Соли 1973 буд. Бобои Акрам, маъруфтарин булдозерчии ДСУ №4-и ш.Кӯлоб, иштирокчии ҶБВ, ки аксарият “контуженный” гуфта, аз ӯ ҳарос доштанд, бо ҳамсараш Момаи Сиган арӯс фароварданд (номи завҷаашон Сайбӣ буд, вале чун чақ-чақиву шӯх будӣ, тахаллусашро Сиган монда буданд. Мисле, ки худи бобои Акрамро бобои Нос мегуфтанд, зеро аз тамоку қимобӣ буд).
Момаи Сиган аҷаб зане буд: ҳалим, хоксор, заминӣ, хушгап, шӯху шангу хеле зебо, ки аксариятро ному тахаллус мегузошт. Тамомии атфоли гузари моро бо тахаллус мешинохтанд, мисли Чурек, Миной, Ӯлҷабоев, Крыс, Алла, Гулга, Қурут, Хушрӯ…, ки дар саргаҳи ин номгузорӣ момаи Сиган меистод.
Бобои Акрам баръакс, хеле марди бо тамкину салобат, сахтгӯву сиёсатмадор буданд. Ҳама аз ӯ ҳарос дошт. Боре 1 қисса рух дод, ки дигар нисфи Кӯлобшаҳр аз Бобои Нос метарсид:
- Соли 1983, 1 прокурор, бо насаби Сайдамиров, гӯсфандашро гум кард. Кофта – кофта омада, гӯсфанди падари ман-худобиомурз Эшони Мизробро дида, мегӯяд, ки ин гӯсфанди ӯст.
Бобои Акраму падари ман, ки ҳамсояи шафат буданд (дар баракҳои финӣ мезистем), ин гӯсфандро аз баррача буданаш бо ҳам калон мекарданд. Ҳарчанд собит мекунанд, ки прокурор саҳв кардааст ва гӯсфандони ҳисорӣ, ба вежа қучқорҳои якҷоя кардагӣ, монанд мешаванд, прокурор онҳоро ба дуздӣ муттаҳам карда, рафта, “участковый”-и номӣ дар кӯчаи Куйбеш-Сафаровро меорад. Сафаров омада, моҷароро дида, ба прокурор, ки аз аҳолии маҳаллӣ набуд, мефаҳмонад, ки хато мекунад, зеро ин 2 мӯсафед сахт поквиждонанд ва бисёр худотарс.
Прокурор Сайдамиров бошад, нею нестон карда, гӯсфандро гирифтанӣ мешавад. Падари ман, ки таҳаммулгаро буд, бало ба пасаш гуфта, банди гӯсфандро раҳо мекунад. Сайдамиров мехоҳад гӯсфандро ба бағочи мошини Жигулии наппа наваш дарорад. Дар ин асно, бобои Акрам, ки қаҳрамони ҶБВ буд, ғайб мезанад. Вале чанд сония пас, бо камони шикорӣ ва нидои “За Сталина! За Родину” пайдо гашта, милро рост тарафи прокурор мекунад. Прокурор фикр мекунад, ки мӯсафед “храп” мезанад ва бепарво мегӯяд, паррон!
Сафаров, ки солҳо дар ин маҳалла фаъолият дошту ғазаби Бобои Носро медонист, ба мототсикл парида, газро зер мекунад. Бобои Акрам рост ба пешонии прокурор … тир мекушояд! Падари ман пешдастӣ карда, мили силоҳро бо даст мезанад. Тир аз бехи гӯши прокурори туҳматгар мегузарад. Дигар бигиру бизане мешавад, ҳисобаш гум… Прокурор ҷонҳавл сӯи дашт фирор мекунад, Бобои Акрам бо нидои “За Родину! За Сталина!!!” думболаи ӯ давида, аз пасаш чанд тири дигар холӣ мекунад (5-тира дошт мӯсафед). Хушбахтона ба ҳадаф намерасад. Вале то мурдан ин прокурор дигар аз ин кӯча намегузашт…
Ана ҳамин хел “контужный” ва “пурғазаб” буд, бобои Акрам, ки дар соли 1973 писараш Раҳмонро аз Лангари Муъминбод зан дод…
Дар тӯй сароянда…Давлатманд Холов буд! Оре, ана ҳамун булбули Шарқ, ки аз Қоф то Қоф номдор асту он замон дар ҳамин ДСУ №4 харрот шуда кор мекард. Ин тӯйро устод Давлатманд доиман ёдовар шуда механдид. Зеро хандааш сабаб дошт…

Вақте апаи Зебо-арӯси хеле хеле хеле хушрӯйро мефароварданд, Давлатманди ҷавон фаҳмид, ки арӯс аз кадомин деҳа аст ва ин сурудро хонд:
Зан бигирӣ аз Лангар,
Мезананут ба дангал,
Сурут мекунан ба ҷангал,
Вой аламой зангирӣ…
Мардуми Муъминободу Шурообод, ки 1 умр ҳамдигариро қофия мезананд, медонанд, ки Доғистони Шурообод – ватани Давлатманд Холову Лангари Муъминобод – ватани арӯс пайваста дар набарди иттилоотиву фолклорӣ қарор доранд ва сароянда аз шаҳмардони бо арӯс омада, ин ҳангом қасд гирифт. Вале куҷо!!!
Акнун бинед, ки апаи Зебо чӣ кард! Ӯ аз мошин нафаромад ва ҳарчанд пешаш гӯши гӯсфанду сипас буққаи 1 соларо буриданд (яъне аз туст, кадом вақте хоҳӣ, кушта мехӯрӣ!), аз ҷояш наҷунбид ва ултимотум гузошт:
- То ин ҳофизро аз тӯйхона набароред, намефароям!!!
Дигар чӣ ҳам мекунӣ? Бобои Акрам омада, бо мулоиматие, ки аз ғазаб ба зӯр худро нигаҳ медошт, аз Давлатманд талаб кард, ки тӯйхонаро тарк кунад. Танҳо баъди ин арӯс, ҳамоно апаи Зебо, аз мошин пиёда шуд…
Ва сиёсати худро шинонд! Дар тамомии Кӯлобшаҳр мегуфтанд, арӯсаке то сароянда хонаро тарк накард, ба ҳавлии худи Бобои Нос надаромад!!!
Апаи Зебо воқеан ҳам зебо буд! Қадбаланд, қоматболо, бо лабу дандони хушрӯй ва чашмони оҳумонандаш, ки мехиромиду ба гуфтор медаромад, кӯчаи Куйбеш чӣ, ки тамомии шаҳри Кӯлоб ба ҷумбиш медаромад. Мо атфоли маҳалла ошиқи ӯ будем! Навбат мепоистем, то апаи Зеборо боре ҳам бубинем. Ӯ зиёд бонуи ҳалим ва дилкушоде буд. Бо ҳар яки мо суҳбат мекард, ҳар чизе мегуфтем, вонамуд мекард, ки битамом гӯшу ҳуш моро мешнавад. Ба яке себу ба дигарӣ анор ва ба саввумӣ қанду ба чорумӣ табассуме туҳфа мекард…
Ҳавлиҳои мо, ки дар шаҳраки коргарон мезистем (ҳама волидайн дар ДСУ №4 кор мекарданд), девор надошт. Гӯё тамомии маҳалла дар 1 ҳавлии бузург ба сар мебурд, илло чанд шиғаке, ки гову гӯсфанд убур накунад. Он замон ин деворҳои осмонбӯс набуданд. Воқеан ҳам ин деворҳоро мардуми мутаассиби ба ном мусалмон, ки дилҳошон сиёҳ аст, имрӯз аз тарси ҳамдигарӣ бино кардаанд, то зану духтаронашонро набинанд.
Он замон ҳар муъмин сатр дошт. “Сатри муъмин дар чашми муъмин аст!” – мегуфт падарам Эшони Мизроб ва ҳамсоягон тасдиқ мекарданд, бо рафтору кирдор. Зеро ЯГОН мард сӯи ҳавлии ҳамсоя, тарафи зану духтари якдигарӣ нигоҳ намекард!!!
Апаи Зебо соли 1974 соҳиби шоҳдухтаре шуд бо номи Шаҳло, баъдан Саймову Таҳмина таваллуд шуданду Сайдаливу Суҳробу Сайвалӣ низ. Ҳамаи ин кӯдаконро мо дар ҳамдастӣ калон кардаем. Мисле, ки моро акои Раҳмону апаи Зебо калон карда буданд…
Апаи Зебо суханписанд буд. Дар тӯю маъракаҳо, ки он замон Гулбазм доир мешуд (мутаассуф баъдан бо фачгӯиҳои чанд масхарабози телевизионӣ ин базми зебо аз байн рафт), шеъру таронаҳои ҷолиб мехонд.
Дар рақс ҳам апаи Зебо гули сари сабади тамомии маҳофили арӯсии Гузари Боло буданд. Гузари Боло гузари моро мегуфтанд, ки бо арӯсу келинҳои зебову боиффаташ аз Гузари Миёна ва Гузари Оҳан фарқи осмонӣ дошт.
Дар кӯдакӣ ману апаи Зебо бизнеси якҷоя доштем. Ҳоло чӣ мегӯянд? СП-совместное предприятие. СП-и мо ин буд:
– Ман, дар гармои тобистон, дар Нефтебаза чолоб мефурӯхтам. Он даврон ҳамагӣ 1 нефтебаза буду садҳо мошини бузург дар навбат меистод ва табиист, чун Колаву Фантаи сунъӣ набуд, чолобу яхоб мехӯрданд. 1 истакон чолоб 10 тин. Ба Фарёди ҷигарсӯзи ман, ки мегуфтам, “Биё, чаллловввви хунукдаааа!!!”, ҷигарҳои хулбути ронандагон, ки соатҳо дар кабинаи гарм менишастанд (ку он даврон кондитсионер?!), ба фиғон меомаду маро ҷеғ мезаданд. Зеро медонистанд, ки дар чолоби ман яхи сунъӣ, яхи “гормолзавод” нест. Яхи гормолзаводро, ки барои “морожник” корбаст мешуд, бачаҳои дигар, аз бушкаҳои яхмос медуздиданд. Ин ях аз оби ҳароми гандида будӣ ва сахт намакхӯрдаву шӯр. Маззаи чолобро вайрон мекард. А, яхи ман бошад, табиӣ буд. Яхро ман аз яхдон-холодилники апаи Зебо мегирифтам! Апаи Зебо холодилники “Орск” дошту Очаи ман яхдони “Помир”. “Орск”, мардуми аҳди шуравӣ медонанд, ки яхчоли бузурге дошту яхи бисёртар мебурд. Аз сари ҳар сатили чолоб 20% даромад аз апаи Зебо буд! Зеро ях аз ӯ будӣ.
Ва ана ҳамин гуна мо рӯз мегузарондем. На сери сер ва не гуруснаи гурусна. Дар охири мавсими тобистон ман аз пулҳои захиракардаам, ки кассираш сахтгиртарин инкассатор дар рӯи олам – Очаҷонам будандӣ, сару либос мехаридам аз Ярмаркаи мактабӣ ва баъдан 2-3 рӯза ба Душанбе сафар мекардам!!!
Апаи Зебо куртаи нав ё рӯймоли ҷопонӣ мегирифт. 1 сентябр ин ҳама дороиро мо пеши чашми ҳамсояҳо ба бару ба сар карда, эххх месӯзондем онҳороееее. Конкурентҳои ман зиёд буданд. Апаи Зебо рақиб надошт дар ин ҷода. Онҳо, яъне рақибони бизнеси чолобиям, меомаданду ба апаи Зебо 25 ва ҳатто 30% даромад аз яхоб ваъда мекарданд. Вале апаи Зебо ҳеҷ гоҳ розӣ намешуд. Зеро партнёри эътимодбахше буд ӯ ва ба баъд содиқ…
Сар аз соати ба кӯчаи мо по ниҳодан ӯро ном Апаи Зебо буд ва ҳатто вақте синнаш аз 70 ҳам убур кард, касе ӯро бибӣ, мома, хола, амма… намегуфт. Зеро номаш абадан Апаи Зебо буд ва Апаи Зебо хоҳад монд…
…22.07.2024. Соат ба вақти Кӯлоб 09:46 дақиқа. Эшони Ғиёсиддин занг задаву гуфт:
-Апаи Зебо ҳамин ҳоло, баъд аз касалии тӯлонӣ, аз олами сифлӣ бибридаву бар олами улв бупайвастанд…
Ҷоят ҷаннат бод, арӯси гузари Боло, зеботарин гулдухтари Лангар, хушрӯйтарин бонуи кӯчаи Куйбеш ва азизтарин апаҷону янгаҷони мо, ки умре хидмати Бобои Акраму Момаи Сигану “дед Раҳмонро” комилан ва бе шакку тардид ба ҷо меовардӣ.
Дидор ба қиёмат партнёр, Апаи зебои зебои зебои Зебои мо…
Ҳаргиз намирад он кӣ дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо!!!
