АЙНӢ: ФИРЕБ ДОДА, ЗАМИНАМРО ГИРИФТАНД…

Салом СССР! Ман мӯсафеди 81 сола буда, дар ҷамоати деҳоти Яғноби н.Айнӣ зиндагӣ мекунам. Соҳиби 3 фарзанд, 16 набера ва 9 абера ҳастам. Фарзандонам муҳоҷир шуда ба н.Зафаробод кӯч бастанду ҳоло онҷо бо аҳли оилаи худ зиндагӣ мекунанд. Ба пириам нигоҳ накарда дар замини наздиҳавлигиам картошка, ҷаву гандум ва ҳар гуна зироат мекорам. Ба ғайр хоҷагии деҳқонӣ доштам ва дар он низ киштукор мекардам.

Соли 2016 дар вақти ҷудо намудани сатҳи замин, замине, ки ман дар он чандин сол кор карда, тамомии харҷашро сари вақт пардохт менамудам, аз ман гирифтанд. Заминро тибқи контури №520 гирифта, ба ҷояш замини контураш №522 – 2 гектарро ба ман ҷудо карданд. Ман маблағҳоро дарҳол пардохт кардам, аммо заминро надидам, раиси вақти кумитаи заминсозӣ ба ман замини нави ҷудошударо нишон надод. Баъдан фаҳмидам, ки дар замине, ки барои ман ҷудо шудааст, кишоварзӣ карда намешавад, аз он моли мардум гузашта, ҳафтаҳо ин қитъаи пригони чӯпонон мегаштааст.

Аз соли 2017 то ин ҷониб барои бозпас гардондани замини худ ва ошкор намудани амалҳои ғайриқонунии мутасаддиён даводав дорам, вале фоидае нест ва аламовар он аст, ки ман танҳо нестам, мисли ман фиребхӯрдагон дар ҷамоати Яғноб хеле зиёданд. Ҳар касе бовар карду фарзандонашро муҳоҷир крда, ба н.Зафаробод фиристоду танҳо монд, мисли ман фиреб хӯрд…

Абдуҷаббор Мулоев,

ҷамоати деҳоти Яғноб,

н. Айнӣ,

Тел: 927327085

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube