо шуданаш ӯро бо аҳли байт аз хонааш ронда, манзилашро гирифта ба каси дигар медиҳанд.

Аз ҳама таассуфовараш он аст, ки таҳдиду таҳқирро ба рӯзноманигор дар ҳузури писарчаи 10-солааш раво диданд.

Воқеан дар хонаи Худо сухан ҳамеша бояд аз сулҳу сафо гӯянд ва таҳқиру таҳдид нораво бошад.

Магар чунин аъмоли аҳли имон нисбати бародари мусулмону ҳамсояи худ раво аст?».

Ҷумъахон Ҳотамӣ баъди «профилактика»-и ҳамсояҳои азизу гиромии мусулмонаш хомӯш наистод. Аз гуфтору навиштори воқеъбинона даст накашид. Ҳақиқатгӯиву ҳақиқатнигорӣ мароми ӯ буд…

 

ЭПИЛОГ

Душманони ҳокимияти қонунӣ нақшаи муғризонаи хешро дар амал татбиқ намуданд. Онҳо журналисти бебоку ҷасур, «рупор» (мунодӣ)-и ҳукумати нав, подполковник Ҷумъахон Ҳотамиро рӯзи 4-уми июли соли 1999 ба қатл расонданд.

Инак таз он рӯзҳои мудҳиш 25 сол сипарӣ шуд…

Хотирааш гиромӣ бод! Месазад, ки номи фарзанди ғаюри Ватан Ҷумъахон Ҳотамиро ҷовидон гардонем! …

 

Умари Шерхон

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube