ДЕҲМОЙ – КОНИБОДОМ: РОҲ ТАЪМИР МЕГАРДАД

Роҳи автомобилгарди Деҳмой – Конибодом, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад, мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ таъмир мегардад. Ин роҳ, ки 51 км-ро дар бар мегирад, бо паҳноии 25 то 45 метр навсозӣ хоҳад шуд.

Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд итиллоъ медиҳад, тибқи ин лоиҳа, ки ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, бунёди 11 пули мошингузар низ ба назар гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ш.Конибодом бо рафти корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом, дар қитъаи Конибодом-Кӯчкак, ки бо ҷалби мутахассисони ватаниву хориҷӣ навсозӣ шуда истодааст, шинос гардида, барои татбиқи босифати лоиҳа ва тозаву озода нигоҳ доштани шафати роҳи мазкур ба масъулин дастури мушаххас дод.

О. Достиева, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube