Абдулло Турсунов, хонандаи доимии рӯзномаи мардумии СССР аз деҳаи Ғалабаи н. Фархор ба редаксия занг зада (тел: 900631136), дар бораи ӯҳдадориҳои муллоҳои масҷидҳо ва раисони маҳаллаҳо андеша ба миён гузошт.
– Вақте эмом -муллоҳои масҷидҳои панҷвақтаро таъин мекунанд, бояд якбора ба онҳо ӯҳдадориҳои раисони маҳаллаҳоро ҳам вогузор кунанд. Чунки ба гапи онҳо ҳамчун намоянда ва пуштибони миллат муносибат доранд ва бовар доранд, ки ин нафарон дар ҳама ҳолат пуштибонӣ аз давлату миллат мекунанд. Аксарият раисони маҳаллаҳо бо мардум кам кор мекунанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ нест. Агар ин 2 вазифаро ба эмомҳо диҳанд, мардум ба гапи онҳо гӯш дода, хулосаи даркорӣ мебароранд.
Аз редаксия: Хонандаи гиромӣ! 32 сол пеш чунин ваколатро ба бархе аз муллоҳо дода буданд ва пасон ин чӣ пайомад овард, мо шоҳидем. Монед, бигзор мулло муллогӣ кунаду раис раисӣ!