30.07.2024. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён дар ш.Теҳрон иштирок намуданд.
Дар пасманзари ш. Душанбе шаҳри Хуҷанд низ аз ҳисоби ноҳияҳои ҳаммарз, хосса н. Б.Ғафуров васеъ хоҳад шуд.
Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар мамлакат 4058 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шуд: 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 328 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ ва 3 ҷамоатхонаи исмоъилӣ.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 174 номи маҳалҳои аҳолинишин, ки “ғайримеъёрӣ” буданд, иваз шуда, дархости беш аз 300 ном дар саросари кишвар, ки ғайритоҷикианд, барои тағйир омодаанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ 4066 адад гирифторони нашъамандӣ ба қайд гирифта шуд, ки 109 нафарашон зан аст.