Иброҳими Бахтиёр, хонандаи доимии газетаи мардумӣ аз н. Айнӣ ба редаксия занг зада (тел: 2385556), пурсид, ки дар фасли тобистон боғчаҳои кӯдакон оё ба талаботи имрӯза ҷавобгӯянд?
– Таври маълум, ҳоло аксари падару модарон дар корхонаҳои давлатӣ кор мекунанду пас аз 1 солагии кӯдак маҷбуранд фарзандони хурдсоли худро ба боғчаи кӯдакона супоранд. Пурсида мешавад, ки оё боғчаҳои кӯдаконаи мо ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ ҳастанд ё не? Ё беҳтараш бобову бибӣ ба набера нигоҳубин кунанд?