ОЛИМПИАДАИ СИЁСӢ

Боби 1. Андар боби Нуралӣ Эмомалӣ

28.07.2024. Гӯштии варзишкори ҷавони 22-солаи Тоҷикистон бо рақиби 30 солаи исроилияш Шмаилов Борух ҷанҷолӣ шуд. Исроилиҳо ва дар ҷамъ қавми яҳуд, ки дар тӯли асри 20-21 ҳатман дар ҳама кору бор таҳқиру нописандӣ ва ҳатто ксенофобизму антисемитизм меҷӯянд, ин бор гуфтанд Нуралӣ бо Шалом салом накард.

 

Боби 2. Андар боби шалом ва салом

Биоед, рӯ биорем ба луғати маъруфи интернетӣ, дар шакли асл (русӣ), то нафаре нагӯяд, ки муаллиф аз пеши худ чизе бофтааст. Ин Луғат мегӯяд Шаломи яҳудиву Саломи арабӣ на танҳо ҳамреша, ки ҳатто ҳаммаъноянд:

Шалом алейхем (ивр. שָׁלוֹם עֲלֵיכֶם‎ — [ʃaˈloːm ʕaleːˈxem], ашкеназское произношение шолем алейхемидиш שלום עליכם‎ шолем алейхем или шулем алейхем) — традиционное еврейское приветствие, означающее «мир вам». Традиционная форма ответа на это приветствие — алéйхем шалóм («вам мир»). В современном иврите используется лишь краткая форма приветствия шалом, на идише — полная форма (шолем алейхем, ответ — шалем у-враха).

Приветствие «шолом алейхем» упоминается в иерусалимском Талмуде, а в форме единственного числа — и в вавилонском Талмуде. Форма множественного числа стала применяться по отношению к одному человеку под влиянием арабского языка (ср. Ассаламу алейкум)[1].

Ва акнун бинем, ки ассалому алайкуми арабӣ, ки мо ҳамарӯза ҷои ДУРУДи тоҷикӣ корбаст мекунем, чӣ маъно дорад? Боз ҳам аз Википедия ва бо русӣ, ки фикр накунанд, муаллиф чизе мекорад:

Ас-саляму алейкум (араб. اَلسَّلَامُ عَلَيْكُمُ‏‎ — мир вам‎), таслим (تَسْلِيمٌ‎) — арабское приветствие, укоренившееся в исламе и используемое мусульманами разных национальностей, его также используют арабы-христиане и арабские евреи. Эквивалент слова «здравствуйте». В ответ на это приветствие традиционно отвечают ва ‘аляйкуму-с-саля̄м (‏وَعَلَيْكُمُ ٱلسَّلَامُ‎ — «и вам мир»).

 

Боби 3. Андар боби шалому салому рэй

Вале дар асл қазия чӣ буд? Нуралӣ Эмомалӣ дуруст аст, ки дастакӣ бо ҳарифаш салом накард. Вале магар саломи 2 ва ё 1 даста дар ҷудо ҳатмист? Албатта не.

Ассалому алайкуми арабӣ, дуруди тоҷикӣ ва шаломи яҳудӣ дар тотами-гилеми гӯштии ҷудо РЭЙ ном дорад! Рэй дуруди ҷопонист, ки рақибон барои иззати ҳамдигарӣ каме қомати худро шикаста, сӯи ҳамдигарӣ нимтаъзим мекунанд. Тақрибан ҳамон ишорате, ки ҳини намоз дар саҷдаи рукуди аввал мекунем. Ҳам Нуралӣ ва низ Борух қабл аз бозӣ бо ҳам бо ҳамин усули Рэй изҳори пазироӣ карданд.

 

 

Боби 4. Андар боби ангушти тааҳҳуд

Баъди пирӯзӣ бар ҳарифи исроилӣ, хабаргузориҳои пурнуфузи Essentiallysports ва Dailymail навиштанд, ки «Нуралӣ Эмомалӣ,  ангушти ишоратӣ ба боло кардаву нидои Аллоҳу Акбар», яъне такбир задааст! Аз ин моҷаро, хабаргузориҳои яҳудиён, бар зидди гуштингири мо, кампанияи заҳролудкунӣ (травля) таъсис доданд. Онҳо менависанд, ки варзишкори Тоҷик гӯиё бо ин рафтораш, ҳувияти зиддияҳудии худро намоиш додааст.

Аввал ин ки тоҷикон ҳаргиз зидди яҳудиён набуданду нестанд. Мисоли барҷастааш ин аст, ки яҳудиёни Бухоро ва Душанбеву Кӯлоб то ҳанӯз худро ТОҶИК мегӯянд, ки агар миллати ман бо ишон бархӯрди бад медошт, ҳаргиз, бо даст додани имконият, ба Тел-Авиви Исроил неву ба Душанбе барои истироҳат намеомаданд. Дар даврони истиқлолият низ вазъ чунин аст. Қабристони яҳудиён то ҳанӯз покизаву тамиз мебошад ва онро, яъне гӯристони яҳудиро ТОҶИК нигаҳубин мекунад. Аз худашон пурсед!!! Гузашта аз ин, ҳатто 1 тоҷики сарбаланд, хонаи зисти худро ба яҳудиён РОЙГОН дод, то дар ин ҷо синагога-масҷиди евреӣ созанд!

Рӯиҳамрафта, чанд яҳудӣ зани тоҷик гирифтанд. Мисоли барҷастааш Дед Миша (Миша Калантаров дар акс) ном яҳудии амрикоӣ, ки зани Мирзо Ҷагаи собиқ муҷоҳиди наҳзатии тоҷикро баъди маргаш ба никоҳи худ даровард. Агар тоҷик ифротӣ мешуд, мегузошт, зани «муҷоҳиди №1» зани 1 яҳудӣ шавад? Ин зан ҳоло ҳам ҳар гоҳе хост бо шавҳари евреяш ба Тоҷикистон омада меравад ва касе ба онҳо кор надорад. Зеро менталитети Тоҷик дигар аст.

Чаро ин далелҳоро ин ҷо мекорам? Зеро баъди террори Крокус Сити ва ҳамлаи маргталабонаи чанд ба ном тоҷики бехирад дар Эрону Туркия, душманони ғоявии мо мехоҳанд номи тоҷикро куллан ба Террор ҳаммаъно кунанд ва ин «кампания травли» кори саҳлу сода нест ва бояд дар сатҳи баландтарини ҳукумати мо матраҳ ва маҳкум гардад!!!

Боби 5. Андар боби ангушти тааҳҳуди Салоҳ ва салиби Месси

Хеле аҷиб аст, Муҳаммад Салоҳ 10 сол шуд гол мезанаду на танҳо ангушти тааҳҳуд боло мекунад, ки ҳатто бар замин нишаста, намоз мегузорад (ниг. ба акс) Вале касеро ӯро надид. Аммо ҳамин ки 1 тоҷик 1 яҳудиро дар Олимпиада зад, расонаҳои проевреӣ диданд ва ба маҳкама кашиданд!

Аълоҳазрат Месси бошад, баъди ҳар пирӯзӣ ва гол задан 2 ангушти тааҳҳуд боло мекунад. Зеро дар тарсоизм “Отец и Сын” гуфтанӣ дуализм ҷой дорад ва баъдан салиб мекашад. Крестится мекунад! Чаро Мессиро ба таблиғи дину мазҳаб айбдор намекунанд? Боз дар ҳоле, ки Месси 800 гол задаву 800 бор салиб кашидааст ва 800 миллион мусалмони мухлисаш асло сӯяш санг намезананд (тоже ниг. ба акс).

 

Боби 6. Андар боби антисемитизми воқеӣ

Масъуд Идрис, паҳлавони арабтабори Алҷазоир ошкоро на танҳо аз даст додан бо Тоҳир Бутбул, ҷудокори Исроил даст кашид, ки ҳатто ба татами набаромад. Ӯ коре кард, ки ҳамаро ҳайратӣ сохт. Пеш аз вазнкашии охирин, мурданак “обед” карда, вазни худро ба 73 килову 400 грамм расонид. Идрис бояд дар вазни зери 70 кг бо ин яҳудӣ ҳарб мекард. Зимнан, аз вазнченкунӣ нагузашт. Баъдан расонаҳои арабӣ Масъудро чемпиони Олимпиада номиданд. Ана инро зиддияти ошкоро бар бомбаборони Ғаззаву Фаластин мегӯянду антисемитизм.

А, ҷудокори мо бошад, ба татами баромад, 8 дақиқа сабқат намуд ва дар Голден Скор-марҳалаи тилоӣ, яъне иловагӣ ҳамтои яҳудашро ба замин парчам намуд. Дар куҷо шумо, муҳтарам расонаҳои антимусалмонӣ ва зиддитоҷикӣ рафтори антисемитизм дидед? Шояд мо пеш аз ба майдон баромадан бо ҳамқавми шумо кулоҳи яҳудӣ гузорему тариқи микрофон Шалом гӯем???

Мо низ метавонем аз гражданини давлати худ дар олами иттилоотӣ дифоъ кунем. Ещё как  Метавонем!!!

 

Боби 7. Андар боби Олимпиадае, ки мурд

Олимпиада ҳанӯз 4 сол муқаддам сӯи марг қадам гузошт, вақте сирфан сиёсӣ шуд. Аз Олимпиада он ҳангом бузургтарин иштирокчии он-Россияро ронданд! Ман ба давлатҳо кору бор надорам, ки кӣ меҷангаду кӣ ситам мекунаду кӣ мекушаду кӣ торумор месозад. Вале варзиш, Олимпиада ба сиёсат чӣ дахле дорад? Муқаддамтар аз ин чанд кишвари дигарро бо шумули Белорусия ва Корея ронданд. Пурсида мешавад, магар Россия бештар аз Исроил одамони бегуноҳро мекушад? Коре, ки дар Навори Ғазза ва Фаластин рафта истодааст, аз чашми кӯр ашк мешоронад. Ва агар шумо воқеан ҳам сиёсӣ неву антиҷангиед, чаро Исроил дар ин Олимпиада баъди қатли омми фаластиниҳо дар навори Ғазза роҳ ёфт? Ин иддаои ман нест, Генпрокурори Суди Байналхалқии Гаага Карим Асад Аҳмад Хони шотландӣ, хунрезии Исроилро маҳкум карда, барои боздошт ва ҳабси сарвазири ин кишвар Бенёмин Нетаняҳу қарор баровард!!! Пас чаро Исроил на танҳо дар Олимпиадае, ки онро ҳизу инъинҳо, голубойу трансвиститҳо кушоданд, ширкат меварзад, ки боз кишвари аз ҳама таҳаммулгарои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистонро, ба антисемитизм муттаҳмам мекунад? Суолест риторикӣ, албатта.

Дар ҳар сурат Олимпиадаи Париж нишон дод, ки ҷангхоҳон ва фашистону нажодпарастон ин бузургтарин иди варзишро аллакай куштанд. Салоти ҷанозаи Олимпиада дарёб…

 

М. Мубориз,

Махсус барои СССР

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube