МУРДАҲОРО ХОР НАКУНЕМ, ТО МУРДААМОНРО ТАҲҚИР НАКУНАНД…

РЕДАКСИЯИ АЗИЗ!

Ман ҳама шумораҳои ҳафтаномаи СССР-ро аз рӯзи аз чоп баромаданаш то имрӯз мехонам. Шумораи СССР №26 (42) аз 25-уми июни соли 2009-ро низ гирифта, аз аввал то ба охир хондам. Дар охири он мақолаи Толиби Луқмон бо номи «Лучоб зиёрат ё ишратгоҳ»-ро хонда, нисбат ба ҳамин гуна одамон нафратам омад. Наход манзили чунин шахсони бузург ҷои ишқварзии ҷавонон шуда бошад? Магар онҳо дигар ҷои ишқварзӣ наёфтаанд?

Магар Мирзо Турсунзода шахсест, ки дар сари манзили ӯ ҷавонони имрӯзи ҷои вохӯрӣ гузаронанд ва ё ишқварзӣ кунанд? Ман хуб дар ёд дорам, соли 1977 барандаи телевизор (бахшиш мепурсам кӣ буд, дар ёдам нест), вақте ки дар бораи вафоти шоир хабар медод, гиря карда, сухан гуфта натавонист ва ҳамон рӯз дар тамоми ҷумҳурӣ рӯзи мотам буд.

Акнун имрӯз ба ҷои хотираи онро пос доштан, қабристони вай ҷои ишқварзӣ шудааст. Ба мо маълум аст, ки ҳоло тарбияи ҷавонон паст шудааст, то ҳатто аз насли миёнсол. Чунин одамон, ки дар Лучоб дар қабристони шахсони бузург: М.Турсунзода, Л.Шералӣ, С.Улуғзода, Ф.Муҳаммадиев, Ф.Ниёзӣ, Ҷ.Икромӣ, Қ.Киром… ишқварзӣ мекунанд, аз кӯчаи тарбия нагузаштаанд ва ба тариқи дигар гӯем, онҳо маст шудаанд. Лекин бесабаб нагуфтаанд, ки «ҳар мастӣ охир дорад як пастӣ». Мо ба чунин ишқварзон маслиҳат медиҳем, ки ҷои вохӯрӣ ё ишқварзии худро ёбанд.

Мо аз як чиз ҳайронем, ки дар замони Ҳокимияти Шуравӣ дин озод набуд, вале тарбия хуб буд. Ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ҳурмати калонсолон ва ғайра тарбия меёфтанд. Дар он замон мулло кам буд, ҳоҷӣ қариб набуд, дар кӯча масҷид набуд, салафӣ набуд. Ҳоло шумораи онҳо хело зиёд шудааст, вале чаро одобу рафтори одамон дигар шудааст?!

Акнун дар ин замони демократия, дар давлати соҳибистиқлол, ки ҳама озод аст, пас чаро тарбия, рафтор, ахлоқ аз байн рафт? Куҷо шуд тарбияи мактаб? Ҳол он ки ҳамаи мактабҳо вуҷуд доранд, шумораи мактабҳои олӣ дар ҷумҳурӣ зиёд шуд. Пас чаро сифати маърифатнокии одамон коста шуд? Мо зидди озод будани дин нестем, вале чаро ба воситаи мулло, ҳоҷӣ ва масҷидҳо тарбияи ҷавонон хуб намешавад? Пас онҳо киро тарбия мекунанд?!

Мо ва ҳеҷ кас ба фикри ман муқобили хондани намоз, гирифтани рӯза ва ё будани масҷид нестем. Гап дар бораи он меравад, ки чаро тарбияи ҷавонон дар як рӯҳияи амиқ нест, касе чӣ хоҳад, ҳамонро кардан гирад. Касе ба касе кор надорад. Магар бо чунин муносибат тарбияи насли наврас дар оянда хуб мешавад? Бадии кор дар он аст, ки гуфтори одами ҳозира ба рафтораш ҳеҷ мувофиқат намекунад…

Ман ба як чиз ҳайронам, ки ҳамон шахсони дар мақола навишташуда, ки дар қабристон ё мазор ишқварзӣ мекунанд, аҷаб нест намозхон ҳам бошанд. Дар охир гуфтанием, ки чунин шахсон рафтори хуб накардаанд ва боварӣ дорам, ки баъди хондани мақолаи ба рӯи чоп баромада, аз ин рафтори худ бармегарданд.

Мо метавонем!

С. АМИНОВ,

сокини ноҳияи Фархор

№12 (174)  Панҷшанбе  4 январи  соли  2012  СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube