Исмоил Талбаков. Ин ному насаб, шахсияти таърихӣ аз давраи Истиқлол расонаӣ шуд. То соли 2000-ум, то замони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш то ба шаҳри Душанбе омаданаш, ӯро аслан дар доираи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон хуб мешинохтанд.
Ҳарчанд Исмоил Талбаков то ба он маврид, дар ҳизби коммунист одами нав набуд, аммо то ба он рӯз дар музофот фаъолият мекард. Ӯ аллакай 20 сол собиқаи корӣ дар ҳизб дошт. Ва гомҳои нахустинаш аз вазифаи инструктори Кумитаи партияи коммунистии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) оғоз гашта буд…
НАХУСТДИДОР
Ошноии мо бо Исмоил Талбаков соли 1993, ҳангоми як сафари хизматӣ ба минтақаи Кӯлоб ба вуқуъ пайваст. Он овон дар рӯзномаи «Нидои ранҷбар» (ҳоло «Коммунисти Тоҷикистон») ба симати мудири шуъбаи органҳои маъмурӣ ранҷ мебурдам. Рӯзе сармуҳаррири рӯзнома устод Ҳабибулло Ёров гуфтанд, ки омода бош, пагоҳ бо Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Давлатович Шабдолов ба минтақаи Кӯлоб меравед. Суратгири идора Тухтамурод Рӯзиевро ҳамроҳ гиред…
Дар шаҳри Кӯлоб моро намояндагони ҳизб Бозор…… ва Исмоил Талбаков пазироӣ намуданд. Ана дар ҳамон лаҳза бо И. Талбаков вохӯрдам. Ҷавонмарди ғурурманд, бо мӯйи ғулии мошубиринҷ ва садои марғуладор, ба қавле бо садои командирӣ диққати дилхоҳ касро мерабуд…
АЁДАТИ ДАВЛАТМАНД
Раиси ҳизб аз чи бошад, суханро аз аёдти сарояндаи варзида Давлатманд Холов оғоз бахшид. Гуфт, шунидам, ҳофизи дӯстдоштанӣ Давлатманд бемор аст, биёед аввал ӯро бубинем, баъд аз пушти кор мешавем.
Бо бародарони кӯлобӣ ба суроғи манзили сарояндаи маҳбуб бут лок задем ва озими маҳаллаи Боғи Ҳабиб шудем. Дар ҳавлиаш ҳофизро наёфтем. Гуфтанд, ки дар истироҳатгоҳи Раиси Миралӣ табобат мегирад.
Шодӣ Давлатович гуфтанд, меравем ба хоҷагии бобои Раис ва бо ин баҳона бо духтурону табобатгирандагон суҳбат меороем. Котиби райкоми Восеъ моро роҳбалад шуд…
Ман ба тарзи гуфтор ва рафтори Исмоил Талбаков зеҳн мондам. Ӯро ҳамраҳи боэътимод дарёфтам. Он айём ӯ 38 сол дошту аз он 20 соли ҳаёти хешро ба ҳизби коммунист бахшида буд. Пӯшида нест, ки даврони ҳокимияти советӣ ба дастгоҳи таблиғотии ҳизб на ҳар касро хуш мекарданд. Боз ҳам ба вазифаи котиби якуми райком. Биноан бо итминон метавон гуфт, ки Исмоил Иброҳимович Талбаков аз пазируфтагони ҳизби коммунист маҳсуб меёфт. Мавсуф дониши комил, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва дорои маҳорати баланди суханварӣ буд. Ҳам аз илми иқтисод баҳравар буду ҳам аз корҳои ҳизбӣ. Таблиғгару тарғиботчии моҳир буд. Хуллас ҳар он чийе, ки ба як роҳбари ҳизбӣ зарур буд, вай онро дошт.
ТОСҚАЛЪА
Дар фароғатгоҳи Раиси Миралӣ, дар мавзеи хушбоду ҳавои ноҳияи Восеъ ҳайати ҳамсафаронро хуш пазироӣ намуданд. Аммо боз ҳам Давлатманди ҳунармандро дарёб накардем. Азизе ӯро ба куҷое, ба хурсандие бурда будааст. Бо ҳамин баҳона Шабдолов ва Талбаков бо духтурон, кормандон ва табобатгирандагон вохӯрӣ-суҳбати ёдмоне гузаронданд. Раиси ҳизб мардумро руҳбаланд карда гуфтанд, ки рӯзҳои нек дар пешанд. Биёед ҳамакаса дар гирди Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати нави Тоҷикистон муттаҳид шавем. Ва он рӯз дур нест, ки ба сулҳу салоҳи сартосарӣ бирасем…
ХОВАЛИНГ
Аз рӯйи нақша озими ноҳияи Ховалинг шудем. Шодӣ Давлатович дархостанд, ки аввалтар аз ҳама Мазори ҳазрати Султонро бубинем.
Ҳини аз шаҳраки Ховалинг ба масири мамнуъгоҳ роҳӣ шудан бо гурӯҳи калони роҳсозон дучор омадем, ки роҳи мошингарди Ховалинг-Мазори Ҳазрати Султонро таъмиру бозсозӣ доранд. Аз ин амалкард хушнуд гаштем.
Исмоил Талбаков ба роҳсозон изҳори миннатдорӣ намуд. Шабдолов бо истифода аз фурсати муносиб бо муҳандисону коргарони роҳсоз суҳбат орост. Ман низ дар дафтари худ қайдҳо гузаронда, баъдан онро ба чоп расондам.
Ба дил бурдам, ки чи амали нек, Ҳукумати нав дар як гӯшаи дури кӯҳистон аллакай ба ободкориҳо даст задааст. Ҳанӯз чангу ғубори ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ соз тит нашуда, ҳукумат пайи ободкориҳо кӯшиш ба харҷ дорад…
МАЗОРИ ҲАЗРАТИ СУЛТОН
Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангист. Он дар масофаи 18 км шимолтари шаҳраки Ховалинг, 90 км дуртар аз шаҳри Кӯлоб воқеъ буда, 30 га замини шомили ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро фаро гирифтааст. Дар ҳудуди бузургвор таҳҷои қалъаи қадима ва маҷмаи ёдгорӣ-дарвоза, мақбараи ҳазрати Султон, масҷид, биноҳои хурду бузург, меҳмонхона, китобхона, таҳоратхона, чашмаҳо: Мурод, Шшифо, Раҳмат, Мағфират, Ганҷ, мазори ҳазрати Халифа Бобо Умар ва ғайра воқеъ гардидаанд…
Баъдан, ҳини гузарондани ҳафриёт (2003-2005) аз тарафи бостоншинос У. Эшонқулов маълум гашт, ки дар асрҳои гузашта, бахусус дар давраи давлатдории Сомониён ин мавзеъ хеле обод будааст. Алҳол хиштҳои зиёди пухта (21 намуд), сангҳои чортарош, тангаҳо ва дигар бозёфтҳои қадимаи гуногун аз ин макон бадастомада дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг маҳфуз мебошанд…
Мамнуъгоҳ тозаву озода, бӯи хуши гулу буттаҳо, алафу гиёҳҳои кӯҳӣ, чашмаҳои мусаффо дили ҳар як бинандаро мафтун месохт…
ҲИММАТИ ҶОРӮБКАШ
Ҷорӯбкаши мазор усто Абдулҳамид (?) бо дидани меҳмонони дилписанд хушҳол гашт. Бо Исмоил Талбаков каш гирифтанд. – Аҷаб коре кардед, ки Раисро ба ҷоҳои мо овардед, – гӯён хушҳолӣ мекарданд.
Пас аз тамошои мазор (он замон намуди бас фақирона дошт) хостем пас гардем, аммо он пири барнодил гуфт: «Омадан бо иродат, рафтан бо иҷозат. Як пиёла чойи моро нанӯшида, як лафка нони гандумии моро начашида ҳеҷ куҷо намеравед!».
Дар шафати мазор, дар қароргоҳи тобистонаи зӯрмандони ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов (равонашон шод бод) моро меҳмон гирифт. Пайвандони усто зуд гӯсфандеро забҳ намуданд. Пайи ҳам чанд навъ ғизо муҳайё сохтанд…
Дар ин фурсат аз куҷое ҳофиз, машшоқи мумтоз, гӯрғулисарои кангуртӣ Шеф Султон (писари Ёқуб Тӯраи инқилобӣ – Аминов Ёқуб мулаққаб бо Ёқубтӯра 1887, деҳаи Муллоконӣ, бекии Балҷувон – 1987 деҳаи Шулуптуи Кангурт) дутор сари даст падид омад. Гуфт, равонаи тӯй ба ноҳияи Восеъ будам, чун шумо азизон ва акаи Исмоил Талбаковро дидам, ҳиҷ куҷо намеравам, тӯй намепарад. Боз кай чунин мардони арсаи сиёсатро мебинам.
Шеф Султони маътали ишорат сози думбраро ба хуруш овард ва суҳбати ёронро мунаввар гардонд. Аз байни гӯрғулисароёни садаи 20-21-и тоҷик Шеф Султон бо як хосият фарқ мекунад. Садои ширин дорад, навозандаи бомаҳорати сози думбра аст ва боз ҳунари волои дигаре ӯро ёр аст. Чанд пораи эпоси «Гӯрғулӣ»-ро бо забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ бо лаҳни ба худ хос месарояд. Суҳбату базми дилоро то бевақтӣ идома ёфт…
Исмоил Талбаков дар ҳамон нишасти хотирмон бо Шодӣ Давлатович суҳбати ҳизбиву таърихӣ доштанд. Ба назар аз ҳамон рӯз Раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мусоҳибашро барои оянда таги чашм кард. Раис ба савияи дониш, мулоҳизаронӣ ва дарку фаҳмиши мавзуи рӯзи Исмоил Иброҳимович қоил монд. Ман инро аз мунозираҳои ҳарду эҳсос намудам…
ТАЛБАКОВ
Исмоил Иброҳимович 24.3.1955 дар деҳаи Ҳасанбегии ноҳияи Совет (ҳоло ноҳияи Темурмалик)-и вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Ходими советӣ, баъд арбоби давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (2016). Маълумот олӣ. Миллаташ тоҷик.
Соли 1976 факултаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатӣ: Сариқтисодчии Идораи кишоварзии ноҳияи Совет (1976-1980), Инструктори Кумитаи ҲК-и ноҳияи Совет (1980-1981), Хизмат дар сафи ҚМ СССР (1981-1983), Инструктори райкоми Совет ва Кумитаи ҲК дар вилояти Кӯлоб (1983-1986), Мудири шуъба (1986-1990), котиби якуми райкоми Совет (1990-1993), Котиби якуми Кумитаи ҲК Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб (1993-2000), Котиби КМ ҲК Тоҷикистон (2006).
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъватҳои 2,3).
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия (2000-2005) ва аз соли 2006 узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод, буҷет, молия ва андоз.
Исмоил Талбаков солҳои 2006 ва 2013 аз ҲК Тоҷикистон дар интихоботи Президенти Тоҷикистон ҳамчун номзад пешниҳод гардидааст.
Дар съезди XXXII ҲКТ Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (2 июл – 17 декабри соли 2016) интихоб гардид.
Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд: Сорбон, Ғолиб, Гулниқош, Замира.
Бо медалҳои хотиравии 130-солагии И.В. Сталин, 140-солагии В.И. Ленин ва мукофотҳои дигар қадр шудааст.
Талбаков Исмоил Иброҳимович пас аз 6 моҳи раисӣ, 17-уми декабри соли 2016 дар 61-солагӣ, дар шаҳри Душанбе бар асари бемории сактаи майна (инсулт) аз дунё гузашта, дар оромгоҳи Сари Осиёи пойтахт мадфун гашт.
P.S. Талбаков Исмоил Иброҳимович дар 83-соли мавҷудияти ПК Тоҷикистон (1933-2016) нахустин Котиби якуми (Раиси) ҲК Тоҷикистон, намояндаи кӯҳистон Кӯлоб ба ҳисоб мерафт.
Умар АЛӢ