26.07.2024. Соат бо вақти Душанбе 07:00 дақиқа. Субҳи содиқ, пеш аз тулӯи офтоб мо роҳ гирифтем ба сӯи ноҳияи Шаҳритус, ки нуқтаи гармтарини Тоҷикистон – Айвоҷ ҷойгир аст. Мо ин ҷамоатро баъди соатҳои тулонӣ дарёфт намуда, бо мушкилиҳои зиёд ба онҷо расидем. Вақте ки ман ба деҳа даромадам мардуми деҳа барои ман аҷиб намуд, чунки дар фасли тобистон дар ҳарорати бениҳоят баланд марду зан дар тан либосҳои ғафси пашмӣ карда, ба кори худ машғуланд. Ман гумон кардам, ки дар ин ҷо зимистон аллакай сар шудааст.
Ҳам биҳишту ҳам дӯзах!
Деҳаи Айвоҷ гармтарин минтақаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҳароратсанҷ дар он ҷо аз 52 то 55 дараҷаи гармиро нишон медиҳад. Аммо сокинонаш дар чунин гармои тоқатфарсо даст аз кори саҳро набардошта, машғули коранд. Зимни аксгирӣ хонандаи азиз, бовар кун, телефонамон дигар қуввати аксгирӣ накард, аз гармии зиёд маҷбур шудем телефонҳоро дар пеши кондитсионери мошин хунук карда, баъдан акс гирем. Борҳо ба худ гуфтаам, ки мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки ҳам биҳишт дораду ҳам дӯзах!
Айвоҷи Шаҳритус аз пойтахти Тоҷикистон – ш.Душанбе дар масофаи 250 километр роҳ ҷойгир аст.

Кишоварзон чӣ ҳол доранд?
Дар Айвоҷ гармии ҳаво дар нимаи рӯз то 55 дараҷа баланд шуда, шабона то 35 дараҷа поён мефарояд. Ва ин ҳама дар СОЯ!!! Чойи кабуди гарм, ки кишоварзон ҳамеша бо худ доранд, шояд дар ҳеҷ куҷо ба андозаи Айвоҷ қадр надошта бошад. Кишоварзон гоҳо худро ба зери буттаҳои аз нури офтоб зардшуда мезананду чойи кабудро нӯш мекунанд ва баъдан дубора ба саҳрои тафсон бармегарданд. Кишоварзони айвоҷӣ барои ғизои нисфирӯзӣ ба хонаҳои худ намераванд, онҳо бо ҳам дар бошишгоҳи саҳроӣ ғизо мехӯранд.
Тутинисо Қандилова, зани 44 сола сокини деҳаи Айвоҷ, соати 5-и субҳ, дар ҳоле, ки офтоб акнун аз паси кӯҳҳо сар бадар мекунад, ба саҳро меравад ва ба ҷӯякҳои пахта каланд мезанад. Ӯ нимаи рӯз ба хона бармегардад, то барои шавҳар ва бачаҳояш ғизо омода карда, корҳои хонаро анҷом диҳад. Тутинисо мегӯяд, кор дар гармои тобистон дар пахтазор ҳатто барои онҳо, ки авлоду аҷдодашон бо гармои Айвоҷ хӯ гирифтаанд, сангин аст, аммо меафзояд, ин “дузах”-ро ба биҳишти минтақаи дигар иваз кардан намехоҳад. Чун дар ин ҷо таваллуд шудааст ва фарзанд таваллуд кардааст.
Тутинисо 2 фарзанд дорад ва дар хонаи модаршӯяш зиндагӣ мекунад. Онҳо 1 оилаи бузурги 21 -нафарӣ ҳастанд ва ҳамагӣ аз кори саҳро рӯз мегузаронанд. Аз кишту ҷамъоварии пахта пули зиёд намегиранд, аммо дар иваз бо ҳезум таъмин мешаванд.
Қандилов Амриддин, шавҳари Тутинисо тӯли 18 сол мешавад, ки дар чунин ҳавои тафсон дар 1 гектар замин маҳсулоти кишоварзӣ кишт мекунаду зиндагиашро пеш мебарад, Акаи Амриддин имсол пиёзи хушсифат кишт карда, фоидаи соф – 10000 сомонӣ ба даст овард.
“Коэфициент” ё музди иловагӣ куҷо шуд!?
Дар замони Шуравӣ мардуми ҷамоати Айвоҷ ва баъзе манотиқи дигари вилояти Хатлон барои зиндагӣ дар гармои аз ҳад беш “коэфициент” ва ё музди иловагӣ мегирифтанд. Аммо бо суқути Иттиҳоди Шуравӣ ин имтиёз ҳам суқут кард. Чаро дар даврони соҳибистиқлолӣ дубора ин музди иловагӣ баргардонида намешавад, суолест, ки ҷавоб мехоҳад!? Бояд рӯирост иқрор шавем, ки на ҳама дар чунин ҳавои тафсон зиндагӣ карда метавонад.
Бурӣ Талбаков, кӯҳансолтарин марди ин деҳа мегӯяд, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ҳақмузди иловагӣ дигар матраҳ нашуд. Занҳои кишоварз дар Айвоҷ, ба истиснои 1 миқдор пул дар авҷи чиниши пахта маъмулан дигар маош намегиранд. Маоши онҳо ғӯзапоя аст. Онҳое, ки дар сабзавотпарварӣ машғуланд, ба ивази маош меваву сабзавот дарёфт мекунанд.

Дар 55 градус умеди зиндагӣ ҳаст!?
Корҳои мушкили саҳро, аз кишт то нарм кардани бехи ниҳол ва ҷамъоварии ҳосил, умдатан бар дӯши занону духтарон ва хонандагони мактаби Айвоҷ аст. Деҳаи Айвоҷ на онқадар деҳаи калон аст, аммо ин деҳа бо зиндагонии мардумаш ба куллӣ аз дигар деҳаҳои манотиқи кишвар фарқ мекунад. Марду зан дар чунин ҳавои тафсон хушҳолӣ мекунанду шукронаи ин миллату ин ватан доранд. Мардҳо корҳои сабуктаре мисли обмонии ҷӯякҳо, ронандагию фурӯши маҳсулотро анҷом медиҳанд. Одилова Азизмо 37 сол дорад. Ӯ муаллимаи мактаби миёнаи Айвоҷ аст, ки дар таътили тобистона дар саҳро кор мекунад, то дар замистон дарзаҳои ғӯзапояро аз даст надиҳад. Ӯ аз соати 5-и саҳар то соати 11- рӯз 12 ҷӯяи 320 метриро “чобуқ” кардааст. Азизмо 3 фарзанд дорад, ҳангоме, ки бо ӯ сӯҳбат мекардем, духтараш Марҷонаи 15-сола ба модар кумак мекард.
Либоси ғафс дар ҳавои гарм… аҷиб!
Деҳаи Айвоҷ бо 8 ҳазор аҳолӣ, яке аз деҳаҳои бузурги ҷамоати деҳоти “Ҷӯра Назаров”-и ноҳияи Шаҳритус ба шумор меравад. Мардуми ин деҳкада худро “араб” ва ё авлоди арабҳое мегӯянд, ки ҳанӯз дар асри 7 ба Осиёи Марказӣ ҳуҷум кардаанд. Арабҳои Айвоҷ бо ранги тираи пӯст аз тоҷикони маҳаллӣ фарқ мекунанд ва аксари онҳо дар пешонаашон холи сунъӣ доранд. Баъзе аз занони деҳаи Айвоҷ мегӯянд, онҳо барои раҳоӣ ёфтан аз гармои ҳаво дар вақти кори саҳро аз усули бобоӣ истифода мекунанд ва либосҳои ғафс мепӯшанд!!!
“Агар либоси тунук пӯшӣ, офтоб тез таъсир мекунад, барои ҳамин либоси ғафс мепӯшем, ки офтоб ба мо таъсир накунад,” – мегӯяд Аслон Рабиева, сокини 49-солаи Айвоҷ, ки дар гармои 52 дараҷа болопӯши пашмин дорад.
Дар чунин гармӣ рӯза мегиред?
Мо аз Қандил Беков, сокини маҳаллаи Айвоҷ пурсидем, ки бошандагони ин деҳкада дар фасли гармо чӣ тавр рӯза мегиранд? Беков гуфт, танҳо 20 дарсади сокинони деҳа, ки дар хонаҳо мемонанд, рӯза медоранд, кишоварзҳо – чӣ мард ва чӣ занҳо дар ин гармо имкони рӯзагирӣ надоранд.
Айвоҷ бо шимоли Афғонистон марзи муштарак дорад ва дар байни рӯдхонаҳои Ому ва Кофарниҳон ҷойгир аст. Оби ин 2 рӯдхона ҳам ба заминҳои киштзор мерезад ва ҳам ба хонаҳои мардум. Аз аҳолии 8 ҳазорнафарии Айвоҷ танҳо ками дар кам дар муҳоҷирати корӣ буда, боқӣ ҳама ризқи худро дар ин деҳкадаи ғанӣ аз замин пайдо мекунанд.
Нуриддин Қосимзода,
махсус барои Ихвон ал СССР
